Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паймони миллии Тоҷикистон хоҳони "ҳукумати шомили ҳамаи гурӯҳҳо ва қавмҳо" дар Афғонистон шуд


Як сарбози нирӯҳои баҳрии Амрико дар фурудгоҳи Кобул то омадани модар тифли навзоди ӯро дар дасташ нигоҳ медорад. 21-уми августи 2021
Як сарбози нирӯҳои баҳрии Амрико дар фурудгоҳи Кобул то омадани модар тифли навзоди ӯро дар дасташ нигоҳ медорад. 21-уми августи 2021

Паймони миллии Тоҷикистон, созмони вобаста ба мухолифини тоҷик дар хориҷа, ки фаъолияташ дар кишвар мамнуъст, аз вазъи сиёсӣ дар Афғонистон нигаронӣ кардааст.

Изҳороти созмон 22-юми август, пас аз як ҳафтаи ишғоли Афғонистон (ба ҷуз аз вилояти Панҷшер) аз тарафи "Толибон" нашр шуд. Дар он амнияту субот дар кишвари ҳамсояи Тоҷикистонро барои давлатҳои минтақа муҳим донистаанд.

Дар пасманзари аз Афғонистон рафтани нирӯҳои амрикоӣ ва ҳампаймонҳояшон, “Толибон” 15-уми август шаҳри Кобулро зери назорат даровард. Аъзои гурӯҳ пас аз 20 соли сарнагунӣ аз ҷониби нирӯҳои байнулмилалӣ дубора даъвои қудрат дар Афғонистонро доранд. Аммо ба сари кор омадани гурӯҳи тундраву усулгарои исломӣ боис ба нигаронии амиқи ҳамсояҳои Афғонистон ва аъзои дигари ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст.

Ин гурӯҳ дар замони раёсаташ дар Афғонистон (солҳои 1996-2001) шеваи тунду сахти ҳукмрониро бар асоси шариати ислом ба роҳ монда буд.

Дар изҳороти Паймони миллии Тоҷикистон, ки аз Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ иборат аст, ба эҷоди "як ҳукумати шомили ҳамаи гурӯҳҳо ва қавмҳо" ва поёни ҳарчи зудтари "халои ҳокимиятӣ” ибрози умед шудааст.

Дар остонаи ишғоли Кобул, президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ кишварро тарк кард. Ҳоло “Толибон” мегӯяд, дар фикри эҷоди як ҳукумати наву фарогир аз намояндагони тамоми гурӯҳҳои қавмӣ ва динӣ ҳаст. Вале на ҳама ба ваъдаҳои гурӯҳи ҷангӣ бовар доранд. Дар миёни онҳо занону духтароне ҳам зиёданд, ки дигарбора аз маҳрум шудан аз ҳаққи таҳсилу кор дар ташвишанд.

Паймони миллии Тоҷикистон ҳам дар баёнияаш гуфтааст, давоми "20 соли гузашта миллати шариф ва бародари афғон дар масоиле ба мисли озодии баён, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ба вижа занон дастовардҳои муҳиме доштааст. Ҳифзи ин дастовардҳо дар оянда барои таъмини сулҳу субот дар ин кишвар ва ҳамаи минтақа муҳим аст."

Ҳафтаи гузашта Ҳизби демократи Тоҷикистон бо нашри як баёния аз забт шудани ҳукумат дар Афғонистон аз сӯи “Толибон” ибрози нигаронии амиқ кард. Дар ин баёния “Толибон” як гуруҳи "харобкор" унвон шуда, аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хоста шудааст, барои паноҳандагони афғон виза ва асноди дигарро ройгон таъмин кунад.

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол дар бораи вазъи Афғонистон ба таври ошкор баёния нашр накардаанд. Вале бино ба хабару гузоришҳои сомонаи раиси ҷумҳурӣ ва Вазорати корҳои хориҷӣ, ин мавзуъ дар суҳбатҳои мақомот бо ҳамкорони беруниашон дар ҷойи аввал будааст.

XS
SM
MD
LG