Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори манъи истифодаи таксиҳои куҳна бозбинӣ мешавад


Қарори манъи истифодаи таксиҳои куҳна бозбинӣ мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

Мақомот дар Душанбе мехоҳанд, қарори манъи истифодаи мошинҳои таксии истеҳсолашон то соли 2014-ро бозбинӣ кунанд. Маҳмадсаид Зубайдзода, муовини аввали шаҳрдори Душанбе, гуфт, бо эҳтимоли зиёд ба истифодаи мошинҳои кӯҳна, "аммо бо вазъи хуби техникӣ" иҷозаи хадамоти такси дода мешавад. Пештар намояндагони ҳукумати пойтахт гуфта буданд, аз моҳи январи имсол танҳо мошинҳои истеҳсолашон аз соли 2014 ба ин тараф ҳаққи хадамоти таксиро доранд ва ин иқдом нигаронии ронандаҳоро ба вуҷуд овард.

XS
SM
MD
LG