Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хости кишварҳо; ваъдаи "Толибон" ва гурези сокинон. Таҳаввулоти як рӯзи охир дар Афғонистон. АКС


Фурудгоҳи байналмилалии Кобул, 16-уми августи 2021

Бо сарнагун шудани ҳукумати рӯ ба Ғарб дар Афғонистон, аъзои “Толибон” рӯзи 16-уми август ба назорати тартиботи ҷамъиятӣ ва амниятии шаҳри Кобул пардохтанд. Ин дар ҳолест, ки даҳҳо кишвари ҷаҳон даъват карданд, барои берун рафтани хориҷиҳо ва он шаҳрвандони Афғонистон, ки хоҳони тарки кишвар ҳастанд, оромиву амният фароҳам шавад.

Мераванд, чаро?

Ҳазорҳо сокини ноумедшудаи Кобул бо талоши фирор аз кишвар ба фурудгоҳи пойтахти Афғонистон шитофтанд. Ин бахши сокинон дар ҳоле мехоҳанд, кишварро тарк кунанд, ки усулгароёни мазҳабӣ пас аз 20 соли ҳузури ҳукумати рӯ ба Ғарб дар Афғонистон ба сари қудрат меоянд. Бо тарки кишвар кардани нирӯҳои амрикоиву байналмилалӣ, сафоратҳои ғарбӣ низ дарҳои худро мебанданд.

Феълан назорат бар фурудгоҳи байналмилалии Кобул ба дасти низомиёни Амрико аст. Рӯзи 16-уми август баъзе аз ҳавопаймоҳои тиҷоратӣ натавонистанд, парвоз кунанд ва хосторони зиёди тарк кардани Афғонистон аз ҳисоби хориҷиҳову сокинони мулкӣ дар фурудгоҳ мемонанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, дар Кобул ҳолати бо ҳам зид мушоҳида мешавад: "Аз сӯе фурӯшгоҳҳо дубора боз шуда, мардум аз хонаҳо берун мешаванд ва зиндагӣ ба маҷрои маъмулӣ бармегардад. Аз тарафи дигар, онҳое, ки аз ояндаи худ нигарон ҳастанд, дар талоши ҳарчи зудтар тарк кардани кишвар мебошанд".

“Толибон” дар як ҳафтаи гузашта қаламравҳои зиёдро зери назари худ дароварданд ва рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд. Президент Ашраф Ғанӣ ҳамон рӯз аз кишвар фирор кард.

Ҳазорҳо нафар дар талоши берун рафтан аз Афғонистон
Ҳазорҳо нафар дар талоши берун рафтан аз Афғонистон

Аз “Толибон” чӣ хостанд?

Бо ишора ба "бадтар шудани вазъи амниятӣ" дар Афғонистон, ҳукуматҳои беш аз 60 кишвар бо нашри изҳороти муштараке гуфтанд, "онҳое, ки дар Афғонистон дар мавқеи қудрат ва раҳбарӣ ҳастанд, барои ҳимояти мардум ва дороиҳои онҳо ва ҳамчунин, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ масъулият ва ҷавобгарӣ доранд".

Дар изҳороте, ки дар вебсайти Департаменти давлатии Амрико нашр шуд, омадааст, "роҳу фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои марзӣ бояд боз бимонанд ва оромӣ барқарор шавад". Дар поёни ин изҳорот омадааст, "мардуми Афғонистон сазовор аст, ки дар шароити амну шоиста зиндагӣ кунад. Мо – ҷомеаи байналмилалӣ – омода ҳастем, ки дар ин кор кумак расонем".

Қарор аст, президенти Амрико Ҷо Байден дар бораи таҳаввулоти охир изҳороте нашр кунад, вале то он замон Кохи Сафед тавассути "Твиттер" хабар дод, ки ӯву муовинаш Камола Ҳаррис барои шунидани гузоришҳои охирин дар бораи берун бурдани мардум аз Афғонистон бо мушовирони амниятии худ ҷаласа барпо карданд.

Ҷаласаи онлайн дар бораи Афғонистон
Ҷаласаи онлайн дар бораи Афғонистон

Дар ҳамин ҳол, дабири кулли Созмони Милал Антонио Гутерреш аз Толибон ва ҷонибҳои дигар тақозо кард, ки барои ҳимоят аз ҷони сокинони Афғонистон ва таъмини онҳо бо ёриҳои башарӣ "аз ниҳоят хештандорӣ" кор гиранд.

Гутерреш бо ишора ба давраи ҳукмронии Толибон дар солҳои 1996-2001 гуфт, ҳуқуқи занону духтарон бояд ҳимоят шавад. Қарор аст, дабири кулли СММ дар ҷаласаи Шӯрои амният дар бораи вазъи Афғонистон суханронӣ кунад.

“Миллионҳо кас ба ёрӣ муҳтоҷанд”

Дафтари ёриҳои башардӯстонаи СММ (OCHA) гуфт, ки аъзои ҷомеаи башарӣ барои ёрӣ ба миллионҳо афғонҳои ниёзманди кумак ӯҳдадор аст ва бо вуҷуди як фазои "фавқулодда мушкил" дар дохили кишвар мемонад. OCHA гуфт, 18,4 миллион сокини Афғонистон аллакай ба ёрӣ ниёз доранд ва 550 ҳазор нафар беҷо шудаанд.

Бисёре аз сокинони Афғонистон дар ҳаросанд, ки барои ҳамкориашон бо ҳукумат ё кор барои ҳукуматҳои ғарбӣ дар давоми бист соли охир мавриди интиқоми Толибон қарор мегиранд. Фурудгоҳи Кобул аз хосторони тарки кишвар пур шудааст.

Шоҳидон ба хабаргузории "Рoйтерс" гуфтанд, ҳангоме ки садҳо нафар талош карданд ба ҳавопаймоҳо роҳ ёбанд, дастикам панҷ нафар кушта шуданд. Ин хабар феълан расман тасдиқ нашудааст. Чанде пеш мақомоти амрикоӣ ва шоҳидон гуфтанд, ки барои пароканда кардани издиҳоми мардум нирӯҳои амрикоӣ ба ҳаво тир холӣ карданд.

Маъмурияти Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ҳомид Карзай гуфтанд, маҷбур шуданд, ба хотири пешгирӣ "аз дуздиву ғоратгарӣ" парвозҳои ҳавопаймоҳои тиҷоратиро манъ кунанд. Мақомоти риштаи ҳавонавардӣ гуфтанд, ҳарими ҳавоии Кобул барои низомиён боз шуд ва аз ҳавопаймоҳои транзитӣ дархост шуд, ки самти парвози худро тағйир диҳанд.

Аксар ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳонӣ гуфтанд, дар вокуниш ба ин машваратҳо истифодаи ҳарими ҳавоии Афғонистонро қатъ карданд.

Паёми Абдулғанӣ Бародар

Дар ҳамин ҳол, Толибон талош доранд ҷомеаи байналмилалиро мутақоид кунанд, ки сокинони Афғонистон набояд аз онҳо тарс дошта бошанд.

Дар паёме раҳбари дафтари сиёсии Толибон Абдулғанӣ Бародар аз ҷангҷӯён тақозо кард, ки интизомро риоя кунанд. Ӯ гуфт, "ҳоло вақти санҷиш ва исботи он расидааст, мо бояд нишон диҳем, ба миллати худ хидмат карда метавонем ва амнияту маишати зиндагиро таъмин карда метавонем".

Мулло Абдулғанӣ Бародар
Мулло Абдулғанӣ Бародар

Сухангӯи Толибон Муҳаммад Наим афзуд, ин гурӯҳ амнияти ҳайатҳои дипломатиро таъмин мекунад.

Вазири дифои Бритониё Бен Воллас рӯзи 16-уми август гуфт, ки қисмати низомии фурудгоҳи Кобул амн буда, Бритониё барои берун бурдани шаҳрвандони Бритониёву афғонҳои ба ин кишвар рабтдошта тамоми талошашро ба харҷ медиҳад. Ӯ дар суҳбат бо Sky News гуфт, "ҳадафи мо дар як рӯз берун бурдани аз 1200 то 1500 нафар мебошад".

Баҳс бар сари эътирофи “Толибон”

Айни замон Воллас гуфт, ҳоло фурсати он нест, ки Толибон ба ҳайси ҳукумати Афғонистон эътироф шаванд ва афзуд, "пеш аз он ки чунин як қароре қабул шавад, кори зиёде дар пеш аст". Ба қавли ӯ, "на ҳарф, балки амали онҳо далел барои эътирофи ҳукумати Толибон мешавад”.

Қаблан нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон кишварҳои ғарбиро ҳушдор дод, ки бидуни машварати пешакӣ Толибонро ба ҳайси ҳукумат эътироф накунанд.

Русия гуфт, сафири ин кишвар дар Афғонистон "бо раҳбарияти Толибон дар тамос аст" ва рӯзи 17-уми август дар Кобул "бо масъули амниятии Толибон" мулоқот мекунад. Замир Кабулов, намояндаи вижаи Вазорати умури хориҷии Русия дар масоили Афғонистон гуфт, тасмими эътирофи ҳукумати Толибон бар пояи амали онҳо гирифта мешавад.

Байден, ки тавонмандиҳои Толибонро дар заминаи ишғол шудани кишвар камтар нишон медод, моҳи апрел эълон кард, ки то 31-уми август 2500 низомии амрикоӣ хоки Афғонистонро тарк хоҳанд кард. Рӯзи 14-уми август ӯ аз қарори худ ҳимоят кард ва гуфт, "барои мо ҳузури беохири амрикоиҳо дар байни як ҷанги дохилии кишвари дигаре ғайри қобили қабул аст". Ҳоло бо ишғоли босуръати аксар қаламравҳои Афғонистон аз ҷониби шӯришиён ӯ бо интиқодҳои афзояндаи бахусус ҷумҳурихоҳони Конгресс рӯбарӯ шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG