Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Hindustan Times": Ҳинд 78 касро аз Кобул берун овард ва тавассути Душанбе ба Деҳлӣ мебарад


Дипломатҳо ва кормандони сафорати Ҳинд, ки аз Кобул баргаштанд
Дипломатҳо ва кормандони сафорати Ҳинд, ки аз Кобул баргаштанд

Расонаҳои Ҳиндустон хабар доданд, ки 78 кас, аз ҷумла 46 сикҳ ва ҳиндутабори Афғонистон, аз Кобул бароварда шуданд ва рӯзи сешанбе бо як парвози вижа аз Душанбеи Тоҷикистон ба Деҳлӣ бурда мешаванд. Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Рӯзномаи "Hindustan Times" 24-уми август бо такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҳинд хабар дод, ки аз ин 78 нафар 25 каси онҳо шаҳрвандони Ҳинд мебошанд. Онҳо як руз пеш дар як ҳавопаймои ҳиндӣ аз Кобул ба Душанбе расонда шуданд.

Ҳинд дар ҳоли ҳозир ният дорад, дигар шаҳрвандони худ ва низ ҳиндутаборони афғонро аз Кобул барорад.

Пунет Синг Чандҳок, президенти Форуми ҷаҳонии ҳиндуҳо, гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир наздик ба 200 сикҳ ва ҳиндутабори афғон дар он кишвар дармондаанд. "Ба ин одамон дар минтақаи Кортаи Парвони Кобул дар наздикии фурудгоҳи ба номи Ҳомид Карзай паноҳгоҳ дода шудааст", -- гуфтааст ӯ ба хабаргузориҳо.

Ба навиштаи "Hindustan Times", Ҳинд рӯзи шанбеи гузашта наздик ба 540 нафар, аз ҷумла 475 шаҳрванди худро бо чанд парвоз аз Кобул, Душанбе ва Давҳа ба кишвар баргардонд. Наздик ба 200 нафар -- аз ин миён дипломатҳо, мақомот ва кормандони амниятии сафорати Ҳинд ва дигар шаҳрвандони ин кишвар дар ду рӯзи пас аз гирифта шудани Кобул аз сӯи Толибон, Афғонистонро тарк кардаанд.

Пас аз тасарруфи Кобул аз сӯи Толибон, раванди берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ аз Афғонистон суръат гирифтааст. Рузи гузашта мақомоти амрикоӣ эълон карданд, ки дар як ҳафтаи гузашта беш аз 25 ҳазор нафар тавассути Фурудгоҳи байналмилалии Кобул ба берун интиқол дода шуданд.

Охири ҳафтаи гузашта чанд сарчашмаи Радиои Озодӣ дар Кӯлоб ва Душанбе гуфтанд, даҳҳо сарбози Туркия дар Фурудгоҳи байнулиллии Кӯлоб, 200-километрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон ҷойгир карда шуданд. Қарор аст, онҳо аз ин ҷо ба кишвари худ расонда шаванд. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳо бо чанд ҳавопаймо ба Тоҷикистон оварда шудаанд.

XS
SM
MD
LG