Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги эҳтимолӣ бо гурӯҳҳое, ки қасди вуруд ба Тоҷикистонро доранд. АКС


Субҳи 10-уми август дар размоишгоҳи "Ҳарбмайдон"-и Қубодиён, воқеъ дар 25-километрии марз бо Афғонистон, марҳилаи поёнии тамрини нерӯҳои Тоҷикистону Русия ва Узбекистон баргузор шуд. Дар он садҳо низомӣ бо истифода аз техникаи ҳарбӣ, чархбол ва ҳавопаймоҳо иштирок карданд. Ҳадаф аз тамринҳо, санҷиши нерӯ ва ҳамоҳангии нерӯҳои низомии се кишвар барои муқобила бо таҳдидҳо аз Афғонистон гуфта шуд.

Дар ин машқи низомӣ шеваи нобуд сохтани як гуруҳи дувунимҳазорнафарии шартии мусаллаҳро тамрин карданд, ки ғайриқонунӣ сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистонро гузаштааст. Бо убури марз ва бонги хатар амалиёти низомии зидди онҳо сурат мегирад ва онҳо саркӯб мешаванд.

Дар тамринҳои панҷрӯза 2500 нерӯи низомӣ аз се кишвар ширкат намуданд, ки 1800 нафарашон аз Русия, 200 нафар аз Узбекистон ва боқимонда аз Тоҷикистон буданд. Дар ин амалиёти низомӣ 25 чархболу ҳавопаймоҳои ҷангӣ, 500 техникаи зиреҳпӯши ҳарбӣ, автомашинаҳои махсуси зиреҳпӯш ва дигар муҳимоти ҷангӣ, истифода шуд.

Машқ таҳти раҳбарии Ситоди генерали нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон баргузор шуд. Пас аз анҷоми он вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва намояндагони баландпояи низомии Русия ва Узбекистон дар назди хабарнигорон суҳбат карданд.

Рӯзи гузашта Фармондеҳии ҳавзаи марказии Нерӯҳои мусаллаҳои Русия гуфта буд, ки дар машқҳои муштараки Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия дар марз бо Афғонистон беш аз 10 ҳавопаймо ва чархболи он ширкат мекунанд.

Дар Хадамоти матбуоти Вазорати дифои Русия ҳамчунин гуфтаанд, чархболҳои нақлиётӣ нерӯҳои тактикии ҳавобурдро ба ҷойи даргириҳо мерасонанд ва роҳҳои дифоъ аз ҳамлаи мушакҳои зиддиҳавоии душмани эҳтимолӣ машқ мекунанд.

Дар бештар аз ду моҳи охир ҷанг миёни Толибон ва нерӯҳои давлатӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Толибон даҳҳо ноҳияи ҳаммарз бо Тоҷикистонро тасарруф карданд. Дар якуним охир беш аз ҳазор низомии афғонистонӣ зери фишори Толибон ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карда, ба иттилои расмӣ, дубора ба Кобул фиристода шуданд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, беш аз 900 километри хатти марзи Афғонистон бо Тоҷикистон зери назорати Толибон қарор дорад ва эҳтимол паноҳҷӯёни бештаре вориди ин кишвар шаванд.

Станислав Зас, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ рӯзи 9-уми август дар пойтахти Арманистон гуфт, ҳарҷу марҷ дар Афғонистон хавфи сарозер шудани паноҳҷӯёни зиёдро ба Тоҷикистон бештар кардааст.

Вай аз пас аз берун рафтани нерӯҳои Амрико ва муттаҳидонаш аз Афғонистон вазъият дар ин кишвар ба таври назаррас бад шуда, торафт хаос ё беназмии комил ҳукмфармо мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳолат, мумкин аст, хатари ба Тоҷикистон омадани паноҳҷӯёни зиёд ва вуруди созмонҳои байналмилалии террористиро ба вуҷуд биорад.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG