Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аҳмад Масъуд барои музокирот ба Тоҷикистон омад, вале аз Толибон дарак нашуд"


Аҳмад Масъуд

Манбаъҳои наздик ба ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, ки Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, "бо як сафари кӯтоҳ ба Душанбе омад, аммо дубора ба Панҷшер бозгашт".

"Якуним рӯз дар Тоҷикистон буд"

Се манбаи аз ҳам ҷудо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, сафари Аҳмад Масъуд пас аз чаҳор рӯзи суҳбати раисҷумҳури Тоҷикистон ва сарвазири Покистон (моҳи сентябр) сурат гирифтааст. "Аҳмад Масъуд якуним рӯз дар Тоҷикистон буд", -- гуфт як манбаи боварбахш рӯзи 13-уми октябр ба Радиои Озодӣ.

Вай афзуд: "Аҳмад Масъуд бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон омада буд, то аз ӯ бипурсанд, ки то куҷо барои музокирот бо "Толибон" омода аст. Сарвазири Покистон гуфта буд, ӯ бо "Толибон" гап мезанад ва аз Эмомалӣ Раҳмон хост, бо Аҳмад Масъуд суҳбат кунад. Аҳмад Масъуд барои музокирот бо Толибон ризоият дод, аммо аз "Толибон" дигар хабар нашуд."

Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, Аҳмад Масъуд бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, мулоқот накарда, "бо писари ӯ, раиси Маҷлиси Миллӣ, Рустами Эмомалӣ, суҳбат доштааст." Мақомот дар ин бора ҳеч хабар надодаанд.

Ҷузъиёти суҳбати Аҳмад Масъуд дастрас нест, вале манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ҳадафи асосии ӯ, дар миёни гузоштани назараш бо ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди музокирот бо "Толибон" буд. Наздикони Аҳмад Масъуд сафари ӯро ба Тоҷикистон тасдиқ ё рад накардаанд. Сафорати Афғонистон дар Душанбе ҳамвора гуфтааст, ки ӯ дар Панҷшер аст.

Музокироти "Толибон ва тоҷикон"

Сарвазири Покистон 17-уми сентябри имсол бо президенти Тоҷикистон дар Душанбе мулоқот дошт. Дафтари матбуоти президент хабар дод, ки ду ҷониб дар мавриди ба роҳ мондани музокироти "Толибон ва тоҷикон" дар Душанбе ба мувофиқа расидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон
Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон

Имрон Хон 18-уми сентябр дар Твиттер навишт, ин мавзуъро бо "Толибон " дар миён гузоштааст. Аммо бо гузашти тақрибан як моҳ ҳеч хабари дигаре аз музокироти "Толибон" ва Ҷабҳаи муқовимат дар Душанбе нашр нашуд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ҳукумати "Толибон", дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, касе мавзӯи музокиротро дар Душанбе бо онҳо "шарик насохтааст".

Ба ҷойи ин "Толибон", нерӯҳои бештареро ба марзи Афғонистон бо Тоҷикистон фиристод ва ба таври ошкору ниҳон ба ҳамсояи худ таҳдид кард. Тоҷикистон дар посух назорат дар марзро таҳким бахшид ва дар наздикиҳои сарҳад бо Афғонистон паради низомӣ баргузор кард.

Дар ин муддат, ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ,

  • Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ – вазири дифои Афғонистон дар ҳукумати Ашраф Ғанӣ,
  • Салоҳуддин Раббонӣ – вазири собиқи умури хориҷии Афғонистон,
  • Амруллоҳ Солеҳ – муовини аввали раисҷумҳури барканоршудаи Афғонистон

бо сафари кӯтоҳмуддат ба Тоҷикистон сафар доштаанд.

Аҳмад Валӣ Масъуд, бародари Аҳмадшоҳ Масъуд низ феълан дар Тоҷикистон қарор дорад. Мавзӯи суҳбати онҳо бо мақомоти Тоҷикистон рӯшан нест, аммо шахсони наздик ба онҳо мегӯянд, сафар ба хотири "тасмим дар бораи ояндаи Афғонистон аст."

"Бар асоси қонунҳои байналмилалӣ кори дуруст аст"

Латифи Пидром, раиси Кунгураи миллии Афғонистон, ки ҳоло дар Тоҷикистон қарор дорад, гуфт, агар музокирот сурат гирад ва аҳдофи онҳо дар мавриди сохтани давлати ҳамшумул иҷро шавад, онҳо ҳеҷ гоҳ тарафдори ҷанг нахоҳанд буд.

Латифи Пидром
Латифи Пидром

Ӯ гуфт, ки "садо баланд кардани Тоҷикистон дар мавриди Афғонистон бар асоси қонунҳои байналмилалӣ як кори дуруст аст". Ба қавли ӯ, давлати Тоҷикистон, ки нисфи аҳолии Афғонистонро ҳамтаборонаш ташкил медиҳанд, наметавонад, дар мавриди сарнавишти онҳо хомӯш бимонад.

"Тоҷикистон бо ин мавқеияти кӯчак метавонад, нақши бузурге барои Афғонистон дошта бошад. Агар Тоҷикистон истод шавад, бе ризояити ӯ на Покистон ва на кишварҳои дигари таъсиргузор дар мавриди Афғонистон коре карда наметавонанд", -- афзуд ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, 13-уми октябр дар суҳбат бо президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба мавқеи қаблияш дар мавриди ҳалли мушкили Афғонистон, аз ҷумла ташкили ҳукумати фарогир, таъкид кардааст. Фаронса низ дар мавриди ҳукумати "Толибон" тақрибан мавзеи ҳамсон бо Тоҷикистонро дорад.

Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе, гуфт, имрӯз Тоҷикистон ба хотири "мавқеияти дурусташ дар мавриди "Толибон" дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтааст". Аз ин нигоҳ, ба бовари ӯ, Тоҷикистон кишваре шудааст, ки аксар чеҳраҳои мухолиф бо ҳукумати "Толибон"-ро ҷазб мекунад.

"Толибон" 15-уми августи имсол Кобулро тасарруф карданд. Бо гузашти наздик ба ду моҳ ҳеч кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст.

Тоҷикистон аз аввалин кишварҳое буд, ки ошкоро эълон кард, ҳукумати ин гуруҳро ба расмият нахоҳад шинохт, то замоне ки ҳукумати фарогир бо ҷойгоҳи шоистаи тоҷикон ташкил нашавад. Дар муқобил, муовини раиси ҳукумати "Толибон" 26-уми сентябр ба Тоҷикистон ҳушдор дод, ки ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат накунад, вагарна "ҳар кор пайомад дорад." Мақомоти Тоҷикистон дахолат дар умури Афғонистонро рад карда, гуфтаанд, ҳадафашон танҳо барқарории субот дар кишвари ҳамсоя ва ҳифзи ҳуқуқи тоҷикони он сӯйи марз аст.

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG