Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон: Афғонистон метавонад ба пойгоҳи террористони байналмилалӣ табдил шавад


Кобул, соли 2014. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомид Карзай. Душанбе ҳамеша гуфтааст, танҳо бо ҳукумати расмии Кобул ҳамкорӣ мекунад
Кобул, соли 2014. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомид Карзай. Душанбе ҳамеша гуфтааст, танҳо бо ҳукумати расмии Кобул ҳамкорӣ мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Шарл Мишел, президенти Шӯрои Аврупо шоми 26-уми август дар бораи таҳаввулоти сиёсии Афғонистон сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд. Вебсайти президенти Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар ин сӯҳбат гуфтааст, Афғонистонро хатари “фалокати гуманитарӣ ва оғози мавҷи нави муқовимати тӯлонии шаҳрвандӣ” таҳдид мекунад, ки вазъи минтақаи Осиёи Марказиро дар ҳолати ногувор қарор мегирад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, Афғонистон бо хатари табдил ёфтан ба “пойгоҳи террористони байналмилалӣ” рӯбарӯ шудааст.

Дар пасманзари тарки Афғонистон кардани нирӯҳои байналмилалӣ ва ИМА, "Толибон" то 15-уми август аксар қаламравҳои ин кишвар, аз ҷумла Кобулро ба даст оварда дар фикри ташкили ҳукумати нави худ мебошанд. "Толибон" дар Тоҷикистон ва аксар кишварҳои ҷаҳонӣ мамнӯъ ва тундгаро эълон шудаанд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳоло барои эътироф кардани Толибон ба унвони ҳукумати нави Афғонистон шитоб надоранд.

Раҳмон, ки қаблан гуфт, ҷонибдори дидани як ҳукумати фарогири иборат аз қавмҳои мухталифи маҳаллӣ мебошад, дар сӯҳбат бо Мишел бо изҳори таассуф гуфтааст, "Толибон" “сарфи назар аз итминони чандинбораи оммавии худ, аз таъсиси ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо ҷалби дигар неруҳои сиёсии кишвар даст кашиданд”. Ӯ гуфтааст, ки ҷонибдори “таъсиси низоми сулҳомез ва устувори давлатӣ дар Афғонистон бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ мебошад”. Ӯ афзуд: “Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки бе дарназардошти мавқеи кулли мардуми Афғонистон ва доираи васеи намояндагии ҳамаи миллатҳо, аз ҷумла тоҷикони этникӣ, инчунин узбекҳо, ҳазораҳо, туркманҳо ва дигар ақаллиятҳои миллӣ, ки дар он зиндагӣ мекунанд, таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард”.

Шарл Мишел, ки дар саҳифаи Твиттераш дар бораи сӯҳбат бо президенти Тоҷикистон ёдовар шудааст, мегӯяд, бо раҳбари Тоҷикистон мувофиқ аст, ки дар Афғонистон бояд як ҳукумати фарогир сари кор ояд. Ӯ инчунин навиштааст, ки президент Раҳмонро моҳи октябр ба Брюссел даъват кардааст.

XS
SM
MD
LG