Дар Тоҷикистон, бавижа дар шаҳри Душанбе, ки сохтмони хонаҳо авҷ гирифтааст, баҳсу кашмакаши ширкатҳои бинокор ва мардум ҳам зиёдтар мешавад. Сокинони биноҳое, ки бояд вайрон шаванд, мегӯянд, ширкатҳо беинсофӣ карда, ба ҷойи хонаҳои калони онҳо хонаҳои хурд медиҳанд ё аслан ҷуброн пардохтан намехоҳанд.
"Ягон касро писанд намекунанд"
Шаҳри Душанбе. Хиёбони Айнӣ 13. Ширкате, ки бояд дар инҷо хонаҳои нав бисозад, як бинои истиқоматии бозмонда аз даврони шӯравии собиқро ба харобазор табдил додааст. Баъзе аз сокинон кӯчидаанд, баъзеи дигар ҳанӯз дар бинои нимавайрона ҳастанд, аммо аз чунин шароит сахт нигаронанд.
Вера Қурбонова яке аз онҳост: “Худатон мебинед, тирезаҳо ва роҳравҳоро шикастаанд. Набераи ҳамсоя қариб аз ошёнаи дуюм сарозер мешуд. Ба сари ҳамсояи дигарамон, Света, ки ҳомила аст, харобаҳои сақфи бино рехтанд. Яъне, одамонро ба куштан мерасонанд.”
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Шаҳрдории Душанбе ба ширкати “Рахш Сохтмон” иҷоза додааст, ки ба ҷойи хонаҳои куҳна як бинои 24-ошёнаӣ созад. Вале бар асоси шартнома сохтмонро ширкати “Қасри бостонӣ” анҷом медиҳад.
Вера Қурбонова ва чанд ҳамсояаш бо шартҳои пешниҳодии ширкати бинокор розӣ нашудаанд. “Қасри бостонӣ” низ пешниҳоди сокинонро напазируфтааст. Рустам Раҷабов, сарҳанги бознишаста ва яке аз сокинони норозӣ, мегӯяд, вақте манзили болои онҳоро вайрон карданд, хонаи ӯ зери обу ахлот монд ва барои зиндагӣ номуносиб шуд.
Вай гуфт: “Ҳар рӯз аз соати 6-и субҳ то соати 12-и шаб кор мекунанд. Рафта, ҳамроҳашон суҳбат кардам ва чанд бор ноздри милисаро овардам, ягон касро писанд намекунанд. Хулласи калом, анархия. Ба ҳама ҷо навиштем, ба прокуратура (додситонӣ), ба ҳукумат. Ягон кас ба мо ёрӣ надод.”
Қонунгузории Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, ки ширкати бинокор дар оғоз бо соҳибони хонаҳо ба мувофиқа бирасад ва пас аз он сохтмонро оғоз кунад. Сокинон мегӯянд, ба ин ширкати сохтмонӣ эътимод надоранд, зеро то кунун таҷрибаи бинокориро надорад ва хонае насохтааст.
"Дар ҷустуҷӯи адолат ҳастем"
Фирӯза Имомназарова, сокини дигари бино, мегӯяд, онҳо то кунун раҳбарони ширкатро надидаанд, ҳеч гуфтушуниде бо онҳо накардаанд ва биноан қобили эътимод намедонанд.
“Онҳо инро ҳамчун монеъагузорӣ ба сохтмон ҳисоб карда, моро ба додгоҳ кашиданд. Барои ҳамин, мо барои ҳуқуқи худ пойфишорӣ мекунем ва ба дунболи адолат ҳастем. Мехоҳем ин масъала ҳал шавад, то биоянду бубинанд, ки мо дар чӣ шароите зиндагӣ мекунем. Инҳо ҳамаҷониба талош доранд, ки моро аз ин ҷо пеш кунанд,” – гила кард ӯ.
Тибқи талаботи шаҳрдорӣ, ширкатҳои бинокор бояд дар макони сохтмон QR-код насб кунанд, ки ҳама маълумотро ба соҳибмулкон бидиҳад. Ширкати “Қасри бостонӣ” ин рамзро надорад. Роҳбараш, Амирбек Шашаев, нахост ба хабарнигорон дар бораи мушкили пешомада суҳбат кунад.
Дар ҳоле ки бошандагони ин бино ва биноҳои дигари гирифтори мушкили ҳамсон мегӯянд, ки мақомот ба шикоятҳои онҳо расидагӣ намекунад, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ гуфт, то оғози тахриби бино бояд ширкати сохтмонӣ ризояти соҳибмулконро дарёфт кунад. Ва дар айни замон, ба қавли ӯ, сокинон ҳам набояд ҷуброни ҳангуфт талаб намоянд.
Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, дар нишасти матбуотӣ гуфт: “Баъзе ҳолатҳое ҳаст, ки соҳибкорон мегӯянд, ҳамин қадар маблағ медиҳам, мефорад ҳамин, намефорад ба суд (додгоҳ) медиҳам. Ин нодуруст аст. Бояд, ки муросо кунанд.”
Ин дар ҳолест, ки намояндагони "Қасри бостонӣ" бе дарёфти ризояти ҳамаи сокинон, хатҳои телефону оби гарм ва макони партовҳоро дар хиёбони Айнӣ 13-и шаҳри Душанбе канда, дарахтони давродаври ин биноро буридаанд.
Шикоятҳо аз ба тавофуқ нарасидани соҳибмулкон бо ширкатҳои хонасоз дар Душанбе зиёд аст. Дар ним соли ҷорӣ дар кори ширкатҳои сохтмонӣ дар Тоҷикистон 3700 камбудӣ ошкор шуда, онҳо беш аз 300 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд. Аммо сокинон мегӯянд дар идораҳои давлатӣ ба доди онҳо ба дурустӣ намерасанд.
Гуфтугӯ