Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ятимов гуфт, беш аз 15 ҳазор паноҳҷӯ аз Афғонистон ба Тоҷикистон омадаанд


Саймуъмин Ятимов
Саймуъмин Ятимов

"Дар ду моҳи охир беш аз 15 ҳазор паноҳҷӯ аз Афғонистон ба Тоҷикистон омадаанд." Дар ин бора Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар нишасте дар Маскав хабар дод.

Вай 13-уми октябр гуфт, "ҳар рӯз 500-600 кас мехоҳанд, аз сарҳади давлатӣ гузаранд. Мо афзоиши кӯшиши интиқоли маводи мухаддир, силоҳ ва муҳиммоти ҷангиро эҳсос мекунем."

Ин дар ҳолест, ки садҳо паноҳҷӯ дар ноҳияи Ишкошими Афғонистон, ҳаммарз бо Ишкошими Тоҷикистон, шикоят доштанд, ки Душанбе тақрибан як моҳ боз ба гузаштани онҳо иҷоза намедиҳад. Дертар паноҳҷӯён гуфтанд, нерӯҳои "Толибон" онҳоро бо таҳдид аз сарҳад рондаанд.

"Гуфтем, тоҷик ҳастем, Тоҷикистон мегузорад, аз инҷо бароем. Хайр аз Худо мешавад, киштӣ равон мекунед ё кори дигар, ин заҳматро бикашед. Мо ҳам одам ҳастем, заҳмататонро беҷавоб намемонем", -- гуфта буд яке аз занони паноҳҷӯ.

Дар се моҳи охир мавзӯи омадани паноҳандагони афғонистонӣ ба Тоҷикистон доғ шудааст.

Дар моҳи июн ва июли имсол мақомот аз ақибнишинии низомиёни ҳукумати Афғонистон ба хоки Тоҷикистон расман хабар дода буданд, аммо пас аз тасарруфи ин кишвар аз ҷониби "Толибон" дар бораи вуруди паноҳандагон иттилои расмӣ намедоданд.

Иттиҳоди Аврупо 14-уми сентябр дар хабарномае гуфта буд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон то 5 ҳазор фирорӣ аз Афғонистон паноҳ бурдаанд.

Буҳрони Афғонистон аз моҳи майи соли 2021, пас аз он шиддат ёфт, ки Амрико ба берун бурдани нерӯҳояш оғоз кард. Дар пасманзари берун рафтани нерӯҳои НАТО, "Толибон" фаъол шуданд ва аксар хоки Афғонистонро тасарруф карданд. Ҳоло онҳо "аморати исломӣ" ташкил карданд, ки ҳанӯз ба расмият шинохта нашудааст. Ҳазорон шаҳрванди Афғонистон бо тарс аз ҷонашон талош карданд, аз кишвар хориҷ шаванд.

Агар мехоҳед, ки хабару таҳлилҳои ҷолибро дар бораи Тоҷикистон бихонед, лутфан, замимаи Радиои Озодиро бигиред: Google Play; App Store
XS
SM
MD
LG