Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз барномаҳои тафреҳӣ розӣ нестанд". Толибон бо хабарнигорон чӣ хоҳанд кард?


Намояндагони гурӯҳи "Толибон" рӯзи 16-уми август ба идораи телевизиони "Тулуъ" рафтаанд

Пас аз он ки гурӯҳи "Толибон" бори дувум бар Афғонистон ҳоким шуд, бисёриҳо аз бархӯрди онҳо бо расонаҳо ва хабарнигорон нигаронанд. Зиёдтар аз ҳама нисбати расонаҳое нигаронӣ мешавад, ки баҳсҳои тунду сиёсии онҳо баъзан дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ҳамчун намунаи хуби озодии баён сутуда мешуданд.

"Толибон" ба таври шифоҳӣ ва хаттӣ қавл додаанд, ки амнияту озодиҳоро таъмин мекунанд, аммо баъзе аз хабарнигорони афғонистонӣ мегӯянд, бовар надоранд.

"Ба хонаи чанд хабарнигор рафтаанд"

Мӯҷиб Хилватгар, раиси Созмони дифоъ аз хабарнигорони Афғонистон ("Най"), бо чанде аз сухангӯҳои "Толибон" суҳбат дошт ва онҳо гуфтаанд, ба рӯзноманигорон кордор нахоҳанд шуд. "Аммо дертар огоҳ шудем, ки ба манзили чанд хабарнигор рафта, мавриди пурсиш қарор додаанд ва таҳдид кардаанд", -- гуфт Хилватгар рӯзи 16-уми август ба Радиои Озодӣ.

Дар ҳоли ҳозир шуморе аз хабарнигорон ва шабакаҳои телевизионии Афғонистон аз бими "Толибон" ба Тоҷикистону Узбекистон ва кишварҳои дигар паноҳ бурдаанд.

Пидром Қозизода, хабарнигори шинохтаи телевизони мустақили "Орзу", 16-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо нигаронӣ аз таҳдидҳои пайдарпай ҳамроҳи хонаводааш ба Тоҷикистон омад.

Қозизода: Аз барномаҳо норозӣ буданд

Ӯ мегӯяд, "намояндаи "Толибон" пинҳон намедошт ва рӯирост аз барномаҳои телевизион ва хусусан барномаҳои тафреҳӣ изҳори норозигӣ мекард. Саранҷом бо кумаки Созмони мудофеи ҳуқуқи башар дар Афғонистон ва "Кумитаи масунияти хабарнигорон" ба Тоҷикистон омадам. Теъдоде аз ҳамкоронам ба Узбекистон фиристода шуданд."

Мусоҳиби мо гуфт, ки натанҳо вазъи хабарнигорони "Орзу", балки ҳоли кормандони телевизонҳои дигари хусусӣ ҳам "бадтар шудааст".

Телевизиони "Тулуъ", аз шабакаҳои шинохта дар Афғонистон, дар Тоҷикистон низ бинанда дорад. Яке аз бинандаҳояш дар Душанбе мегӯяд, бо ворид шудани "Толибон" ба Кобул дар ин шабака танҳо филмҳои туркӣ чарх мезананд.

"Таъсири тарс буд, вале чандон бузург не"

Фарид Аҳмад, намояндаи барномаҳои сиёсии шабакаи "Тулуъ", тасдиқ мекунад, ки то ворид шудани "Толибон" ба Кобул тарсу бим дар ҷомеаи хабарнигорӣ ҷой дошт ва таъсираш ба барномаҳо низ расида буд, "вале чандон бузург не". Вай афзуд, аз дафтари матбуоти "Толибон" нома гирифтаанд, ки ба барномаҳои шабака мудохила нахоҳанд кард.

Парчами Афғонистон дар қасри раёсати ҷумҳурӣ дар Кобул мондааст. 17-уми августи 2021
Парчами Афғонистон дар қасри раёсати ҷумҳурӣ дар Кобул мондааст. 17-уми августи 2021

"Рӯзи 16-уми август намояндагони "Толибон" ба идораи "Тулуъ" омада, хостанд, ки агар ҷангафзоре ҳаст, баргардонанд. Бидуни ҳеч таҳдид рафтанд", -- мегӯяд Фарид Аҳмад.

Дар ин миён гуфта мешавад, вазъи хабарнигороне, ки бо расонаҳо ё бо созмонҳои амрикоӣ кор кардаанд, ташвишовар аст. Ин нуктаро Саидулло Тавҳидӣ, раиси "Кумитаи масунияти хабарнигорон" дар Кобул, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард.

Ӯ ҳамчунин гуфт, "беш аз дусад хабарнигор аз Бадахшону Тахор, Кундуз, Бағлон, Мазори Шариф, Шибирғон, Ҳирот, Бодғис ва Қандаҳору вулусволиҳои дигар ба Кобул омаданд. То ҳол баъзе аз онҳоро, ки таҳти фишори равонӣ буданд, дар ҷойҳои амн нигоҳ доштаем. Бо пеш омадани имкон шароити хуруҷашонро фароҳем меорем."

"Садои тир баланд шуд, ба таҳхона мефароянд"

Дар ҳамин ҳол баъзе аз намояндагони созмонҳои журналистии Афғонистон гуфтаанд, ки сафорати Тоҷикистон дар чунин вазъ ба хотири коронавирус гуё додани визаро қатъ кардааст. Мақомот ҳанӯз ба ин иддао посух надоданд, ҳарчанд ба расонаҳо гуфтаанд, сафорат ба кораш идома медиҳад.

Пидром Қозизода, хабарнигори шинохтаи телевизони мустақили "Орзу", мегӯяд, даҳҳо хабарнигор барои дарёфти визаи Тоҷикистон мунтазир нишастаанд.

Як хабарнигори Радиои Озодӣ дар Афғонистон бе зикри ном гуфт, пас аз ғасби Кобул аз тарафи "Толибон" баъзе аз журналистҳо ва фаъолони ҷомеаи маданӣ дар таҳхонаҳо пинҳон шудаанд.

"Вақте садои тир баланд мешавад, ба таҳхона мефароянд ва бо ором шудани вазъ ба ошёнаи дувум мебароянд", -- нақл кард ӯ.

"Ҳамкорони ман аз нигоҳи равонӣ афсурда ҳастанд. Мо аз ҳуқуқи занону кӯдакон ва озодии сухан ҳимоят кардаем. Аслан онҳое ба кӯча мебароянд, ки фурӯшанда ва коргарони бозору дӯконҳо ҳастанд", -- идома дод ӯ.

Дар ҳамин ҳол, "Толибон" талош доранд, ҷомеаи байналмилалиро бовар диҳанд, ки сокинони Афғонистон набояд аз онҳо тарсанд. Дар паёме раҳбари дафтари сиёсии Толибон ба ҷангҷӯён гуфтааст, "ҳоло вақти санҷиш ва исботи он расидааст, бояд нишон диҳем, ба миллати худ хидмат карда метавонем ва амнияту маишати зиндагиро таъмин карда метавонем".

Беэътимодӣ аз куҷо сарчашма мегирад?

Аммо нигарониҳо дар ҷомеаи Афғонистон ва нобоварӣ ба қавлҳои "Толибон" аз он ҷо сарчашма мегирад, ки ҷангҷӯён ҳафтаи гузашта дар Қандаҳор як радиоро ишғол карда, "Садои шариат" ном гузоштанд. Дар наворе, ки паҳн шуд, як шӯришӣ гуфт, хабару таҳлили сиёсӣ ва қироати Қуръонро пахш хоҳанд кард. Чунин ба назар мерасад, ки радио дигар мусиқӣ намемонад.

Давохон Минапол
Давохон Минапол

Ҷангҷӯёни "Толибон" рӯзи 6-уми август Давохон Минапол, раиси Маркази иттилооту расонаҳои Афғонистонро дар Кобул ва ду рӯз пеш аз он Абдуллоҳ Отифӣ, шоиру муаррихи Афғонистонро дар вилояти Урузгон куштанд.

Афғонистон яке хатарноктарин кишварҳои ҷаҳон барои журналистон ба ҳисоб меравад. Соли гузашта 20 хабарнигор, аз ҷумла Ямо Сиёвуш – хабарнигори телевизиони "Тулуъ" ва Илёс Дойӣ – хабарнигори Радиои Озодӣ кушта шуданд. Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, қаблан "Толибон" аз Дойӣ хоста будаанд, ки бояд дар бораи ҳамлаҳо ва амалиёти ин гуруҳ дар Ҳилманд гузориш таҳия накунад.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG