Ду муаллимро дар марги шогирдон ҷавобгар медонанд
Ду омӯзгори мактаби рақами 60-ро дар шаҳри Истаравшан дар робита ба марги чаҳор шогирдашон боздошт кардаанд. Додситонии Хуҷанд онҳоро дар ҳодисаи ғарқ шудани наврасон ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Сир ҷавобгар медонад. Назари наздикон ва вакилони мудофеи омӯзгорон дар ҳоли ҳозир дастрас нест, вале мудири маорифи Суғд чанде пеш гуфт, ки наврасон ҳангоми саёҳат аз гуруҳ ҷудо шуда, худ ба оббозӣ рафтаанд.
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Оини мадоро
- Сафҳаи хонандагон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Нигористон
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Меҳмони Озодӣ
- Матолиби навтарин
- Озодӣ Онлайн
- Коронавирус
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод