Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Иттиҳодияи Аврупо: Сафари Туск ба Душанбе сиёсӣ буд


Сафири Иттиҳодияи Аврупо: Сафари Туск ба Душанбе сиёсӣ буд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:28 0:00

Сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе аз сафари Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо ба Тоҷикистон натиҷагирӣ кард. Мерилен Йозефсон рӯзи 31-уми май дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҳадафи асосии сафари Туск муаррифии Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ будааст ва ба ин далел ин сафар бештар сиёсӣ унвон карда мешавад.

Дар посух ба ин суоли Радиои Озодӣ, ки тибқи Стратегияи нави Иттиҳодияи Аврупо чӣ миқдор маблағ барои кумак ба Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, хонум Йосефсон гуфт, матни ин ҳуҷҷат дар нимаи аввали моҳи оянда нашр мешавад ва то он замон вай ҳаққи эълони ин рақамҳоро надорад.
Намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар посух ба суоли хабарнигорон, ки ошӯбҳо дар ду зиндони Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунад, гуфт, Аврупо ҳамчунон ба ҳимоя аз ҳуқуқи инсон, адолати додгоҳӣ ва ислоҳот дар сохторҳои интизомӣ арҷ мегузорад. Аммо, ба гуфтаи вай, дар мавриди ошӯбҳо дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат, ки талафоти ҷонӣ дар пай дошт, бояд интизори натиҷаҳои таҳқиқоти расмӣ шуд.
Муносибати расмии Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон соли 1992 оғоз шудааст. Кумакҳои молиявии Иттиҳоди Аврупо дар оғози солҳои 2000-ум ба давлати Тоҷикистон солона 20 миллион евро буд ва айни замон иттиҳод ҳар сол то 35 милион евро кумак мерасонад.
Интизор меравад моҳи июни имсол стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ қабул шавад, ки ҳамкориро дар баробари мушкилоти иқтисодиву амниятӣ, ҳуқуқи башар, гармшавии иқлим, рушди бахши энержӣ ва роҳандозии ислоҳот дар назар дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG