Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миёни бовару воқеият: Душанбе ҳозир аст ҳукумати Толибонро эътироф кунад?


20 август, Кобул. Расму овезаҳои як ороишгоҳи Кобул хароб карда шуд
20 август, Кобул. Расму овезаҳои як ороишгоҳи Кобул хароб карда шуд

Тоҷикистон то кунун ягона ҳамсояи Афғонистон аст, ки бо ҳаракати мамнӯи Толибон музокироти расмӣ накардааст. Аммо ба сари қудрат омадани онҳо ва суқути Кобул дар таърихи 15-уми август Душанбеи расмиро дар баробари қарори сангине дар заминаи эътирофи онҳо қарор додааст.

Афғонистон 102-умин солгарди истиқлолро таҳти парчами Аморати исломӣ ва раҳбарии Толибон таҷлил кард. Намояндаи расмии ин гуруҳ Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар Твиттер «Эъломияи Аморати Исломии Афғонистон»-ро нашр кард, ки дар он ӯ мардуми Афғонистонро табрик карда, пирӯзиҳои таърихии онҳоро бар Империяи Бритониё, Иттиoҳоди Шӯравӣ ва ҳоло Иёлоти Муттаҳида” таъкид кардааст.

Аммо пирӯзии Толибонро ҳанӯз намешавад ғалабаи комил гуфт. Хусусан дар пасманзари эълони басиҷҳои зиддитолибонӣ дар вилояти Панҷшер аз ҷониби Аҳмад Масъуд ва аз сӯйи ноиби аввали президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ, ки худро муваққатан сарвари давлат эълон кардааст. Ҳамаи ин равандҳои машруият бахшидани Толибон ва эътирофи онҳо аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳониро мушкил мекунад.

Тоҷикистон низ дар пешорӯи як қарори душворест, ки тамоми ин муддат, ба фарқ аз ҳамсоягонаш музокирот бо Толибонро рад карда, Кобули расмиро ҳимоят мекард. Гузашта аз ин, сафири амалкунандаи Афғонистон дар Душанбе ахиран Амруллоҳ Солеҳи мухолифи Толибонро ба унвони роҳбари қонунии давлати худ эътироф кард.

Интихоб миёни тоҷикони бумие, ки талоши эҳёи Эътилофи Шимолро доранд ва Кобули таҳти идораи Толибон барои Душанбе осон нахоҳад буд.

Ҳимоят бастагӣ ба вазъият дорад

Аммо на ҳама чунин фикр мекунанд. Таърихшинос ва таҳлилгари мустақили тоҷик Нуралӣ Давлатов бар ин бовар аст, ки мақомоти Тоҷикистон мавқеи бозигарони ҷаҳонро дар симои ИМА, Русия ва Чин интизор хоҳанд шуд ва танҳо пас аз ин онҳо метавонанд тасмими ниҳоӣ бигиранд. “Душанбе бар пояи шаклгирии вазъи феълӣ иқдом мекунад, на бо андешаҳои ҳамбастагии қавмӣ бо мардуми Панҷшер. Дар замони ҷанг бо амри Маскав ба Масъуд кӯмак мекард, миллияти Масъуд авлавият надошт”, - мегӯяд Давлатов.

Ҳамзамон мақомоти Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда ба қабули сарбозони афғоне шурӯъ карданд, ки аз ҳамлаи Толибон дар манотиқи марзӣ пас нишастанд ва қаламрави худро барои паноҳандагони доданд.

Илова бар ин, дар бахши шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ метавон раванди қобили таваҷҷӯҳи ҳусни нияти ҳамбастагӣ бо тоҷикони Афғонистонро мушоҳида кард.

Эътироф вобаста ба рафторҳо

Шарқшинос Қосим Бекмуҳаммад мегӯяд, ки эътирофи Толибон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ як раванди тӯлонӣ хоҳад буд, зеро ин ҳаракат аз ҷониби СММ, бисёр созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳо ифротгаро эътироф шудааст.

“Ҳамаи ин кишварҳо ҳоло мунтазири амали Толибон ҳастанд. Онҳо то чӣ андоза қодиранд ваъдаҳои додаашонро иҷро кунанд ва оё онҳо метавонанд бо иштироки тамоми қишрҳои аҳолӣ ҳукумати васеъ ташкил кунанд. Агар онҳо ӯҳдадориҳои худро иҷро кунанд, он кишварҳое, ки дар Афғонистон манфиатҳои худро доранд, нахустин шуда онҳоро пайравӣ хоҳанд кард ва ба дунболи онҳо шариконашон”, - мегӯяд Бекмуҳаммад. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, Тоҷикистон бар пояи манфиатҳои миллии худ амал мекунад ва тасмим дар бораи эътироф ё нашинохтани Толибон дар чаҳорчӯби созмонҳое мисли СПАД ва СҲШ ба таври дастаҷамъӣ гирифта мешавад.

Мавқеи бозигарони бузург

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон зимни нахустин нишасти хабарии худ пас аз ишғоли Кобул, итминон дод, ки ҳуқуқи инсон дар кишвар ҳифз карда мешавад, занон танҳо ҳиҷоб мепӯшанд, на бурқа, мисли пешина, мактабҳо ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ ба таври маъмулӣ кор хоҳанд кард ва истеҳсоли мухаддирот манъ карда мешавад.

Садди роҳ дар масъалаи шинохти Толибон, ба гуфтаи коршиносон, риояи ҳуқуқи инсон, бахусус занон аст.

Намояндаи вижаи президенти Русия дар Афғонистон Замир Кабулов борҳо изҳор доштааст, ки Маскав барои шинохти режими Толибон шитоб нахоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, Русия назорат хоҳад кард, ки ин режим чӣ гуна рафтор мекунад, аммо ба равобити дӯстона бо Толибон умед мебандад. Пештар пойгоҳи амрикоии U.S. News бо истинод ба манбаъҳои истихбороти ИМА хабар дода буд, ки Чин ният дорад Толибонро ҳамчун мақомоти қонунии Афғонистон эътироф кунад, аммо Пекин мунтазир аст то бифаҳмад, ки оё Толибон воқеан қодиранд, ки кишварро мудирият кунанд.

Вашингтон бошад, борҳо изҳор доштааст, ки ҷомеаи байналмилалӣ Толибонро дар сурати зӯран ба қудрат расиданашон эътироф нахоҳад кард. Бо вуҷуди ин, Иёлоти Муттаҳида дар машруияти Толибон саҳми назаррас гузошт, вақте ки нахустин шуда бо онҳо дар Қатар музокироти расмӣ анҷом дод.

Таҳдидҳои “Толибон”

Дар байн таҳдидҳои асосие, ки Афғонистон таҳти режими Толибон ба миён меорад, коршиносон қаблан кори таблиғотии ҷиҳодиён, тахрибкорӣ ё кӯшиши воридшавӣ ва инчунин муҳоҷирати эҳтимолии ҷонибдорони Амороти исломӣ ба ин кишварро ном бурда буданд.

Аркадий Дубнов, коршиноси масоили Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ба маҷаллаи "Республика" гуфтааст, "вазифаи асосии Русия кафолат додани он аст, ки Толибон талош накунанд, ки исломи хушунатбори худро ба берун аз Афғонистон паҳн кунанд". Вобаста ба ин, "Маскав дар эътирофи сиёсии Толибон ва хориҷ кардани онҳо аз рӯйхати созмонҳои террористии СММ саҳм хоҳад гузошт",- гуфт ӯ.

Бо ин вуҷуд, коршиноси низомии Бунёди Ҷеймстаун Павел Лузин дар мусоҳиба бо idel.Realii мегӯяд, ки Русия дар тӯли даҳсолаҳо “хатари Толибон”-ро ба режимҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун “хидматрасонӣ” барои ҳимоят аз ин таҳдидҳо, мефурӯшад.

«Барои ҳамин, масалан, моҳи августи соли 2021 машқҳои муштараки сарбозони Русия бо сарбозони Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуданд. Азбаски Толибон расман эълон карданд, ки барои Осиёи Марказӣ ягон нақша надоранд, риторикаи Русия дар пеши чашми мо тағйир ёфт. Ҳоло сухан на дар бораи таҳдиди Толибон ба Осиёи Марказӣ, балки дар бораи таҳдиди намунаи Толибон меравад ва шояд радикалҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва дигарон кӯшиш кунанд, ки содир кунанд", - гуфт Лузин.

«Ба расмият шинохтан салоҳияти мақомот аст»

Барои Тоҷикистон ба ҷуз аз як кишвари дорои қаробати фарҳангӣ, Афғонистон, яке аз роҳҳои танаввуи транзит низ ба шумор меравад. Тавассути нуқтаи Шерхон-Бандар гардиши тиҷорати транзитии Тоҷикистон бо Покистону Эрон низ қисман анҷом дода мешуд.

Илова бар ин, Тоҷикистон 65% ҳаҷми интиқоли нерӯи барқи худро ба Афғонистон содир мекунад. Дар соли 2020 ба маблағи 45 миллион доллар энержи содир карда буд.

Равшан аст, ки сатҳи тавофуқ бо Кабули "нав" ва ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон ба ин ё он тарз ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир мегузорад.

Сиёсатшинос, муовини собиқи мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров мегӯяд, ки мақомот дар бораи мавқеи худ дар баробари Толибон ҳанӯз тасмим нагирифтаанд. «Ба далели ин ин ки инҳо ҳамон нирӯе нестанд, ки солҳои 1990-ум буданд, оромона пазируфта шуданд. Сафорати мо дар он ҷо корашро идома медиҳад. Онҳо ваъда доданд, ки марзҳои моро нақз намекунанд, аммо нерӯҳои мусаллаҳи мо ба ҳама сенария омодаанд. Агар онҳо ба принсипҳои байналмилалӣ пайравӣ кунанд ва арзишҳоро мубодила кунанд, шояд муносибат ба онҳо нармтар шавад. Аммо тасмим дар ихтиёри раҳбарияти сиёсии кишвар боқӣ мемонад ”, - гуфт Сафаров.

XS
SM
MD
LG