Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кобули зери назорати "Толибон" чӣ мегузарад? Нақли хабарнигори Озодӣ аз маркази Афғонистон. ВИДЕО


Амалиёти "хона ба хона"-и аъзои "Толибон" дар Кобул

Намояндагони гурӯҳи "Толибон" рӯзи 17-уми август бо баргузории нишасти хабарии нахустин дар Кобул талош карданд, худро нерӯи созанда вонамуд кунанд, ки барои рушду нумӯи Афғонистон ба сари қудрат омадааст.

Вале сокинон дар Афғонистон аз омадани "Толибон" ба сари қудрат даҳшатзадаанд. Як хабарнигори Радиои Озодӣ, ки бо мулоҳизоти амниятӣ номашро ошкор намекунем, вазъи зиндагӣ дар Кобулро ин шабу рӯз чунин тасвир кард:

"Намедонам, то кай ин ҷо дар амон хоҳем буд. Ҳоло онҳо дар баъзе мавзеъҳо хона ба хона гашта, кофтукобро шуруъ карданд.
Аъзои “Толибон” даста-даста чарх мезананд. Ду мототсиклро дидам, ки дар ҳар кадоме дунафарӣ силоҳдор нишаста буданд. Вақте тирандозӣ оғоз мешавад, ба таҳхона мефароем, вақте вазъият ором шуд, боз ба ошёнаи аввал бармегардем.
Медонед, ҷангҷӯёни “Толибон” дар пеши чашми як ҳамкорамон як нафарро паррондаанд. Онҳо хона ба хона гашта, поккорӣ мекунанд. Ҳамкорони мо сахт тарсидаанд, вазъи рӯҳиашон хеле табоҳ аст. Худоро шукр, ки ҳамкорони мо осебе надидаанд.
Тасаввур карда наметавонам, ки худро чӣ гуна ба фурудгоҳ мерасонам, дар ҳоле ки дар ҳама ҷо намояндагони “Толибон” ҳастанд. Ҳоло намехоҳам риск карда, ба кӯча бароям ва бо касе рӯ ба рӯ шавам.
“Толибон” ҳоло хеле зиракона бозӣ доранд. Шумо метавонед, мушоҳида кунед, ки чӣ гуна онҳо худро таблиғ карда истодаанд.
Онҳо кӯшиш доранд, рафтори ороме дошта бошанд, то ба ҷаҳониён нишон диҳанд, ки онҳо назар ба солҳои 1990 тағйир ёфтаанд.
Натанҳо ман, балки ҳамкоронам, ҳомиёни ҳуқуқи зан, кӯдакон ва ҳама фаъолон ва журналистон маҷбуранд пинҳон шаванд. Одамоне, ки дар кӯча ҳастанд, тоҷирон, моликони дӯконҳо, яъне одамони одӣ ҳастанд. Одамон фикр мекарданд, ки Кобул эҳтимол дар чанд моҳи дигар ҳам суқут намекунад.
Агар мо медонистем, ки ба ин зудӣ суқут мекунад, пешакӣ омода мешудем. Ин ҳолат барои ҳама ғайримунтазира буд, ки “Толибон” шаҳрро ишғол карданд ва раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ бидуни кадом як огоҳӣ ё муроҷиат ба миллат кишварро тарк намуд. Ҳоло ҳама ӯро танқид мекунанд. Хоинаш мегӯянд, ҳама гуна гапҳои носазоеро тасаввур кардан мумкин аст, дар ҳаққаш мегӯянд.
Онҳо тасаввур намекунанд, ки пас аз 20 сол ва ин ҳама сармояҳои дар Афғонистон харҷшуда, пас аз 20 соли ҷаҳду талошҳо боз режими “Толибон” меояд. Ин боварнокарднист, боз ҳамон сенарияи пешина.
Бисёр таассуфбор аст. Ҳоло шоҳиди онем, ки ҳамаи он даствардҳое, ки насли нав дар 20 соли охир дошт, ба ақиб баргашт."

Наворро дар инҷо бинед:

Рӯзи аввали ҳукми Толибон дар Кобул чӣ хел гузашт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG