Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмад Масъуд: "Ҷабҳаи муқовимат алайҳи Толибон ташкил шудааст"


Аҳмад Масъуд

Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон, аз мардуми ин кишвар хостааст, ба муқовимат алайҳи гурӯҳи "Толибон" бипайванданд. Ӯ дар мусоҳиба бо рӯзномаи фаронсавии "La Règle du Jeu" эълон кард, ки нерӯҳои муқовимат бояд дар вилояти Панҷшер, "охирин вилояти озод"-и Афғонистон, 150-километрии шимоли Кобул, ҷамъ шаванд.

Бахши афғонистонии Радиои Озодӣ 17-уми август аз суханони Аҳмад Масъуд дар рӯзномаи фаронсавӣ иқтибос овард, ки гуфтааст, "Толибон ҳамаи қудратро тасарруф накарда, ҳанӯз ҳам метавон коре кард." Вай аз ҷомеаи байнулмилалӣ хостааст, аз ин мубориза пуштибонӣ кунад.

"Толибон" то кунун дар бораи эҷоди Ҷабҳаи муқовимат вокунише нишон надода, бахши афғонистонии Радиои Озодӣ муваффақ нашуд, дидгоҳи ин гурӯҳро бигирад.

Ин дар ҳоле аст, ки шуморе аз раҳбарони сиёсӣ ба шумули раҳбарои ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон барои гуфтугӯ дар бораи вазъияти Афғонистон дар Покистон ҳастанд. Дар ин ҳайат Аҳмад Валӣ Масъуд ва Аҳмад Зиё Масъуд, ду бародари Аҳмадшоҳ Масъуд, низ дохиланд.

Аҷмал Селоб, узви Ҷабҳаи муқовимат, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, агар музокирот натиҷае надиҳад, Аҳмад Масъуд бо шуморе аз раҳбарони Шимол омодаи муқовимат ҳастанд. Ӯ аз натиҷаи гуфтугӯҳои аъзои ҳизби Ҷамъияти исломӣ бо раҳбарони Покистон ибрози хушбинӣ кард ва афзуд, ин нишаст ба як "созиши миллии сиёсӣ" поён хоҳад ёфт.

Селоб ҳамчунин гуфт, ҷавонони зиёде ҳамарӯза аз минтақаҳои мухталифи Афғонистон ба Панҷшер рафта, ба ҷабҳаи муқовимат мепайванданд ва ин ҷабҳа омодаи дифоъ дар сурати ҳамлаи Толибон аст.

  • Юнус Қонунӣ, муовини пешини раёсати ҷумҳурӣ;
  • Муҳаммад Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдати исломӣ;
  • Салоҳуддин Раббонӣ, раиси Ҳизби ҷамъияти исломӣ ва шуморе дигар аз раҳбарони пешини ҷиҳодӣ 15-уми август барои гуфтугӯ дар бораи вазъияти Афғонистон ба Покистон рафтанд. Интизор меравад, ҳайат натиҷаи музокиротро 18-уми август эълон кунад.

Толибон пас аз тасарруфи 32 вилоят дар камтар аз як моҳи гузашта, рӯзи якшанбе вориди Кобул шуданд ва идораи пойтахтро дар даст гирифтанд. Панҷшер ягона вилояте аст, ки Толибон то кунун нагирифтаанд. Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон шоми якшанбе кишварро тарк кард ва маълум нест ба кадом кишвар рафтааст.

Аз сӯе, Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ашраф Ғанӣ, мегӯяд, бар асоси Қонуни асосӣ ӯ иҷрокунанда ё сарпарасти вазифаи президенти Афғонистон аст.

Ин дар ҳолест, ки гурӯҳи "Толибон" акнун бар аксарияти хоки Афғонистон, ба ҷуз аз вилояти Панҷшер, назорат дорад ва дар талоши эҷоди як ҳукумати интиқолӣ ё ба қавли баъзе аз намояндагонаш "ҳамашумул" ҳаст.

Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд, ки ҳоло дар саргаҳи Ҷабҳаи муқовимат бо гурӯҳи "Толибон" қарор гирифтааст, 32 сол дорад ва хатмкардаи донишгоҳи Бритониёст.

Шарҳҳоро бинед (32)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG