Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Будҷаи хонаводаҳо аз ҷаҳиши нархи орд боз зарба хӯрд. ВИДЕО


Аз як моҳ ба ин сӯ қимати як халта орди 50-килоии навъи олӣ дар бозорҳои Тоҷикистон беш аз 15 дарсад боло рафтааст. Як халта орде, ки моҳе пеш дар бозори Душанбе тахминан 135-150 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло то 160-180 сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Сабаби боло рафтани нархи орд, ба қавли тоҷирони тоҷик, гарон шудани гандуми Қазоқистон ба Тоҷикистон мебошад.

"Барои хариди як халта орд бояд чанд рӯзи дигар кор кунам"

Нархи нави орд Муқаддас Ахмедова, як сокини Душанберо, ки аз нархи пешинаи он ҳам зиёд розӣ набуд, хеле нороҳат кардааст. Ӯ ду фарзанд дорад ва аз ҳисоби кори кироя рӯзона на бештар аз 30 сомонӣ маблағ ба даст меорад. Ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, афзоиши нархи орд ба будҷаи бе ин ҳам тиҳӣ ё холии хонаводааш зарба хоҳад зад.

Муқаддас Ахмедова, сокини Душанбе.
Муқаддас Ахмедова, сокини Душанбе.

Муқаддас, ки бо хабарнигорони Радиои Озодӣ дар беруни бозор сӯҳбат мекард, гуфт, нархи гарони орд дар бозор ӯро сахт нигарон кард. Вай гуфт: "Шароит бисёр бад аст. Пуле, ки ман дар як рӯз кор мекунам, агар даҳ сомонии он роҳкиро кунам, 20 сомонӣ дигар мемонад. Намедонед, ин пулро дигар дар хариди чӣ сарф кунед. Дар зиндагӣ танҳо харидани орд кофӣ нест, боз картошкаву равған ва дигар чизҳо низ лозим аст".

Маблағи Муқаддас ҳатто барои хариди орд дар ярмаркаҳои фурӯши ғизо, ки аз нархи дохили бозор фарқ дорад, намерасад. Ӯ соатҳо фикр кард ва гуфт, шояд барои хариди як халта орд чанд рӯзи дигар кор карда пул ҷамъ мекунад.

Орд гарон шуд, "акнун чӣ кор мекунем?"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:43 0:00

"Як халта ордро бо 175 сомонӣ харидам"

Саттор Халоқов, як сокини дигари пойтахт гуфт, ки чанд рӯзи пеш ду халта ордро ба маблағи 175 сомонӣ харидааст. Ин орд барои як моҳ мерасад ва дар пухтани нону таҳияи дигар навъи хӯришҳои хонагӣ сарф мешавад. Вай мегӯяд, ба фарқ аз моҳҳои пеш, ин моҳ нархи орд ба ҷайби ӯ дар ҳаҷми 60 сомонӣ зарба зад.

Вай мегӯяд, бо ин маблағ метавонист як камбуди дигари зиндагиро ҳал кунад. "Пештар 145-150 сомонӣ мехаридем, лекин якбора қимат шуд. Хонаи мардуми тоҷик бидуни нон намешавад. Хӯроки асосӣ нон ва маҳсулоти нонӣ аст. Дар шаҳр осиёб набошад, ки орд кунӣ. Барои ҳамин бояд орд харем",-гуфт Халоқов.

Барои хонаводаҳое бо даромади кам пухтани нон дар шароити хона хеле муҳим аст. Бархе ҳамсӯҳбатони мо гуфтанд, ки буҷаи хонаро бо назардошти арзиши нони тайёр дар бозор ва ҳам таҳияи нон дар хона ҳисоб карда ба хулосае омадаанд, ки таъмини нон аз ҳисоби бозор гоҳо то 70 дарсад гаронтар будааст. Аз ин рӯ, пухтани нон дар шароити хона як бахши муҳими зиндагии ин хонаводаҳо мебошад.

Мақомот мегӯянд, Тоҷикистон солона ба 2 миллион тонна маҳсулоти ғалладона ниёз дорад ва ҳудуди як миллиони он аз ҳисоби тавлидоти дохилӣ ба даст меояд. Боқӣ эҳтиёҷоти худро аз ҳисоби воридот таъмин мекунад, ки тақрибан 85 дарсадаш аз Қазоқистон оварда мешавад. Худи тоҷирони тоҷик ҳам мегӯянд, бозори орди кишвар аз Қазоқистон вобаста аст. Бо вуҷуди он ки мардум аз боло рафтани нархи орд нигаронӣ мекунанд, аммо тоҷирон мегӯянд, онҳо маҷбуранд барои нигоҳ доштани тиҷораташон нархро боло баранд.

Чаро қимати орд гарон шуд?

Хайриддин Ғафуров, як тоҷири бозори "Меҳргон" дар Душанбе гуфт, ҳоло дар дӯконаш як халта орди навъи олии 50-килоии Қазоқистон, аз 165 то 180 сомонӣ фурухта мешавад. Ин тоҷири тоҷик, ки ордҳои дӯконашро мустақиман аз корхонаҳои ордбарории Суғд ба Душанбе меорад, мегӯяд, як омили аслии болоравии нархи орд бо нархи гаронтар ворид шудани гандуми Қазоқистон ба корхонаҳои ордбарории Тоҷикистон мебошад.

Нон ва маҳсулоти дигари ордӣ аз маводи аслии ғизои аҳолии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Хайриддин Ғафуров гуфт, "аз тарафи дигар ба хотири гарон шудани сузишворӣ роҳкиро ҳам қимат шуд. Баъдан, то ҷое ман медонам, имсол дар Тоҷикистон ҳосили ғалладона кам будааст".

Оҷонсии захираҳои моддии назди ҳукумати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз болоравии аз ҳад беши нархи орд, интервенсия ё мудохилаи молиро ба бозор ба роҳ мондааст. Ин оҷонсӣ як халта ордро 15 сомонӣ арзонтар аз дохили бозор бо баҳои 150 сомонӣ мефурӯшад.

Фурӯшанда Заррина Самариддинова, ки ордҳои ин оҷонсиро мефурӯшад, гуфт, онҳо танҳо ҳаққи фурӯхтани ду халта орд ба як нафарро доранд ва вориди бозор шудани онҳо ба хотири нигоҳ доштани нархи муяйни мол аст. Ба гуфтаи Самариддинова, "вале мардуме, ки нархи дохили бозор барояшон гарон аст, метавонанд аз мо харидорӣ кунанд. Барои мисол, имрӯз ман танҳо 2,5 тонна ордро фурӯхтам".

Нон - маводи аслии ғизои аҳолии Тоҷикистон

Нон ва маҳсулоти дигари ордӣ аз маводи аслии ғизои аҳолии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мувофиқи ҳисобҳои Оҷонсии омор, як сокини миёнсоли дорои қобилияти корӣ дар Тоҷикистон дар як сол 150 кило нон истеъмол мекунад.

Аз ин хотир, дар Тоҷикистон аксарияти аҳолии фақиру эҳтиёҷманд бештар аз нисфи пули будҷаи хонаводаро барои харидани маводи ғизоӣ сарф мекунанд. Мардуми камбизоати тоҷик 54 дарсади калорияи лозим барои худро аз нону маҳсулоти ордӣ мегиранд. Аз ин рӯ, ҳама гуна тағйир дар нархи орд дар зиндагии хонаводаҳо таъсиргузор мешавад.

Сӯҳроб Оймаҳмадов, як иқтисоддони тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, Қазоқистон қаблан ба кишварҳое, ки аз он гандум ворид мекарданд, хабар дода буд, ки эҳтимолан бо сабаби камбориш ва камҳосил шудани ғалладона, нархи гандумро барои кишварҳои воридкунанда гаронтар кунад.

Аммо ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, касе ин ҳарфҳоро ҷиддӣ нагирифт ва ҳатто матбуот ҳам ин хабарро расонаӣ накард. Вай гуфт, "ҳоло ба хотири серхарид будани пахта, Тоҷикистон дар бештари заминҳояш тиллои сафед кишт мекунад ва ин як сабаби аслии ниёзмандии кишвар ба орду гандуми воридотӣ шудааст".

Қазоқистон феълан масъалаи эҳтимоли манъи содироти гандумро ба кишвари Осиёи Марказӣ баррасӣ дорад ва бархе саноатчиёни ин кишвар мехоҳанд, ки ин кишвар танҳо орд содир кунад, на гандум. Зеро дар ин ҳолат даромади Қазоқистон бештар хоҳад шуд.

Бар асоси омори расмӣ дар як соли гузаштаи 2017 ширкатҳо аз Қазоқистон ба Тоҷикистон як миллиону 14 ҳазор тонна гандум ворид кардаанд. Омори расмӣ мегӯяд, Қазоқистон ҳар тонна гандуми содиротии худро ба Тоҷикистон ба нархи 330 доллар мефурӯшад. Ҳоло миёни кишварҳои Осиёи Маркази 78 дарсади гандуми содиротии ин кишварро Тоҷикистону Узбекистон ворид мекунанд.

XS
SM
MD
LG