Таҳмина Азизова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, мегӯяд, ӯ ва аъзои оилааш, дар умум бист нафар, аз хонаи худашон берун карда шудаанд. Ҷое, ки бист соли охир якҷоя зиндагӣ доштанд. Ҳоло сарпаноҳе надоранд ва ба гуфтаи ӯ дар ба дар мегарданд.
"Ҳозир дар кӯча ҳастем. Дар хонаи ин қудо ва қудои дигар. Иҷора аз дуним, се ҳазор сомонӣ кам нест. Ҳамаи чизҳоямро гирифта, аз дарвоза берун карданд. Гуфтанд, рав, ба куҷое муроҷиат мекунӣ, кун. Намедонам, ба куҷо равам. Хоҳару бародар надорам. Ҷойи рафтан надорам," – гуфт Таҳмина Азизова ба Радиои Озодӣ.
Мушкили ин хонавода соли 2022 сар шудааст. Пас аз он ки бародари шавҳари Таҳмина Азизова аз зане бо номи Хосиятмоҳ Зуҳурова дар Душанбе 43 ҳазор доллар қарздор ва дар иваз хонаи онҳо ба гарав гузошта шуд.
Абдусаид Нуриддинов, шавҳари Таҳмина Азизова, гуфт, "додарам бо Хосиятмоҳ Зуҳурова додугирифт дошт. Якҷоя тиҷорат мекарданд. Баъд додари ман қарздор шуд. Ин зан гуфт, хонаатро ба номи ман кун, то пардохт шудани қарзи додарат чизе намегӯям. Додарат омаду қарзро дод, хонаҳоро бармегардонем. Баъди 15–20 рӯз сар кард, ки хонаро холӣ кун, хонаро холӣ кун."
Абдусаид мегӯяд, дар идораи сабти амвол бар асоси шартнома ду манзилро ба номи Хосиятмоҳ Зуҳурова гузаронидааст, вале амалан аз ӯ пуле нагирифтааст. Ба гуфтаи вай, маслиҳат карда буданд, ки ин як қарордоди рӯякӣ аст ва пас аз баргардонидани қарз дигарбора манзилҳоро ба номи худ мегузаронанд.
Хосиятмоҳ Зуҳурова, сокини шаҳри Душанбе, дар суҳбати бидуни сабт ба Радиои Озодӣ гуфт, бо Абдусаид Нуриддинов дар ҳақиқат қарордоди хариду фурӯши манзил доранд, вале иддаои рӯякӣ будани ҳуҷҷатро рад кард.
Ин зан таъкид намуд, ки додгоҳ ба баҳс баҳои ҳуқуқӣ додааст ва ӯ низ қарори додрасро мепазирад. Вай нахост, дар рӯ ба рӯи дурбини Радиои Озодӣ мавзуъро шарҳ диҳад.
Ҳоло Абдусаид Нуриддинов омода аст, қарзи бародарашро ба Хосиятмоҳ Зуҳурова баргардонад. Дар додгоҳ низ ба онҳо фурсат додаанд, ки бо ҳамдигар забон ёбанд. Тарафи дигари баҳс, ба қавли ин мард, ҳоло на 43 ҳазор доллар, балки 100 ҳазор доллар талаб дорад.
Абдусаид Нуриддинов иддао дорад, ки Ҳокимбек Зиёзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ, ба қазия баҳои яктарафа дода, далелҳои пешниҳодии онҳо, аз ҷумла сабти суҳбати Хосиятмоҳро дар идораи нотариалӣ нодида гирифтааст. Чизе, ки додраси парванда беасос хонда, таъкид намуд, ки "даъвои Абдусаид дар мавриди шартномаи рӯякӣ дар мурофиаҳои додгоҳӣ исботи худро наёфт."
Ба назари ҳуқуқдон Далер Қурбонов, аҳдҳои рӯякӣ барои кафолати баргардонидани қарз дар таҷриба зиёд аст, вале "барои исботи он далелҳои қавӣ ва таҳқиқу тафтиши мунсифона лозим аст".
Ӯ афзуд: "Агар тарафҳо шартномаи хариду фурӯш карда, аммо шартномаи гарав дар назар дошта бошанд, он гоҳ ин шартнома аз рӯзи имзо шуданаш беэътибор аст. Агар додгоҳ ин ҳолатро қабул кунад, тибқи моддаи 182-и Кодекси маданӣ ҳар тараф бояд ҳар чизеро, ки гирифтааст, бояд баргардонад. Далели қавӣ ба фоидаи Абдусаид ин аст, ки ӯ пас аз имзои шартнома манзилро тарк накардааст. Аммо ҳар тараф вазифадор аст он ҳолатҳоеро исбот кунад, ки ҳамчун асоси талаботи худ ба онҳо такя менамояд."
Дар ҳоле ки баҳси тарафҳои моҷаро идома дорад, қарори додгоҳ бетағийр мондааст. Акнун Абдусаид Нуриддинов, ки ба гуфтааш дигар ба адолати додгоҳӣ бовар надорад, ғарқи андеша аст, ки барои 20 узви хонавода дар куҷо сарпаноҳ ёбад ва чӣ гуна манзили аздастрафтаашро баргардонад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост: