Ҳадаф аз баргузории ин машқҳо, тақвияти амнияти марзҳо ва ҳамоҳангии амалиёти муштараки низомӣ гуфта шудааст. Вазорати дифои Қазоқистон рӯзи 5 август бо нашри эъломияе гуфт, ки марҳилаи аслии ин машқҳо дар тамрингоҳи низомии "Коктал" дар минтақаи Жетису, баргузор хоҳад шуд.
Кишварҳои узви СПАД дар ин машқҳо, ҷобаҷойии сареи нерӯҳо, фармондеҳӣ ва назорати муштарак ва анҷоми амалиёти муштарак дар баробари таҳдидҳои эҳтимолии амнияти фаромарзиро тамрин хоҳанд кард.
Ин машқҳо дар ҳоле баргузор мешаванд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бинобар нигарониҳои амниятии вобаста ба вазъияти Афғонистон, марзҳои ҷанубии худро аз наздик зери назар доранд.
Бар асоси нигаронииҳои ин паймон, эҳтимоли убури гурӯҳҳои мусаллаҳ аз Афғонистон, қочоқи силоҳ ва қочоқи маводи мухаддир, аз ҷумлаи таҳдидҳои муҳими амниятӣ дар минтақа ба шумор мераванд.
Дар охири моҳи август Таалатбек Масадиқов, дабири кулли СПАД гуфт, ки силоҳҳо ва таҷҳизоти низомии мавриди ниёз барои тақвияти амнияти марзҳои байни Тоҷикистон ва Афғонистон ниҳоӣ шуда ва аввал бахши он дар тирамоҳи имсол ба Тоҷикистон супурда мешавад.
Масадиқов гуфта буд, суботи марзи Афғонистон ва Тоҷикистон барои ҳама кишварҳои узви СПАД муҳим аст ва Русия нақши асосӣ дар таъмини силоҳ ба таҷҳизот барои Тоҷикистон ифо мекунад. Дабири кулли СПАД гуфт, ки иқдомоти феълӣ барои таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон кофӣ нест ва амнияти марзҳо ниёз ба тақвияти бештар дорад.
Дар пасманзари ин суханони дабир кулли СПАД, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон дар вокуниш нигарониҳо дар бораи вазъияти марзи Афғонистон ва Тоҷикистонро рад кард. Ӯ таъкид намуд, ки аз қаламрави Афғонистон ҳеч таҳдиде вуҷуд надорад ва Толибон амнияти марзҳоро таъмин мекунад.
Чанд рӯз баъд аз он, Владимир Путин, президенти Русия, дар мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, аз нигарониҳои амниятии Душанбе, бахусус дар мавриди рӯйдодҳои Афғонистон, огоҳ аст. Ин мулоқот рӯзи якуми сентябр дар шаҳри Бишкек ва дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой анҷом шуд.
Рӯзҳои 11-17 август ноҳияи Нусайи Афғонистон, ҳаммарз бо ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шоҳиди даргирии шадид миёни нерӯҳои "Толибон" ва як фармондеҳи норозии ин гурӯҳ буд.
Дар он рӯзҳо Ҷасмина, сокини 21-солаи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, бар асари тирандозӣ аз ҷониби Афғонистон ба ҳалокат расид. Мақомоти Тоҷикистон эътироз карданд. Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон" онро кори "афроди вайронкор ва фурсатталаб" донист, аммо аз касе ё гурӯҳе ном нагирифт.
Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1400 километр марз дорад.
Гуфтугӯ