Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Толибон" дар кохи президенти Афғонистон. Сарнавишти "толибони тоҷик" чӣ мешавад?


Иддао мешавад, ки инҳо "Толибони тоҷикистонӣ" ҳастанд
Иддао мешавад, ки инҳо "Толибони тоҷикистонӣ" ҳастанд
Бо ишғол шудани Кобул аз тарафи "Толибон" , барои Тоҷикистон ва кишварҳои дигар тақдири он шаҳрвандонашон, ки дар канори ин гурӯҳ ва созмонҳои дигари террористӣ меҷанганд, хеле муҳим мегардад. Мақом ва нуфузи минбаъдаи онҳо чӣ гуна хоҳад буд? Чӣ чизеро аз ин гурӯҳҳо мунтазир шудан мумкин аст?

Дар пасманзари даргириҳои байнулафғонӣ, рӯзи 10-уми август дар Тоҷикистон, дар 20-километрии марз бо Афғонистон, тамринҳои зиддитеррористӣ бо иштироки нерӯҳои Тоҷикистон ва Русияву Узбекистон ба охир расид. Дар он на “Толибон”, балки гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ҳамчун рақиби шартӣ ном бурда шуд.

Равшан аст, ки Русия ва кишварҳои минтақа бо вуҷуди музокирот бо Толибон, наметавонанд, сатҳи таҳдидҳои гурӯҳҳои террористии хориҷиеро, ки дар Афғонистон ҷойгиранд, коҳиш диҳанд.

Тамрини низомӣ дар размоишгоҳи "Ҳарбмайдон"
Тамрини низомӣ дар размоишгоҳи "Ҳарбмайдон"

Меъёрҳои дугона

Аммо заминаро барои чунин нигаронӣ худи Толибон фароҳам карданд. Аз як сӯ ба давлатҳои ҳамсоя замонати амният, дахолат накардан ба умури дохилӣ ва даст кашидан аз ҳамкорӣ бо созмонҳои террористии хориҷиро ваъда карданд. Аз сӯйи дигар, ҳифзи посгоҳҳои марзии Афғонистонро дар сарҳади Тоҷикистон ба ҷангҷӯёни тоҷики ҷунбиши “Ансоруллоҳ” супурданд. Ин созмон дар Тоҷикистон ҳаракати террористӣ эътироф шудааст.

Ҳарчанд сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ин маълумотро рад мекунад, хадамоти махсуси Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки онҳо аллакай наздик ба 200 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар канори Толибон меҷанганд, шиносоӣ кардаанд.

Иршод Сулаймонӣ
Иршод Сулаймонӣ

Иршод Сулаймонӣ, шореҳи сиёсӣ аз Душанбе мегӯяд, ҷангҷӯёни хориҷие, ки дар канори “Толибон” меҷанганд, баъдтар ҳатман ҳаққи худро талаб мекунанд. Хатари бештарро, ба назари вай, ДОИШ дорад.

“Русия ва Чин нигаронанд, ки пас аз ғасби шимол аз сӯйи Толибон миёни ДОИШ-иҳо ва Толибон ҷудоиву ихтилоф сар мезанад ва ДОИШ ба марзҳои геополитикии ин ду кишвар дар Осиёи Марказӣ интиқол дода мешавад. Фаъол шудани Туркия дар қазияи Афғонистон ба унвони кишваре, ки таҷрибаи кор бо ДОИШ-ро дорад тасодуфӣ нест. Ин ҳама хатарҳои мустақим ба амнияти Тоҷикистонанд”, -- шарҳ дод ӯ.

“Аз ин сӯ ба он сӯ”

Коршиноси рус дар умури минтақа Андрей Казантсев дар як мақолаи худ ба масъалаи “муҳоҷирати террористӣ”-и ҷангҷӯёни минтақа ишора кардааст, ки метавонанд аз Шарқи Наздик ба кишварҳои худ баргарданд ё ба Афғонистони ҳамсоя барои ҷанг бираванд.

Андрей Казантсев
Андрей Казантсев

“Ҷангҷӯёни Осиёи Марказӣ на танҳо дар минтақа, балки дар миқёси ҷаҳон низ хатари содир кардани ҳамлаҳои террористиро доранд. Танҳо дар соли 2017 онҳо дар Амрико, Туркия, Шветсия ва Русия чаҳор ҳамлаи бузурги террористӣ анҷом доданд. Аз ин рӯ, кишвари мо мисли тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ манфиатдор аст, ки нагузорад ин гурӯҳҳои террористӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон реша бидавонанд”, - менависад муҳаққиқ.

Теъдоди дақиқи муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ, ки дар амалиёти ҷангии Афғонистон ҳузур доранд, маълум нест. Аммо маълумоти гузориши The Soufan Center тамоюл ба муҳоҷирати ҷиҳодиро нишон медиҳад, ки тибқи он шумораи умумии ҷангҷӯёне, ки аз Осиёи Марказӣ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, аз 5 ҳазор нафар зиёд аст.

Дар ин миён,

  • аз Қазоқистон - зиёда аз 500 нафар (11.90%)
  • Қирғизистон - зиёда аз 500 нафар (11.90%)
  • Тоҷикистон - 1300 нафар (30.95%)
  • Туркманистон - зиёда аз 400 нафар (9.52%)
  • Узбекистон - зиёда аз 1500 нафар (35.71%).

Таҳдидҳои пешбурди ҷангҳои таркибӣ

Сиёсатшиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов, тахмин мезанад, ки “муҷоҳидон”-и тоҷикистонӣ ва кишварҳои дигари ИДМ, дар сурати ба қудрат расидани “Толибон” дар саффи онҳо мемонанд, ба онҳо иҷозаи амалиёт дода мешавад, вале ошкоро – на.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

"Дар оғози кор Толибон метарсанд, ки равобиташонро бо кишварҳои ИДМ ва Чин душвор гардонанд, зеро онҳо манфиатҳои иқтисодии худро доранд. Дар баробари ин, онҳоро ҳаргиз несту нобуд намекунанд. Нерӯи онҳо дар ин аст, ки онҳо таблиғ ва ҷанги таркибӣ (гибридӣ) хоҳанд бурд. Ин маҷмӯаи дигари фаъолиятҳост, ки таблиғ, омӯзиш, амалҳои террористӣ, кор барои таҳкими шабакаи пинҳонӣ ва густариши он, шомили он мешаванд”, - шарҳ медиҳад сиёсатшинос.

Дар миёни ҳаракатҳои террористие, ки дар шимоли Афғонистон қарор дорад, ки ошкоро дар бораи ҳадафҳои берун аз марзи худ изҳорот медиҳанд, коршиносон “Давлати исломӣ”, Ҳаракати Исломии Узбакистон ва Ҳаракати Ансоруллоҳро ҷудо мекунанд. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нигарони хатарҳои асосӣ аз ин ҳаракатҳо мебошанд.

Оё таҳдидҳо бузург нишон дода мешаванд?

Ҳамзамон, дар доираҳои коршиносон андешаҳое вуҷуд дорад, ки таҳдидҳо ба он ҳадде бузург нестанд, ки дар расонаҳо тавсиф мешавад.

Наздикии марзи Тоҷикистон ва Афғонистон
Наздикии марзи Тоҷикистон ва Афғонистон

Сиёсатшиносони тоҷик Шералӣ Ризоён ва Маҳмуд Ғиёсов дар як мақолаи таҳлилӣ барои New Geopolitical ба хулосае омадаанд, ки дар ҳоли ҳозир таҳдиди воқеии ҷангҷӯёни Осиёи Марказӣ аз Афғонистон дар баробари кишварҳои минтақа вуҷуд надорад. Муаллифон ин хулосаро бо даҳ нукта асоснок мекунанд. Аз ҷумла:

  • "Машғул будани Толибон дар солҳои наздик бо муқовимати дохилии сиёсӣ ва майли онҳо барои ташаккул додани имиҷи мусбате барои худ;
  • имконоти заифи миқдорӣ ва идеологии онҳо;
  • ҷаҳонбинии маҳдуд ва ғайриҷолиб барои аксари сокинони минтақа;
  • алоқамандии бозигарони ҷаҳониву минтақаӣ ба субот дар Осиёи Марказӣ;
  • тавонмандии ҷангии қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон."

Дар ҳамин ҳол, мақомот аз бесуботӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон нигаронанд ва инро далели басиҷ кардани нерӯҳои захиравӣ, машқҳои се кишвар дар марз ва муроҷиати президенти Тоҷикистон ба СПАД (ОДКБ) барои ёрӣ нишон медиҳад.

Як сиёсатшинос аз Душанбе, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ноамнӣ дар Афғонистон илова бар таҳдидҳо, ба мақомот имконоти иловагӣ медиҳад:

  • "Дар қадами аввал, ин як ёрии қобили таваҷҷуҳи низомӣ, омӯзиш, навсозӣ ва ғайра аст, ки дар пасманзари даргириҳо бо Қирғизистон ба даст меояд.
  • Сониян, бо назардошти бад шудани вазъи иқтисодӣ ва зуҳури эҳтимолии норизоятиҳо, ин як василаи иловагии ба ҷавобгарӣ кашидани ашхоси номуносиб аст.
  • Сеюм, ҳама гуна таҳдид имкони муттаҳид кардани аҳолӣ дар атрофи режими мавҷударо ба бор меорад. Ҳама чиз аз он вобаста аст, ки мақомот аз он чӣ гуна истифода хоҳанд бурд."

Тибқи маълумоти СММ, дар давоми як моҳи охир дар ҷангҳои Афғонистон беш аз ҳазор ғайринизомӣ кушта шудаанд. Танҳо дар як ҳафтаи охир ҳазорон бошандаи ин кишвар хонаҳои худро дар шимоли кишвар тарк кардаанд.

XS
SM
MD
LG