Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусоҳиба бо муовини Эмомалӣ Раҳмон


Мусоҳиба бо муовини Эмомалӣ Раҳмон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:17:54 0:00

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори тоҷик ва муаллифи блоги “Рӯзи нав” дар остонаи интихоботи президентии Тоҷикистон бо муовини раиси ҳизби халқии демократӣ Хайриннисо Юсуфӣ суҳбат карда, аз ӯ дар бораи тавоноиҳои номзади ҳизб ва довталабони дигар пурсидааст.

Дар маъракаи интихоботӣ Радиои Озодӣ бо ҳамаи номзадҳо мусоҳибаҳои ҷудогона анҷом медиҳад ва ҳам чеҳранигории онҳоро мунташир менамояд. Бо ин ҳадаф Радиои Озодӣ дар нимаҳои моҳи сентябр ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ бо номае муроҷиат намуд, то чунин мусоҳибае баргузор гардад. Посухи мушаххаси хаттӣ наомад, вале сарони ҲХДТ пешниҳод карданд, чунин мусоҳиба бо шахси бовариноки номзад ҷараён гирад ва онро рӯзноманигори чирадаст Раҷаби Мирзо анҷом диҳад. Ин пешниҳод пазируфта шуд.
XS
SM
MD
LG