Тоҷикистон бозори як замони гарми сементашро дар Афғонистон ва Узбекистон қариб аз даст додааст. Вазири саноат ва фанновариҳои нав далели ин вазъро шарҳ дод.
Шералӣ Кабир дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт: "Узбекистон солҳои охир корхонаҳои калон сохт ва ҳоло истеҳсолоти онҳо аз 20 миллион тонна зиёд шуд. Албатта, ҳар давлат ҳифзи бозори худро мекунад, мо аз ин гила надорем. Онҳо барои манфиати худ боҷи воридотӣ монданд ва ҳозир содирот ба Узбекистон қариб, ки нест. Ба Афғонистон соли 2025 то 340 ҳазор тонна семент кам содирот шуд."
Коҳиши ба берун бурдани семент дар ҳолест, ки истеҳсоли он дар соли 2025 дар Тоҷикистон афзудааст. Дар Вазорати саноат гуфтанд, дар ин маврид зиёд нигарон нестанд, чун аз нигоҳи ин ниҳод талабот ба семент дар бозори дохилӣ кам нест.
“Нарх муътадил аст. Масалан, корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе қариб 1 миллион тонна сементро ба бозор баровард, лекин нарх он қадар поин нарафт. Чунки бозор талабот дорад. Яъне он чизе, ки содирот мешуд, баръакс дар дохил сарф мешавад. Ин як раванди хеле хуб аст,” – гуфт Шералӣ Кабир.
Иқтисоддони тоҷик Фозилҷон Фатҳуллоев бар хилофи иддаои вазири саноат, бар ин аст, ки ба далели гарон будани нархи сементи истеҳсоли Тоҷикистон он наметавонад дар бозорҳои кишварҳои ҳамсоя рақобатпазир бошад.
Ӯ афзуд: “Мушкили асосӣ дар он аст, ки Тоҷикистон барои истеҳсолкунандагони дохилӣ ягон навъи имтиёз ё сармоягузории назаррас таъмин карда натавониста истодааст. Аз ҳамин сабаб, дар бозори берунӣ сементи Тоҷикистон рақобатпазир шуда наметавонад аз нигоҳи нарх. Нархи сементи Тоҷикистон новобаста аз он ки сифатан беҳтар аст, хеле баланд аст. Мушкили асосӣ дар нарх аст”.
Узбекистон дар моҳи ноябри соли 2024 барои ҳар тонна сементи содиротии Тоҷикистон 300 доллар боҷи гумрукӣ талаб кард. То он муддат ҳамагӣ 35 доллар буд. То ҷорӣ шудани ин боҷи гумрукӣ, Тоҷикистон ба Узбекистон солона то 800 ҳазор тонна семент мебурд.
Ҳарчанд вазири саноати Тоҷикистон далели коҳиши содироти сементро ба Афғонистон ба вазъи ин кишвар дар соли 2025 рабт дод, бино ба маълумоти ҳукумати "Толибон", талабот ба семент ва ҳам арзиши он дар Афғонистон афзудааст.
Дар айни замон омори содироти семент, ки Вазорати саноати Тоҷикистон пешниҳод кард, бо омори ҳукумати "Толибон" мувофиқат намекунад.
Вазорат содироти сементро ба Афғонистонро дар тамоми соли гузашта каме беш аз 300 ҳазор тонна ва ба арзиши 16 миллион доллар эълон кард. Вазорати санъат ва тиҷорати "Толибон" гуфтааст, танҳо дар ҳашт моҳи соли 2025 аз Тоҷикистон ба маблағи 30 миллион доллар ҳудуди 420 ҳазор тонна семент ворид шуд.