Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо паноҳандаи афғонистонӣ дар фурудгоҳи Кӯлоб ҷой дода шудаанд. АКС 


Хаймаҳои паноҳандагони афғонистонӣ дар Кӯлоб
Хаймаҳои паноҳандагони афғонистонӣ дар Кӯлоб

Наздики ҳазор паноҳандаи афғонистониро барои интиқол ба кишвари сеюм дар як шаҳраки хаймаҳо дар фурудгоҳи Кӯлоб ҷой додаанд.

Мақомот расман вуруди паноҳандагон аз Афғонистонро шарҳ намедиҳанд, вале чанд манбаъ дар ҳукумати маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ду ҳафтаи охир ҳудуди ду ҳазор нафарро тариқи ҳавопаймо аз Кобул ба Кӯлоб оварданд ва нисфи онҳо ба кишвари сеюм интиқол ёфтанд. Сокинони маҳаллӣ парвози пай дар пайи ҳавопаймоҳои ношинос дар фазои Кӯлобро дар ду ҳафтаи охир мушоҳида мекунанд.

Акс аз хаймаҳои паноҳандагони афғонистонӣ дар Кӯлоб

Дар пайи тасарруфи Афғонистон аз ҷониби Толибон Амрико ва кишварҳои ғарбӣ эълон карданд, шаҳрвандонеро, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, аз ин кишвар берун меоранд. Дар ду ҳафта беш аз 114 ҳазор нафар аз Афғонистон ба хориҷ бароварда шудаанд. Созмони Милали Муттаҳид пешгӯӣ кардааст, ки шумораи умумии паноҳҷӯён аз Афғонистон аз ним миллион нафар бештар хоҳад буд.

Кишварҳои ғарбӣ қаблан аз Тоҷикистон хоста буданд, ки барои берун кардани ҳамкоронашон аз Афғонистон тариқи хоки ин кишвар кӯмак кунад. Тоҷикистон низ ба ҳайси кишвари транзитӣ иҷозат додааст, ки нерӯҳои эътилофи аз фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб, дар ҷануби кишвар истифода баранд.

“Ҳоло 820 паноҳанда дар фурудгоҳи Кӯлоб боқӣ мондаанд, ки дар наздиктарин рӯз ба кишвари сеюм бурда мешаванд. Паноҳандагони зиёде аз Афғонистон оварда шуданд, вале то кунун аз як ҳафта зиёд дар Кӯлоб намонданд ва онҳоро фавран ба кишвари сеюм бурданд.”,--гуфт як манбаи огоҳи Радиои Озодӣ дар мақомоти Кӯлоб.

Дар миёни паноҳандагон дар Кӯлоб занонону кӯдакон низ дида мешавад. Ба маълумоти як манбаи дигар таъминоти фирориён бо обу ғизо ва дорувор қаноатбахш буда, аз тарафи созмонҳои байнулмилалӣ расонда мешавад. Намояндагони ин созмонҳо ҳамарӯза аз ҳоли паноҳҷӯён хабар мегиранд.

Дар се моҳи ахир, дар пайи авҷи ҷанг миёни нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ва Толибон садҳо нафар ба хоки Тоҷикистон паноҳ бурданд, вале онҳоро мақомоти тоҷик дубора ба ватанашон пас гардонд.

Мақомот дар вилояти Хатлон эълон карда буданд, ки барои қабули даҳ ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ дар вилояти Хатлон ҷой омода кардаанд, вале то кунун аз вуҷуди ин паноҳгоҳ хабаре нест. Бархилофи ин изҳорот, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар нишасти хабарии ахири худ гуфт, кишвар ба бунёди ҳеч гуна паногоҳ барои фирориёни Афғонистон иқдом накардааст.

XS
SM
MD
LG