Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимофей К. – Гумонзад ба қатли як навраси тоҷик дар Русия кист?


Ҷойи ҳодиса. Акс аз 16 декабр
Ҷойи ҳодиса. Акс аз 16 декабр

Аз хонаводаи миёнҳол аст; бо баҳои севу чор мехонд; канораҷӯ буд; як соли охир аз дарсҳо мегурехт ва дар бораи миллатгароӣ гап мезад. Баъзе аз расонаҳои Русия Тимофей К., гумонзади понздаҳсола ба қатли навраси тоҷик Қобилҷон Алиевро аз қавли ҳамдарсонаш чунин тасвир кардаанд.

Ин ҳодиса 16 декабр дар мактаби ба номи Успенская дар шаҳри Одинтсовои вилояти Маскав рӯй дод ва бисёриҳоро дар Тоҷикистон таконзада кард. Тимофей К. дар синфи нуҳуми ҳамин мактаб мехонд, Қобилҷон Алиев дар синфи чаҳорум. Аввалиро дастгир кардаанд, дувумиро рӯзи 18-уми декабр дар канори қабри падараш дар ноҳияи Шаҳринави Тоҷикистон ба хок супориданд.

Баъзе аз ҳамдарсону дӯстони Тимофей К. ба расонаҳои Русия гуфтаанд, ки ӯ дар як бинои панҷошёна дар шаҳраки Горки-2 ва дар оилаи начандон доро мезист. Падару модараш дар гузашта дар ниҳодҳои вобаста аз дастгоҳи раёсатҷумҳурии Русия кор мекардаанд. Падараш дар бахши сохтмонҳои Рублевка, як минтақаи сарватмандон ва модараш дар Раёсати тандурустии ин дастгоҳ.

Ба тасвири дӯстонаш, Тимофей К. то хатми синфи ҳаштум бо ҳамдарсон муносибати хуб дошт, бо ҳама гап мезад ва аз гурӯҳи мушаххасе пайравӣ наменамуд. "Бо оғози соли нави таҳсил (2025) рафтораш ба таври ногаҳонӣ дигар шуд. Хонданаш суст шуд, аз дарсҳо мегурехт ва иртиботро бо ҳамсинфон қариб канда буд," -- навишт "Комсомолская Правда" рӯзи 16-уми декабр.

Ҳамин нашрияи чопи Маскав аз қавли ҳамдарсони навраси гумонзад меафзояд, "Тимофей ҳангоми танаффус дар мактаб танҳо менишаст ва аз дигарон дурӣ меҷуст. Чанд дафъа дидем, ки мегирист, вале вақте наздик мерафтем, зуд худро канор мекашид."

Ба гузориши нашрияи "Метро" (Маскав), гумонзад ба қатли навраси тоҷик дар бозии гурӯҳии GoreBlox (онлайн) низ фаъол будааст. "Тимофей К. яке аз онҳое буд, ки фаъолона усулҳои нави ҷангиро изофа мекард. Ин кори ӯ сабаби баҳсҳои доғ мешуд, чун бисёре аз онҳо дорои унсурҳои барангезандаи адовати миллӣ ва динӣ буданд," -- нигоштааст манбаъ.

Ин расона мегӯяд, Тимофей К. дар суҳбатҳои худмонӣ бо бозигарон низ ақидаҳои миллатгароёнаи худро пинҳон намекард, вале карйераи бозигарияш чанд моҳ пеш аз ҳамла ногаҳон ба поён расид.

Дертар Тимофей бо нашри 11 саҳифа маромнома ба ҳамсинфонаш аз "буҳрони фарҳанги аврупоӣ" ва нафраташ ба намояндагони дину миллатҳои дигар сухан гуфтааст. "Маромномаи "Хашми ман" аз тарафи ҳамсинфон ҳимоят наёфт, вале дар айни замон аксарият нияти наврасро ҷиддӣ нагирифтанд," – навишт "Метро" рӯзи 17-уми декабр.

Нашрияи "Аргументи и факти" менависад, ҳоло ҳамсинфону дӯстони Тимофей К. аз ҳодиса сахт ҳайратзада шудаанд. Чун ба тасвири онҳо, "ин наврас дар гузашта орому камгап буд ва касе ба тамоюлҳои ӯ, ки бачагона набуданд, шак намекард."

Ҳамдарсонаш ба ин нашрия гуфтаанд, "ба назар бачаи муқаррарӣ менамуд, баҳои севу чор мегирифт, вале бисёр вақт дар бораи миллатгароён шӯхӣ мекард. Ба аслиҳа ва мавзуъҳои ҳарбӣ шавқ дошт. Дӯстонаш кам буданд, бештар дар интернет."

Ҳамин нашрия мегӯяд, ҳангоми кофтукоби хонааш мақомоти ҳифзи ҳуқуқ туфангча, кӯлоҳ, зиреҳ, корд ва як ашёи монанд ба дастгоҳи таркандаи худсохт ёфтаанд. Дар рӯзи ҳамла ӯ нимтанае бар бар дошт, ки рӯяш "Ҷони ҳеч кас арзиш надорад" (шиори як гурӯҳи интернетӣ) навишта шудааст.

Вай борҳо аксҳои худро бо силоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр кардааст. Телевизиони "Дожд" мегӯяд, ӯ дар аксе Брентон Таррантро ба зодрӯзаш табрик гуфта буд. Касеро, ки соли 2019 дар Австралия 51 нафарро кушт ва 40 нафари дигарро захмӣ кард.

Ҳоло таҳқиқи ҳодиса дар мактаби шаҳри Одинтсово, ки сабаби қатли як навраси тоҷик шуд, идома дорад. Баъзе аз расонаҳои Русия суол гузоштаанд, ки чаро мактабу омӯзгорон ва наздикони Тимофей К. ба ин ҳама "аломатҳое”, ки ӯ дастикам дар як соли охир нишон додааст, сари вақт вокуниш накарданд.

XS
SM
MD
LG