Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуқуқи тоҷикони Афғонистон. Душанбе гуфт, дар Кобул чӣ гуна ҳукуматро дидан мехоҳад. ВИДЕО


Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири умури хориҷии Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, шаҳри Душанбе, 25-уми августи 2021

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи расмии кишварро дар баробари рӯйдодҳои Афғонистон рӯзи 25-уми август дар суҳбат бо вазири корҳои хориҷии Покистон баён дошт.

Муҳимтарин нуктаи он ҳифзи ҳуқуқи тоҷикони Афғонистон аст, ки ба навиштаи дафтари матбуоти президент, "зиёда аз 46 дарсади аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд".

Мавзеъгирии расмии Тоҷикистон пас аз даҳ рӯзи ишғоли Кобул аз тарафи ҷангҷӯёни "Толибон" садо дод. То ин дам бисёре аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Узбекистон, аз тамос бо гуруҳи "Толибон" дар мавриди таъмини амният дар сарҳад хабар дода буданд.

"Толибон", ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст, 15-уми август Кобулро ишғол кард ва феълан назорат бар Афғонистонро, ба ҷуз аз вилояти Панҷшер, дар ихтиёр дорад. Намояндагони гуруҳ гуфтаанд, дар ҳоли таъсиси шӯрои раҳбарии кишвар ҳастанд.

"Ба сари қудрат омадани ҳаракати Толибон дар Кобул раванди геосиёсии минтақаро дар марҳилаи кунунӣ боз ҳам печида кардааст. Далелҳо возеҳан нишон медиҳанд, ки Толибон аз ваъдаҳои қаблии худ ҷиҳати ташкил додани ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо иштироки васеи дигар нерӯҳои сиёсии кишвар даст кашида, ба бунёди аморати исломӣ омодагӣ мебинанд. Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд", -- навиштааст сомонаи президенти Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо вазири корҳои хориҷии Покистон, Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, гуфтааст, барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии Афғонистон "бояд ҳарчи зуд як ҳукумати инклюзивӣ ё фарогир бо иштироки ҳамаи ақаллиятҳои миллӣ, пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон" таъсис дода шавад.

"Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард. Таъкид гардид, ки тоҷикон дар Ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд", -- навиштаанд дар сомонаи президент аз қавли Эмомалӣ Раҳмон.

Суҳбати видеоиро дар инҷо бинед:

Ҳуқуқи тоҷикони Афғонистон. Душанбе гуфт, дар Кобул чӣ гуна ҳукуматро дидан мехоҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00

Пас аз даҳ рӯзи вожгунии ҳукумати Ашраф Ғанӣ ба дасти "Толибон", вазъ дар Афғонистон ҳамоно бӯҳронӣ мемонад. Ниҳодҳои давлатӣ амалан фалаҷ шуда, мардум дар ҳолати ноумедӣ қарор доранд. Рӯзона ҳазорон нафар тавассути парвозҳо аз Фурудгоҳи байналмилалии Кобул ба берун фирор мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир 33 вилояти Афғонистон ба шумули шаҳри Кобул дар ихтиёри "Толибон" қарор доранд. Дараи Панҷшер ягона минтақае аст, ки ҳоло нерӯҳои муқовимат бо раҳбарии Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон, дар он ҷойгир ҳастанд. Ин фармондеҳи ҷавон гуфтааст, омодаи гуфтугӯ бо "Толибон" аст, аммо дар сурати ҳамла ба Панҷшер муқовимат хоҳад кард.

Шарҳҳоро бинед (50)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG