Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баробари боз шудани марзи миёни Тоҷикистону Узбекистон сели молу маҳсулоти арзони кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон сарозер шуд. Созишномаи равуои бидуни виза, ки оғози ин ҳафта аз тарафи порлумони Тоҷикистон тасвиб шуд, натанҳо шароити сафари сокинони Узбекистон, балки молу маҳсулоти онро низ ба Тоҷикистон ҳамвор кард.

Иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, дар чунин шароит Тоҷикистонро зарур аст барои ҳимояи истеҳсолкунандагони дохилӣ ё боҷи гумрукиро барои маҳсулоти Узбекистон боло барад ва ё ба корхонаҳои худ имтиёзи хос бидиҳад.

Дар Душанбе ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистон гурӯҳи сайёҳони Узбекистонро бо нону намак пешвоз гирифтанд. Аммо ба фарқ аз сайёҳон, молу маводи ғизоии истеҳсоли Узбекистонро дар Тоҷикистон чандон хуш напазируфтанд.

Бештар ба хотири арзониашон. Рӯзи 20-уми март як гурӯҳ тоҷирони узбек бо мошинҳои пур аз халтаҳои орд вориди Душанбе шуданд. Онҳо омода буданд, ки як халтаи ордро яклухт бо қимати 80 сомонӣ ва дар шакли чакана бар ивази 107 сомонӣ ба фурӯш гузоранд.

Як тоҷири "Автобазаи 2927" дар шаҳри Душанбе, ки макони фурӯши яклухти орд ба ҳисоб меравад, гуфт, тоҷирони узбек борашонро ба инҷо оварда хостаанд ба фурӯш бароранд, аммо тоҷирони бузурги орд онҳоро аз инҷо рондаанд. Тоҷирони узбек пас аз онки дар ҳеҷ яке аз бозорҳои Душанбе имкони бо чунин нарх ба фурӯш гузоштани маҳсулоташонро наёфтанд, ба шаҳри наздимарзии Турсунзода баргаштаанд.

Гаштугузори мо дар бозорҳои бузурги фурӯши хӯроквории шаҳри Душанбе, назири "Фаровон" ва "Саховат" собит кард, ки айни замон дар растаҳои ин бозорҳо умдатан орди истеҳсоли корхонаҳои ордкашии худи Тоҷикистон бо қимати 130-135 сомонӣ вобаста ба навъашон истодаанд.

Моли арзони Узбекистон ба кӣ маъқул нест?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:41 0:00

Назар Одиназода, муовини раиси Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон, рӯзи 20-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз аз соҳибкорони узбек ҳеч шикоят ба унвонии онҳо ворид нашудааст. "Мо дар ин бора ҳеҷ маълумот надорем. Мо танҳо тибқи иттилои расмӣ кор мекунем", - гуфт Одиназода.

Ин мақоми тоҷик гуфт, аз посух додан ба суоли инки оё ин ниҳод аз мавридҳои рақобати носолим ва монеъ шудан аз роҳёбии маҳсулоти арзони Узбекистон ба бозорҳои кишвар ҷилавгирӣ хоҳад кард, ё на, худдорӣ кард. Зимнан, дар поёни ҳафтаи гузашта низ як гурӯҳ аз соҳибкорони узбек дар ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд ба вокуниши тунди тоҷирони тоҷик рӯ ба рӯ шуда буданд, ки аз нархҳои ба маротиб арзони онҳо ба хашм омада буданд.

Намоишгоҳи маҳсулоти Узбакистон дар Душанбе.
Намоишгоҳи маҳсулоти Узбакистон дар Душанбе.

Фотеҳ Махсумзода, иқтисоддон ва тоҷири тоҷик, мегӯяд, асабонияти тоҷирон бесабаб нест, чун сарозер шудани молҳои арзони Узбекистон ба Тоҷикистон метавонад як гурӯҳ аз корхонаҳои истеҳсолиро дар Тоҷикистон касод кунад. Ба гуфтаи Фотеҳ Махсумзода, қабл аз ҳама саноати истеҳсоли орд ва корхонаҳои мурғпарварӣ зери зарба мемонанд.

"Ҳоло корхонаҳои орди мо гандумро аз Қазоқистон меоранд ва як халтаи 50-килограмии гандум бо нархи 80-81 сомонӣ ба Тоҷикистон мерасад. Як тоннааш 178 доллар аст. Аммо тоҷирони Узбекистон ҳоло ба 80 сомонӣ як халта орди тайёрро пешкаш мекунанд. Дар ин гуна шароит тоҷирони мо бо маҳсулоти Узбекистон чӣ гуна рақобат мекунанд?",-иброз дошт ин ҳамсӯҳбати мо.

Фотеҳ Махсумзода гуфт, корхонаҳои мурғпарварӣ низ зери фишор қарор мегиранд, чунки ҳоло нархи як қуттӣ тухм 24-25 сомонӣ аст, аммо тоҷирони Узбекистон бо нархи 17-18 сомонӣ тухм пешниҳод мекунанд.

"Корхонаҳои мурғи мо бо ҳамин нархе, ки буд, хароҷоти худро пӯшонда наметавонанд. Соле пеш ду корхонаи мурғ аз кор монда буд. Акнун фикр кунед, ки дар чунин рақобат онҳо ба чӣ ҳолат гирифтор мешаванд", - гуфт Махсумзода.

Ин иқтисоддони тоҷик мегӯяд, дар чунин шароит Тоҷикистонро зарур аст барои ҳимояи истеҳсолкунандагони дохилӣ ё боҷи гумрукиро барои маҳсулоти Узбекистон боло барад ва ё ба корхонаҳои худ имтиёзи хос бидиҳад. Чанде пеш Тоҷикистон ба корхонаҳои мурғпарварӣ ва истеҳсоли хӯроки чорво имтиёз дода, онҳоро аз пардохти баъзе навъҳои андоз озод кард.

Дар замони сард будани робитаҳо, Тоҷикистон бо Узбекистон камтарин робитаҳои иқтисодиро дошт. Дар соли 2015 ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар ҳамагӣ 12 миллион доллар буд. Аммо дар соли 2017 бинобар иттилои охирини Хадамоти гумрук гардиши савдо миёни ду кишвар ба 126 миллион доллар расид, ки аз ин ҳисоб беш аз 69 миллион доллараш воридоти молҳои Узбекистон ба Тоҷикистон аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG