Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон ба Рӯҳонӣ: "Ба хонаи дувуми худ, хуш омадед"


Раҳмон ба Рӯҳонӣ: "Ба хонаи дувуми худ, хуш омадед"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00

Раҳбарони Тоҷикистону Эрон баъд аз чаҳор соли сардии равобит якдигарро гарм ба оғӯш кашиданд ва ба беҳтар шудани муносибатҳо таъкид карданд. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳасани Рӯҳонӣ баъд аз зуҳри 15-уми июн дар Душанбе сурат гирифт. Президенти Тоҷикистон дар оғоз Рӯҳониро, ба қавли ӯ, ба хонаи дувумаш "хуш омадед" гуфт. Раиси ҷумҳури Эрон ҳам ҷавоб дод, ки худро чун дар ватан эҳсос мекунад ва омодаи хуб шудани муносибатҳост. Баъдан мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Эрон баргузор шуд. Дар ин мулоқот вазири умури хориҷӣ, молия, нақлиёт, обу энержӣ ва ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ ҳузур доштанд. Видео бидуни шарҳ аст.

XS
SM
MD
LG