Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоҳи Раҳнамо: Марзи оштӣ бо Толибон куҷост?


Абдуллоҳи Раҳнамо
Суқути Кобул ва пирӯзии Толибон дар Афғонистон чашмҳоро сӯйи Тоҷикистон кард, ки ба фарқ аз ҳамсоягонаш дар Осиёи Марказӣ ва шариконаш дар қаламрави пасошӯравӣ ягона кишварест, ки то ҳол бо Толибон гуфтушуниде анҷом надодааст. Он ҳамчунин бобати рӯйдодҳои ахири ҳамсояи худ изҳороте нашр накардааст. Вале дар ҷомеа гуфтугӯ ва нигарониҳо аз дурнамои ин ҳамҷаворӣ бештар мешаванд. Абдуллоҳи Раҳнамо, таҳлилгар ва сардори пешини Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, паём ва дарсҳои ин таҳаввулотро аз зовияи суоле баррасӣ кардааст, ки дар чӣ шароите Душанбе метавонад, ҳукумати Толибонро ба расмият бишиносад.

Абдуллоҳи Раҳнамо

ПАЁМҲО ВА САБАҚҲО АЗ БОЗГАШТИ ТОЛИБОН БАРОИ ТОҶИКОНУ ТОҶИКИСТОН

Вуруд

Ҳафтае пеш аз таслими Кобул маводеро бо номи "Рисолати касбӣ ва рисолати миллии зиёиён дар шароити ҳассоси навин" ба нашр расондам, ки он мавқеъ ва муносибати муаллиф ба ин таҳаввулотро рӯшан баён мекард. Ин бор мехостам чанд нуктаро дар бораи моҳияти ҳодисаҳои ахир, сабақҳои мушаххаси он барои тоҷикону Тоҷикистон, паёми он ба мувофиқину мухолифини сиёсӣ ва чигунагии мавқеи боядии давлати мо нисбат ба толибон ба таври мухтасар дар миён гузорам.

Гарчӣ китоби "Афғонистон ва Осиёи Марказӣ"-ро бо ин ҷумла оғоз карда будам, ки ҳар касе дар бораи буҳрони Афғонистон доварӣ ва пешгӯӣ кунад, ҳайсияти илмии худро зери хатар мегузорад, зеро печидагии ин гиреҳ фаротар аз тасаввурҳост, аммо бино бар рисолату зарурат ин ёддоштро ҳамчун назари як муаллиф пешкаш менамоям. Бо камоли эҳтиром ба назари дӯстони дигар.

1. ПИРӮЗИИ ТОЛИБОН МУТЛАҚ НЕСТ: АРЗЁБИИ ВАЗЪИЯТ

Вуруди толибон ҳатто ба Кобул ҳанӯз ба маънои пирӯзии комили онҳо нест. Ба ибораи дигар, "идораи Кобул" шикастаст, аммо толибон ҳанӯз ҳамаи нерӯҳо ва иродаҳои сиёсиро тебеи худ накардаанд ва ҳукумати расмӣ ва воқеӣ нашудаанд. Худи худдории онҳо аз эълони ҳукумат ва идомаи музокироти бисёр ҷиддии роҳбаронашон бо доираҳои сиёсию қавмии Афғонистон ва "ҷомеаи ҷаҳонӣ" нишонгари он аст, ки эълони барқосои аморати толибонӣ номумкин гаштааст. Зеро дар сурати ғасби мутлақи қудрат буҳрони машруият монеи ҳама гуна комёбиҳои дохилию хориҷии онҳо хоҳад буд.

Ман ҳамчун зиёӣ ҳаргиз андешаи толибонӣ дар масъалаҳои қавмию идеологиро эътироф карда наметавонам, аммо Тоҷикистон ҳамчун давлат метавонад ҳукумати Афғонистонро, ки бо иштироки толибон ташкил шавад, бо шартҳои мушаххас эътироф намояд.

Аз ин рӯ, ҳоло толибон бар сари дуроҳӣ қарор доранд: ё бо эълони аморати инҳисории худ марҳилаи нави ҷанги шаҳрвандӣ ва муқовимати ҷиддиро оғоз мегузоранд ва ё бо ташкили ҳукумати мушорикатӣ ва ҷалби иштироки аксар нерӯҳои сиёсию қавмӣ, хусусан тоҷикон, марҳилаи аввали ҳукуматдории худро ба шакли эътилофӣ оғоз мекунанд. Яъне, ё ҳукумати муштарак мешавад ва ё ҷойҳо дар ҷабҳаҳои ҷанг иваз мешаванд.

Ҳамин тавр, эҳтимоли барқарории фаврии ҳукумати инҳисории толибон ва ба ин восита поён ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ ва эълони хатми буҳрони Афғонистон як тасаввури ғайривоқеист. Ҳоло ҳатто худи толибони «ғолиб» низ дигар чунин тасаввур надоранд. Аз ин рӯ, ҳамчун шикасту ҳазфи ниҳоии тоҷикон дар Афғонистон ё поёни буҳрон арзёбӣ намудани вазъияти пешомада дуруст намебуд. Зеро дар сиёсат раванд муҳимтар аз ҳодиса аст ва бояд бар моҳияти раванд андешид.

2. АГАР ҚУДРАТҲО БА ТАВОФУҚ РАСАНД

Буҳрони Афғонистон дар канори омилҳои амиқи дохилӣ омилҳои ҷиддии берунии минтақаӣ ва байналмилалӣ дорад. Аз ин рӯ, танзими он низ ба тавофуқи минтақаӣ ва байналмилалӣ бисёр вобаста аст. Худи таҳаввули охир низ натиҷаи як мувофиқаи калони минтақаӣ ва байналмилалист, ки дар пайи ройзаниҳои чандмоҳаи қудратҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ҳосил шудааст. Шояд охири нақша андаке бо шитоб анҷом шуд, аммо мувофиқаи усулӣ ҳамин буд ва ин сукуту ройзаниҳои чандрӯзаи охир низ ба хотири то охир амалӣ шудани он тарҳ аст.

Нирӯҳои "Толибон" дар берун аз бинои Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, Кобул, 17-уми августи 2021
Нирӯҳои "Толибон" дар берун аз бинои Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, Кобул, 17-уми августи 2021

Зарофати ин ҳолат дар он аст, ки агар дар тавофуқи усулии бозигарони таъсиргузори берунӣ манфиати яке аз онҳо таъмин нашавад, он метавонад ин ё он нерӯи дохилиро ба осонӣ ба "муқовимат" бархезонад. Ин ҳолат барои толибон ва ҳомиёни онҳо таҳдиде азим хоҳад буд. Бинобар ин талоши расидан ба ҳолати "ҳамашумулӣ" идома дорад ва танҳо дар ин сурат заминаи воқеии ҳалли низоъ фароҳам меояд. Агар мувофиқаи берунӣ ба даст наояд, ҳалли низоъ низ таъмин намешавад.

3. ДУРНАМОИ МУҚОВИМАТ ВА МУШОРИКАТ

Дар вазъияте, ки толибон бо ҳамоҳангии васеи «ҷомеаи ҷаҳонӣ» ба ин ҷойгоҳ расидаанд, ояндаи муқовимати низомӣ рӯшан нест. Албатта, истодагарӣ дар баробари таҳдидҳо арзиши баланди номусӣ ва қаҳрамонист, аммо ҳоло вазъи дохилию хориҷӣ дигар аст ва бо шиору эҳсосот қурбонӣ кардани амири ҷавон ва ба куштан додани мардумон низ дареғ мебуд.

Хоса бо назардошти ин, ки шикасти ин муқовимат метавонад дарҳои мушорикатро баста, ситами қавмиро машруияти тоза дода, дурнамои ҳамзистиро бисёр тиратар созад. Ташкили муқовимат дар атрофии муовинони Ғанӣ низ замина ва дурнамои ҷиддӣ надорад.

Аз ин рӯ, ҳоло дар канори муқовимат ҷиддӣ гирифтани ҳалли сиёсӣ бо формулаи «мубодилаи машруият бо мушорикат» хеле муҳим аст. Дар ин раванд нақши шахсияте чун Абдулло Абдулло метавонад барои тоҷикони Афғонистон муҳим бошад, зеро ӯ бо мондан дар Кобул ва идомаи тамосу музокирот бо роҳбарони толибон ва намояндагони «ҷомеаи ҷаҳонӣ» боис ба пешгирии бисёре аз ҳаводиси фоҷеавӣ гашт. То ҷое, ки ҳатто як силсила шахсиятҳои сиёсию низомии Афғонистон чун президенти собиқ Ҳомид Карзай, раиси маҷлиси болои Муслимёр ва ғайра дар ин рӯзҳо маҳз дар хонаи Абдулло Абдулло ҳамчун «макони амн» ба сар мебаранд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳангоми суҳбат бо Анас Ҳаққонӣ, раҳбари гурӯҳи "Ҳаққонӣ", Кобул, 18-уми августи 2021
Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳангоми суҳбат бо Анас Ҳаққонӣ, раҳбари гурӯҳи "Ҳаққонӣ", Кобул, 18-уми августи 2021

Хоса масъалаҳои афви умуми кормандони давлатӣ ва низомӣ, боз мондани расонаҳо, таъмини иштироки нерӯҳои миллӣ ва сиёсӣ дар қудрати оянда, худдорӣ аз ҳуҷум ба Панҷшер, таъмини амнияти моливу ҷонии сокинони Кобул ва ғ. аз шартҳои асосии тими ӯ дар назди толибон аст, ки барои танзими вазъият аҳаммияти ҳаётӣ доранд. Ҳоло муҳим нест, ки хабарнигоре ё ранҷидае ӯро хоин ё муомилагар номад, балки муҳим ин аст, ки ӯ бо коргирӣ аз прагматизми том битавонад хатари бузургро аз болои қавму мардумаш баргардонад.

Бинобар ин, дар канори варианти муқовимат бо меҳварияти Аҳмад Масъуд, ки бисёр муҳим аст, варианти мушорикат бо меҳварияти Абдулло Абдулло низ аҳаммияти ҳаётӣ мегирад, ки ҳадафу натиҷаи ҳар ду як аст.

4 .САБАҚЕ БАРОИ ТОҶИКОНИ АФҒОНИСТОН

Муҳимтарин сабақи таҳаввулоти нав барои тоҷикони Афғонистон ин аст, ки онҳо бояд дар ниҳоят ба сатҳи иттиҳоди миллӣ ва андешаи давлатдорӣ бирасанд. Зеро дар даҳсолаҳои охир нерӯи асосии роҳбарони тоҷикони Афғонистон сарфи ихтилоф ва мубориза бо ҳамдигар шуда, дар натиҷа ба як иттиҳоди фарогири миллӣ даст наёфтанд. Мутаассифона, онҳо пас аз фоҷеаи Масъуду Раббониву Фаҳим низ сабақи иттиҳод наомӯхтанд ва дар интихоботу таҳаввулоти солҳои охир низ бар парокандагии худ пирӯз нашуданд. То ҷое, ки ихтилофандозӣ миёни лидерони тоҷикон ҳамчун бузургтарин бозию бурди интихоботҳои ин кшвар истифода мешуд.

Аксари роҳбарон тоҷикон қавмиятро ҳамчун корти муборизаҳои сиёсии худ истифода намуда, дар амал барои иттиҳоду пирӯзӣ ва рушду рӯшании қавмашон хидматҳои шоёне анҷом надоданд. Худ дар дохилу хориҷ соҳиби сарвату дороиҳои бузург гашта, дар ниҳоят мардумро дар гирдоби фоҷеа раҳо карданд. Фазои маҷозӣ гувоҳ аст, ки дар Тоҷикистон низ ҳаводорони роҳбарони мағруру эҳсосии тоҷикони Афғонистон нисбат ба ҳаводорони намонядагони мантиқиву воқеъбини онҳо хеле бештаранд.

5. УҲДАДОРИИ МАЪНАВИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

Дар вазъияти пешомада, ки дурнамои иштироки таъйинкунандаи тоҷикон дар қудрати сиёсии Афғонистон хеле коҳиш ёфта, ҷойгоҳи забону фарҳангу арзишҳои тоҷикӣ танг мегардад, мафҳумҳои фарҳангию ормоние чун «Хуросони Бузург», «кишвари ҳамзабон», «иттиҳоди кишварҳои ҳамзабон» ва ғайра низ муддате ба ҳошия мераванд.

Дар фазои иттилоотии ин кишвар якбора ба ҳошияи борик рафтани забони дариро дар ҳамин се рӯзи аввали тағйирот низ пурра эҳсос кардан мумкин аст. Дар идома, арзишҳои сиёсию идеологию мазҳабии ду ҳамсоя низ тафовути амиқ пайдо карда, ҳатто дар сурати идомаи ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ, фазои умумиятҳои арзишӣ камрангтар мешавад.

Дар чунин ҳолат, аҳаммияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллии тоҷикон ва ҳамчун умеди ягона ва охирини тоҷикони ҷаҳон боз ҳам ҷиддитар мегардад. Зеро дар сарзаминҳои дигари сукунати тоҷикон шонсҳои иштироки сиёсӣ ва ҳифзу рушди миллии онҳо боз ҳам ночизтар мебошад.

Душанбе
Душанбе

Ин аст, ки ҳифзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва воҳиди сиёсии ифодакунандаи расмии арзишҳо ва ормонҳои тоҷикони ҷаҳон барои тамоми тоҷикон аҳаммияти ҳаётӣ пайдо мекунад. Дар айни замон, ин вазъият ва ҷойгоҳ ба дӯши Тоҷикистон, ҳамчун танҳо давлати миллии тоҷикон уҳдадориҳои муайяни сиёсӣ ва арзишиеро низ мегузорад.

Бо сипарӣ шудани марҳилаи барқарории давлатдорӣ, дар марҳилаи навин дарку татбиқи хирадмандонаи ин уҳдадориҳо ва аз мафҳумҳои маънавӣ ба меъёрҳои ҳуқуқӣ ва иқдомҳои сиёсӣ табдил шудани онҳо бояд яке аз вазифаҳои асосии давлатдории миллии мо бошад.

6. САБАҚҲОЕ БАРОИ ТОҶИКИСТОН

Таҳаввулоти охири Афғонистон барои давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон низ сабақу паёмҳои муҳимме дорад, ки мухтасари онон чунин аст:

6.1. Барои дастгоҳи сиёсатгузории хориҷӣ: Дар ин самт сабақу паёми асосӣ ин аст, ки сиёсати давлатии мо дар самти Афғонистон бояд ба сатҳи нави сифатӣ ва моҳиятӣ бароварда шавад. Зеро бо вуҷуди тӯлонитарин сарҳаду бештарин умумияту манфиатҳо, кишвари мо дар муқоиса бо ҳамсояҳои минтақавӣ дар ин самт амалу сиёсати посухгӯи вазъият нишон надодааст. Гарчи дар риояти ҳусни ҳамҷаворӣ ва асли некуҳамсоягӣ Тоҷикистон аз беҳтарин ҳамсояҳои Афғонистон аст, аммо бояд дар ин самт баъзе қадамҳое гузошта шаванд, ки нақши моро дар ин раванд фаъолтар гардонанд ва манфиатҳои моро беҳтар таҷассум намоянд. Аз ҷумла:

  • ташаккул ва таҳияи шакли консептуалии сиёсати ягонаи давлатӣ дар ин самт (шомили бахшҳои пӯшида ва бахшҳои дастрас) барои истифодаи хидматӣ, сиёсӣ ва таблиғотӣ дар раванди татбиқ;
  • ҳамчун аксари кишварҳои минтақа, фаъол намудани ниҳоди (вазифаи) намояндаи махсуси Тоҷикистон дар умури Афғонистон, ки дорои салоҳиятҳои махсуси касбӣ ва иҷроӣ дар ҳамоҳангсозӣ, иштирок дар чорабинию музокироти ин самт, шарҳу ҳимояи мавқеъ ва манфиатҳои кишвар дар ин раванд бошад (Гарчӣ ин вазифа расман муайян гашта буд, аммо он дар раванди минтақавӣ амалан мушоҳида нашуд);
  • коркард ва муайян кардани дидгоҳи консептуалии мо дар масъалаи тоҷикони Афғонистон, ки он маҷмӯаи бинишу барномаҳои сиёсӣ, дипломатӣ, фарҳангӣ, арзишӣ, идеологӣ, иқтисодӣ, таблиғотӣ ва ғайраро дар бар гирифта, тибқи хираду зарурати сиёсӣ метавонад ба таври пӯшида ё боз амалӣ гардад;
  • ташкили марказҳои ҷудогона ва ё ҳамоҳангсозии фаъолияти марказу коршиносони мавҷуда дар самти афғонистоншиносӣ бо мақсади ба даст овардани таҳлили худӣ ва истиқлоли таҳлилӣ дар ин самт, то манбаи огоҳии коршиноси ватании мо интернету расона набошад.

Албатта, масъалаи такмили сиёсат дар ин самт мавзӯи тахассусиест, ки ҷойи дигар ба таври муфассал баррасӣ мегардад.

6.2. Барои бахши сиёсӣ-идеологӣ: Паёми ин ҳодисаҳо ба бахши сиёсию идеологии низоми мо зарурати афзудани таваҷҷуҳ ба масъалаи таҳкими пайванди низоми сиёсӣ бо оммаи мардум мебошад, ки он аз тариқи татбиқи дурусту шаффофи сиёсати давлатӣ дар тамоми бахшҳои ҷомеа ва кишвар таъмин мегардад. Зеро ҳодисаҳои Афғонистон нишон доданд, ки маҳз бегонашавии аҳолӣ аз низоми сиёсӣ метавонад заминаи бетафовутии мардум ба сиёсат, роҳбарият, ҳукумат ва давлатро ба миён орад. Истиқболи мардуми баъзе минтақаҳои ин кишвар аз толибон на танҳо тарсу ночории онон, балки авҷи хастагии онон аз фасоду бесалоҳиятиро низ нишон дод.

6.3. Барои бахши сиёсӣ-қудратӣ паёми ин вазъияти Афғонистон чунин буд, ки бояд ҳам сохтор, ҳам таҷҳизот ва ҳам рӯҳияи ниҳодҳои қудратӣ ва нерӯҳои низомӣ дар сатҳи баланд бошанд. Ин ҳодисаҳо нишон доданд, ки дар баробари таҷҳиз шудан, вазъияти рӯҳию идеологии ниҳодҳои қудратӣ ва боварии онҳо ба ҳадафи олӣ ва арзиши рисолати худ низ нақши ҳалкунанда дорад.

6.4. Барои ҳамаи мо: Паёми ин гардишу ҳаводис барои ҳамаи мо ин аст, ки дар ин гирдобҳои сиёсию геополитикӣ эътимоду боварӣ ба ҳеч шарики минтақавию байналмилалӣ кафолати мутлақи манфиату амнияти мо буда наметавонад. То ҷое, ки кишварҳое, ки моро аз толиб метарсонданд, дар кӯтоҳтарин муддат худ дӯсту шарику ҳомии толиб шуданд… Бинобар ин, дар айни идомаи ҳамкориҳо бо ҳамаи шарикони минтақавию байналмилалӣ, бояд барои ҳамеша дар ёд гирем, ки такягоҳи асосии мо фақат худи мо, паноҳгоҳи амни мо фақат ватани мо, нерӯи ҳимоятгари манфиатҳои мо танҳо давлати мо ва шарики стратегии воқеии мо маҳз ҳамин халқи мост. Бақия асосан сиёсату дипломатия аст, ки ба вазъияту манфиати он шарикони сиёсӣ бисёр вобастагӣ дорад.

7. ПАЁМ БАРОИ ҶОМЕАИ ДОХИЛӢ ВА АҲЛИ ЗИЁ

Паёми ин ҳодисаҳо ба мардум ва аҳли илму фарҳангу зиёи моро ахиран дар маводе ҷудогона шарҳ намуда будам. Хулосаи он чунин буд, ки агар ин ғафлату бетафовутии аҳли зиёи тоҷик нисбат ба таҳдиди андеша ва гурӯҳҳои ифротгароӣ барои ҷомеа идома ёбад ва агар ин қишри масъул ба муборизаи яктан бар зидди ин таҳдидҳо барнахезад, фардо бо таҳдиди воқеии чунин нерӯҳо рӯбарӯ хоҳад буд. Имрӯз дар расона ва фардо дар хиёбон. Зеро толибони тоҷик, ки ҳоло бахше аз он сӯи марзу бахше аз даричаи шабакаҳои иҷтимоӣ паёми таҳдид медиҳанд, аз толибони ҳамсоя камтар нестанд. Ин падида, ки моҳияти аслии он ҷаҳлу хурофот аст, новобаста аз номаш дар ҳама ҷо моҳияти яксон дорад.

Пас, ҳар як зиёии тоҷик бояд имрӯз саҳнаи фарори ҷамъии фаъолони ҷамъиятӣ ва аҳли зиёи Афғонистон дар фурудгоҳи Кобулро, ки ҷаҳонро ба даҳшат овард, пеши рӯй овараду бори дигар дар бораи рисолати миллӣ, арзишҳо ва дурнамои худ бияндешад. Зеро агар тафаккури ифротӣ ғолиб ояду суботу амният, давлати миллӣ ва низоми дунявии кишвар осеб бинад, саҳнае чун фурудгоҳи Кобул занону фаъолону зиёиёни тоҷикро низ интизор хоҳад буд. Ин бахши паёми ҳаводиси Афғонистон бисёр рӯшану қатъист.

8. ПАЁМ БАРОИ МУХОЛИФИНИ СИЁСӢ

Паёми дигари вазъияти нави Афғонистон ин аст, ки ҳар нерӯи сиёсие, ки мехоҳад вориди муборизаи сиёсӣ шавад ва вазъро ислоҳ кунад, бояд, пеш аз ҳама худро аз ду чиз дур дорад: вобастагии хориҷӣ ва истифодаи зӯроварӣ.

Зеро пирӯзии нерӯе, ки ҳамчун даст ва абзори кишвари дигар ба қудрат мерасад, дар асл на пирӯзии як нерӯи сиёсии миллӣ, балки пирӯзии манфиатҳои ҳамон давлати пуштибону дахолатгар аз болои манфиатҳои миллии давлати худист. Он на фатҳ асту на инқилоб, балки шаклест аз дахолату таҷовуз.

Ва низ нерӯе, ки дар муборизаи сиёсӣ аз хушунату зӯроварӣ кор мегирад, он барои мардуми худ даҳшатест, ки агар пирӯз ҳам гардад, пирӯзии он пирӯзии ҷаҳлу даҳшат аст. Зеро оппозитсияи сиёсӣ набояд барои ҷомеаи худ аз шабакаву расона ҳамвора паёми ғазабу таҳдиду таҳқир ва қасосу дору дурра фиристад, балки он бояд ба мардуми худ навиди ислоҳу ободиву рӯзи беҳтар бирасонад. Хиҷолат аст, ки агар бо омадани нерӯи сиёсие мардум чун аз балову вабо гурезанд ва ҳатто омода бошад, ки худро ба чархи ҳавопаймо биовезаду бимирад, то бо онҳо рӯбарӯ нашавад.

Дар умум, ислоҳталабу мухолифи сиёсӣ будан моҳиятан маҳкум нест, аммо нерӯе, ки ин ҳаворо дар сар дорад, бояд ҳатман вобастагии хориҷию коргирии хушунатро инкор кунад, то нерӯи худии ватанӣ ва оппозитсияи солими сиёсӣ бошад. Агар як нерӯи мухолиф ин ду шартро ба ҷой наорад, он на оппозитсия сиёсӣ, балки таҳдиди миллӣ ва даҳшати сиёсӣ мешавад. Он толибони тоҷикӣ мешавад.

9. МАВҚЕИ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН ЧИ БОШАД?

Албатта, давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун масъули бевоситаи сиёсӣ ва иҷроии ҳимоя ва татбиқи манфиатҳои миллию давлатӣ дар муносибат бо ин вазъият ва ҳукумати баромада аз он аз эҳтиёт ва воқеъбинии том кор мегирад. Ройзаниҳо бо шарикони байналмилалӣ дар ин маврид дар сатҳи олӣ идома доранд. Барои ташаккули мавқеи Тоҷикистон дар муносибат бо ҳукумати эҳтимолии толибон, таваҷҷуҳ ба ин ду омил муҳим аст:

Аввалан, Консепсия сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии моро «бар асоси манфиатҳои миллӣ» ва «орӣ аз идеология» муайян намудааст. Аз ин рӯ, агар дар ин 20 сол равиши фаъолияти толибон тағйир ёфта, асли некӯҳамсоягиро амалан эътироф ва риоят намояд ва ҳукумати онҳо аз сӯи худ амният ва дахлнопазирии марзҳои моро кафолат диҳад, давлати Тоҷикистон (ҳамчун давлат) метавонад онҳоро на ҳамчун падидаи сирфан идеологӣ, балки ҳамчун як воқеияти сиёсӣ ва физикии кишвари ҳамсоя арзёбӣ намояд. Дар ин сурат, агар музокироту раванди ҷории сиёсии Афғонистон расман бо ҳукуматёбӣ ва ё мушорикати сиёсии толибон дар ҳукумати Афғонистон анҷом ёбад, барои давлати мо ҳукумати Афғонистон ҳамон хоҳад буд. Зеро чигунагии ташаккулу таркиби он ҳукумат кори дохилии худи он кишвар аст.

Сониян, агар кишварҳои таъсиргузори ин раванд, хусусан шарикони минтақавию стратегии Тоҷикистон ба мисли кишварҳои меҳварии узви ИДМ, СПАД ва СҲШ ҳукумат бо иштироки толибонро расман эътироф намоянд ва бо он ҳамкорӣ кунанд, Тоҷикистон низ метавонад дар ҳамоҳангӣ бо шарикони худ чунин мавқеъ бигирад. Зеро қудрату зарфияти феълии мо барои яккатозӣ дар ин масъалаи ҳассос, ки моҳияти калони геополитикию амниятии минтақавӣ ва байналмилаӣ низ дорад, ҳанӯз кифоят намекунад.

Дар масъалаи барқарории робита бо ҳукумати навин тасмимгирӣ бо назардошти ин ду ҷанба ҳамон тасмим дар пояи манфиатҳои миллии Тоҷикистон хоҳад буд. Манфиатҳои дигари миллии худро танҳо дар раванди муошират ва ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба ҳимоя ва табиқ кардан мумкин аст.

Албатта, чун шарти сеюм метавон гуфт, ки раванди робитаву ҳамкории амалии давлатҳо бо ҳукумати толибон ё толибоншумул мантиқану қонунан бояд механизми дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва СММ аз рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ баровардани онҳоро дар бар гирад. Аммо аз назари воқеъбинӣ, дар сурати мувофиқаи сиёсии байналмилалӣ шояд ин муқаррароти ҳуқуқӣ дар муддати кӯтоҳ анҷом шавад.

10. ХУЛОСАИ МУҲИМ Ё МАРЗИ ОШТӢ БО ТОЛИБОН КУҶОСТ?

Ҳамон гуна, ки дар гузаштаи тира ва таассуби фикрии толибон шубҳае нест, дар воқеияти онҳо низ шакке намондааст. Дигар ин гурӯҳ бо он низоми минтақавию байналмилалие, ки пушти он истодааст, "тӯдаи пойлучҳои слансипӯши мототсиклсавор" нест, балки бахши муҳимтарини қудрати сиёсии ҳоким бар Афғонистони имрӯз аст. Яъне, акнун толибон як воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва идеологии тамоми минтақаи мост.

Бо назардошти ин воқеияти инкорнопазир, мавқеи арзишӣ ва касбии банда дар ин маврид чунин аст: Ман ҳамчун як тоҷик ва зиёӣ ҳаргиз андешаи толибониро дар масъалаҳои қавмӣ ва идеологӣ эътироф карда наметавонам, зеро эътирофи як тафаккури иртиҷоӣ ва хушунати ошкор ба маънои инкори тамоми арзишҳо ва марги маънавии як зиёӣ хоҳад буд…

Аммо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлат метавонад бо ҳукумати нави Афғонистон бо ҳузури муайянкунандаи толибон (бо шартҳои зикршуда) робита барқарор намояд, зеро нодида гирифтани як воқеияти сатҳи минтақавию байналмилалӣ барои ҳастии давлатии мо таҳдидҳои бузург хоҳад дошт. Табиист, ки бо тафовут аз зиёиву эҷодкор, ки бештар диди эҳсосию арзишмеҳвар дорад, давлат маҳз ҳамчун давлат амал хоҳад кард: бар асли амалгароӣ ва бар меҳвари манфиатҳои миллӣ.

Аз Идора: Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (38)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG