Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти дипломатҳои туркман бо намояндагони Толибон дар Афғонистон


Мулоқоти консули Туркманистон дар Мазори Шариф бо масъулини Толибон. 18 август, 2021.
Мулоқоти консули Туркманистон дар Мазори Шариф бо масъулини Толибон. 18 август, 2021.

Вазорати умури хориҷии Туркманистон хабар дод, ки консули генералии ин кишвар дар Ҳироту Мазори Шарифи Афғонистон 18-уми август бо раҳбари маъмурияти Толибон дар он минтақа мулоқот кардааст.

Ҷонибҳо масоили марбут ба фаъолияти Консулгарии генералии Туркманистонро дар Ҳирот баррасӣ намудаанд. Вазорат мегӯяд, вохӯрӣ дар "фазои дустона" баргузор шудааст.

Консули генералии Туркманистон ҳамчунин бо раҳбарияти маъмурияти Толибон дар Балхи Афғонистон ҳам дидору гуфтугӯ кардааст.

Бояд гуфт, мақомоти Туркманистон ин бори севум аст, ки дар соли равон бо намояндагони Толибон мулоқот мекунанд.

Туркманистон то ҳол мавқеи худро дар робита ба авзои Афғонистон муайян накардааст ва ҳамзамон аз қабули гурезаҳои афғон, ки дар пайи ташаннуҷи авзоъ дархости паноҳгоҳ мекунанд, худдорӣ менамояд.

XS
SM
MD
LG