Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чор ҳавопаймои низомиёни Туркия дар фурудгоҳи Кӯлоб поин омад. АКС


Яке аз ҳавопаймоҳои борбари ҳарбӣ, ки шоми 20-уми август низомиёни Туркияро аз Афғонистон дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб фуруд овард. Тоҷикистон қаламравашро ҳамчун кишвари транзитӣ дар интиқоли низомиёну муҳимот аз Афғонистон пешкаш кардааст.
Яке аз ҳавопаймоҳои борбари ҳарбӣ, ки шоми 20-уми август низомиёни Туркияро аз Афғонистон дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб фуруд овард. Тоҷикистон қаламравашро ҳамчун кишвари транзитӣ дар интиқоли низомиёну муҳимот аз Афғонистон пешкаш кардааст.

Бино бар маълумоти дарёфтии Радиои Озодӣ, рӯзи ҷумъаи 20 август шуморе аз низомиёни Туркия дар чанд ҳавопаймо ба Тоҷикистон интиқол дода шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора иттилои расмӣ надодаанд, вале чанд манбаи Радиои Озодӣ дар Кӯлоб ва Душанбе мегӯянд, даҳҳо сарбози Туркия дар ҳудуди фурудгоҳи байнулиллии Кӯлоб, 200-километрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон ҷойгир карда шуданд. Қарор аст, онҳо аз ин ҷо ба кишвари худ интиқол дода шаванд.

Манбаъҳо аз гуфтани шумораи ҳарбиёни Туркия худдорӣ мекунанд, вале яке аз онҳо ин ададро беш аз 30 нафар номид. Рӯшан нест, дар ҳар яке аз чаҳор ҳавопаймо ин шумори сарбозон буд ё ин шумораи умумист. Ҳамчунин алҳол маълум нест, кай низомиёни Туркия аз Тоҷикистон ба Туркия расонда хоҳанд шуд. Шаби ҷумъа сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагӯл ин ҳарбиёнро дар фурудгоҳи Кӯлоб пешвоз гирифтааст.

Як манбаи дигар дар мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфт, ки қаламрави пешинаи бахше аз пойгоҳи низомии пойгоҳи 201-уми Русияро, ки ҳоло дар он қисми низомии 13483-и Вазорати дифои Тоҷикистон ҷойгир аст, омода кардаанд, то дар сурати зарурат ҳарбиёни туркро дар ин ҷо ҷой диҳанд.

Туркия як бахше аз эътилофи байналмилалии Маъмурияти пуштибонӣ аз Афғонистон ба раҳбарии НАТО (Resolute Support Mission in Afghanistan) 500 низомии худро дар ин кишвар мустақар карда буд.

ИМА ва НАТО гуфтанд, ки то поёни моҳи август рисолати худро дар Афғонистон поён бурда, нирӯҳоро аз хоки ин кишвар берун мекунанд. Берун шудани нирӯҳо аз Афғонистон баъди 20 соли ҷанг ишғолгариҳои Толибонро дар кишвар суръат бахшид ва то 15-уми август ҷангиёни гурӯҳи шӯришӣ Кобул ва аксар қаламравҳои Афғонистонро таҳти назорати худ дароварданд. Ин вазъият боиси эҷоди бебандубориву воҳима дар фурудгоҳи Кобул гардид, ки то имрӯз таҳти назорати нирӯҳои эътилофиву амрикоӣ боқӣ мемонад.

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон чанд ҳафта пеш гуфт, ки низомиёни Туркия ҳам барои таъмини амнияти фурудгоҳи Кобул сафарбар мешаванд.

Ҳоло, ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, маълум нест, ки низомиёни турк, ки дар фурудгоҳи Кӯлоб қарор доранд, чӣ муддате дар он ҷо мустақар мешаванд. Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи ин ки “оё ҳузури онҳо рӯзҳо, ҳафтаҳо ё моҳҳо тӯл мекашад?”, як мақоми огоҳ аз нақшаҳои низомиёни турк гуфт, “фикр накунам, ки моҳҳо тӯл кашад, бояд зиёд вақт нагирад”.

Мақомоти Тоҷикистон, ки дар робита бо таҳаввулоти босуръат тағйирёбандаи Афғонистони ҳамсоя то ҳол изҳори назар накардаанд, мавзӯи дар хоки худ ҷой додани бахше аз нирӯҳои эътилофӣ дар Афғонистонро ҳам ошкоро шарҳ намедиҳанд.

Вале бино ба иттилои мақомоти амрикоӣ, Тоҷикистон яке он кишварҳост, ки барои истифодаи қаламраваш бо ҳадафи анҷоми амалиёти транзитӣ ба ҳангоми тарки Афғонистон кардани нирӯҳои амрикоиву байналмилалӣ мувофиқат кардааст. Рӯзи 20-уми август Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА дар Вашингтон гуфт, то ҳол 13 давлат барои қабули муваққатии паноҳҷӯёни афғон, ки бо омадани Толибон ҷонашон дар хатар аст, изҳори омодагӣ карда, даҳҳо давлати дигар барои хидмат ба унвони кишвари транзитӣ дар берун бурдани мардум ва муҳимот аз Афғонистон ёрӣ мекунанд. Ба иттилои Блинкен, дар миёни кишварҳое, ки омодаанд ба ҳайси нуқтаҳои транзитӣ хидмат кунанд, Баҳрайн, Бритониё, Дания, Олмон, Итолиё, Қазоқистон, Кувайт, Қатар, Тоҷикистон, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Узбекистон мебошанд. Нед Прайс, сухангӯи котиби давлатии ИМА афзуд, ки ин кишварҳо аллакай ҳоло барои интиқоли амрикоиҳо ва дигар гурӯҳҳо мусоидат мекунанд.

XS
SM
MD
LG