Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашраф Ғанӣ гуфт, "бо як пироҳан" аз Афғонистон берун шуда, "ҳоло дар Иморот аст"


Ашраф Ғанӣ

Пас аз се рӯзи фирори Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон аз кишвараш, маҳалли ҳозираи будубоши ӯро эълон карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ 18-уми август гуфт, президенти Афғонистон ҳамроҳ бо хонаводааш "ба далоили башардӯстона" дар ин кишвар қарор дорад. Бар асоси хабарномаи вазорат, ба ҳамин далел, аз Ашраф Ғанӣ ва хонаводааш истиқбол шудааст.

Худи Ашраф Ғанӣ рӯзи чаҳоршанбе дар паёми видеоӣ дар Фейсбук гуфт: "Ман қасди фирор надорам. Феълан дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳастам, то аз хунрезӣ ҷилавгирӣ шуда бошад. Ҳамин ҳоло дар машвара ҳастам, то ба Афғонистон баргардам ва ба талошҳоям барои таъмини адолат, ҳокимияти афғонҳо дар кишварамон ва дастовардҳои воқеии исломӣ ва миллии мардуми Афғонистон бо ҳам мубориза кунем."

Раиси ҷумҳурии Афғонистон рӯзи 15-уми август, замоне ки ҷангҷӯёни "Толибон" дар паси дарвозаҳои Кобул истода буданд, кишварашро тарк кард.

Дар оғоз гуфта мешуд, ҳавопаймои ӯ ба Тоҷикистон омада, баъд аз як исти кӯтоҳ ба кишвар севум, эҳтимол ба Умон, рафтааст. Аммо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 16-уми август бо нашри изҳорот гуфт, ҳавопаймои Ашраф Ғанӣ вориди ҳарими ҳавоии Тоҷикистон нашуда, дар хоки ин кишвар фуруд наомадааст.

Ашраф Ғаниро барори гурехтан ва раҳо кардани мардуму кишвараш дар вазъияти мушкил танқид мекунанд. Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, Муҳаммад Заҳири Ағбар, рӯзи 18-уми август дар як нишасти матбуотӣ рафтори ӯро "хиёнат ба давлату миллат" номид ва иддао кард, ки "169 миллион доллари мардуми кишварро бо худ бурдааст". Ӯ гуфт, Ғанӣ бояд боздошт шавад ва сарвати миллати Афғонистонро баргардонад.

Ашраф Ғанӣ дар паёми рӯзи чаҳоршанбе гуфт, "ман ҳеч чизе бо худ набурдаам. Берун овардани пул аз Афғонистон тавассути ман дурӯғ аст. Ман бо як пироҳан аз Афғонистон берун шудам. Ҳар касе бароятон гуфт, раиси ҷумҳуриятон Шуморо фурӯхат ва барои манфиати молӣ ва ҳифзи ҷони хеш фирор кард, бовар накунед."

Дар ҳамин рӯз дар сафорати Афғонистон дар Душанбе ба ҷойи акси Ашраф Ғанӣ сурати Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввалашро гузоштанд, ки ба гуфтаи худаш дар Афғонистон аст ва бар асоси қонун иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳурӣ мебошад.

Ашраф Ғании 72-сола ҳафт сол боз зимоми қудратро дар Афғонистон ба даст дошт. Ӯ дар интихоботҳои президентии соли 2014 ва 2019 ба таври расмӣ баранда эълон шудааст, ҳарчанд рақиби асосияш, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ду дафъа пирӯзии ӯро зери суол бурд.

Соли 2014 баъд аз моҷаро бар сари натиҷаҳои интихоботии раёсати ҷумҳурии Афғонистон, Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо миёнравии Амрико ҳукумати ваҳдати миллӣ ташкил карданд. Дар он ҳукумат аввалӣ раиси ҷумҳурӣ ва дувумӣ раиси ҳукумати иҷроия шуд.

Дар интихоботи ду сол қабл низ айни мушкил пеш омад, вале ҷонибҳо ба идомаи ҳукумати ваҳдати миллӣ розӣ нашуданд ва ҳар кадом дар алоҳидагӣ ҳамчун раиси ҷумҳурӣ савганд хӯрданд. Дертар Ашраф Ғанӣ дар мансаби президент монд, Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон шуд.

Ашраф Ғанӣ дар Амрико хонда, чанд сол дар Бонки Ҷаҳонӣ кор кардааст. Аз соли 2002 то 2004 вазири молияи Афғонистон буд.

Шарҳҳоро бинед (18)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG