Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири тоҷик аз "пешрафт"-и Толибон нигарон аст, аммо душмани шартиро дар марз ДОИШ номиданд. ВИДЕО


Тамрини нерӯҳои Тоҷикистону Узбекистон ва Русия дар "Ҳарбмайдон", наздикии марз бо Афғонистон
Тамрини нерӯҳои Тоҷикистону Узбекистон ва Русия дар "Ҳарбмайдон", наздикии марз бо Афғонистон

Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон, ҳангоми натиҷагирӣ аз тамрин дар наздикии марз бо Афғонистон гуфт, ки афзоиши ноамниҳо ва зери назорати Толибон даромадани бахшҳое аз кишвари ҳамсоя нигаронии онҳоро бештар кардааст.

"Ҳузури нерӯҳои террористӣ дар наздикии сарҳад аз ҷониби кишварҳои минтақа дар баробари фишору таҳдидҳо ҳамоҳангиро талаб мекунад", -- афзуд ӯ рӯзи 10-уми август дар размоишгоҳи "Ҳарбмайдон".

Вале дар ин тамрин, ки бо ҳузури низомиёни Русия ва Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд, Евгений Поплавский, муовини фармондеҳи ҳавзаи марказии Нерӯҳои мусаллаҳи Русия, душмани шартиро на ҷангҷӯёни Толибон, балки аъзои гуруҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ном бурд.

Ҷангҷӯёни Толибон, ки фаъолияташ дар аксар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистону Русия мамнуъ ва террористӣ аст, то кунун даҳҳо ноҳия ва шаҳрҳоро дар Афғонистон, аз ҷумла дар минтақаҳои наздик ба Тоҷикистон ишғол карданд.

Татбиқи "таҷрибаҳое, ки дар Сурия андӯхтаанд"

Тамрини нерӯҳои Тоҷикистону Русия ва Узбекистон низ дар пасманзари бад шудани вазъи амниятӣ дар Афғонистон баргузор шуд. Дар он аз садҳо техникаи ҳарбӣ, чархболу ҳавопаймоҳои низомӣ истифода карда, тарзи аз байн бурдани як гуруҳи 2,5 ҳазорнафарии шартии мусаллаҳро нишон доданд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Нерӯҳои Тоҷикистону Узбекистону Русия душмани хаёлиро маҳв намуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Александр Лапин, фармондеҳи ҳавзаи марказии Нерӯҳои мусаллаҳи Русия, баргузории чунин тамринҳоро дар пайи афзоиши ноамниҳо дар қаламрави Афғонистон муҳим донист. Бо таваҷҷӯҳ ба амалиёт алайҳи душмани шартӣ, ӯ таъкид кард, ки “низомиён ҳамоҳангии қавиро дар майдони ҷанг нишон доданд”.

"Дар ҷараёни омӯзиш бори аввал кори гурӯҳи байнисоҳавии нирӯҳо бо истифода аз маҷмӯаҳои васеъ, авиатсия, иктишофӣ ва оташнишонӣ бар асоси таҷрибаи дар Сурия андӯхташуда нишон дода шуд", -- афзуд Лапин.

Размоишгоҳи "Ҳарбмайдон"
Размоишгоҳи "Ҳарбмайдон"

Тамринҳо, ки аз 5 то 10-уми август идома ёфт, таҳти раҳбарии Ситоди генерали нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон баргузор шуд.

"Русия дар пайи манфиатҳои худ аст"

Баъзе аз коршиносони тоҷик таҳдидҳоро ба Тоҷикистон аз он сӯйи Ому сарфи назар намекунанд, аммо таъкид доранд, ки дар ин байн Русия дар пайи афзоиши нуфузу манфиатҳои худ аст.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Ба қавли таҳлилгар Абдумалик Қодиров, "бо берун шудани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, ҳоло ҳар кишвари дигари абарқудрат мехоҳад, дар онҷо нуфуз ёбад. Русия аз зумраи кишварҳоест, ки мехоҳад, дар Афғонистон даври калидие бозӣ кунад. Ҳар кишваре, ки дар Афғонистон нуфуз пайдо кард, албатта, таъсираш ба кишварҳои ҳамсояи он мерасад.”

Таҳлилгари тоҷик, ки рӯзи 11-уми август бо Радиои Озодӣ суҳбат мекард, гуфт, Русия бо истифода аз вазъи ҳозираи Афғонистон то кунун нуфузашро болои кишварҳои Осиёи Марказӣ аз пештара дида бештар кардааст:

"Масалан, чанд сол пеш Узбекистон ба ҳеч ваҷҳ розӣ набуд, ки ба сохторҳои ҳарбии зери нуфузи Русия ворид шавад, вале имрӯз мебинем якҷо бо Русия тамринҳои низомӣ мегузаронад. Яъне, Русия аз ин ҳолат истифода кард ва Узбекистонро ба ҷониби худ моил намуд. Ин баёнгари он аст, ки аз вазъият барои зиёд кардани нуфузи худ ва фишору ҳар гуна шарт гузоштан назди кишварҳои минтақа истифода мекунад."

Нерӯҳои Узбекистон дар размоишгоҳи "Ҳарбмайдон"
Нерӯҳои Узбекистон дар размоишгоҳи "Ҳарбмайдон"

Дар бештар аз ду моҳи охир ҷанг миёни Толибон ва нерӯҳои давлатӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Толибон даҳҳо ноҳия ва шарҳои ҳаммарз бо Тоҷикистонро тасарруф карданд.

Дар якуним моҳи охир ҳазорҳо низомӣ ва сокинони одии Афғонистон зери фишори Толибон ба Тоҷикистон фирор карда, ба иттилои расмӣ, қисме дубора ба Кобул фиристода шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, беш аз 900 километри хатти марзи Афғонистон бо Тоҷикистон зери назорати Толибон қарор дорад ва эҳтимол паноҳҷӯёни бештаре вориди ин кишвар шаванд. Толибон чанд дафъа гуфтаанд, ба кишварҳои ҳамсоя ҳамла намекунанд, аммо ин гуфтаҳо нигарониҳои мардуму мақомотро рафъ накардааст.

XS
SM
MD
LG