Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъмоли нон кам, гӯшт зиёд шудааст. ВИДЕО


Оҷонсии омор бар асоси як пажӯҳиш маълум кардааст, ки сокинони Тоҷикистон истеъмоли нонро дар як сол 3 килограмм камтар карда, дар сабади истеъмолиашон як килограмм гушт бештар шудааст.

Дар Тоҷикистон истеъмоли нон кам, гӯшту тухм зиёд шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

Дар соли 2015 агар як сокини миёнасол ва дорои қувваи корӣ ба ҳисоби миёна 153 кило нон ва 14 кило гушт истеъмол мекард, дар соли 2016 маҳсулоти нонӣ ба 150 ва гушт ба 15 кило расидааст. Ин дар ҳолест, ки ба қавли табибон, ҳанӯз ҳам сокинони Тоҷикистон нону маҳсулоти ордиро аз 5 кило бештар ва гӯштро 10 кило камтар аз меъёр истеъмол мекардаанд.

“Сабади истеъмолӣ ғанӣ шудааст”

Абдувалӣ Қулов, раҳбари раёсати омори иҷтимоӣ ва демографияи Оҷонсии омори Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, кам шудани истеъмоли нон сабабҳои гуногун дорад, вале сабаби аслиаш андак ғанӣ гаштани сабади истеъмолии сокинони кишвар аз ҳисоби дигар навъи маҳсулот аст.

Ӯ гуфт: “Қобилияти харидории аҳолӣ зиёдтар шудааст. Аз ин рӯ, сабади истеъмолии онҳо ба ғайри нон, аз ҳисоби дигар маҳсулот низ ғанитар гашт. Сабади истеъмолии мардуми Тоҷикистон нон, гушт, тухм, картошка, пиёз, биринҷ дар маҷмӯъ 11 маҳсулот дохил мешавад. Ҳоло аҳолӣ ба он хотир нонро камтар истеъмол мекунад, ки сабади истеъмолиаш аз дигар навъи маҳсулот ғанитар шудааст.”

Абдулвалӣ Қулов.
Абдулвалӣ Қулов.

Ба сабади истеъмолӣ гӯшт, нон, тухм, наъҳои гуногуни сабзавоту мева, маҳсулоти донагии мисли лӯбиёву нахӯд, равған, шакар ва шириниҳои мисли шоколад дохил мешавад. Ин маҳсулот аз қабили маводи зарурӣ барои организми инсон маҳсуб мешавад.

Сабади истеъмолӣ барои ҳар нафар барои як моҳ дар Тоҷикистон 435 сомонӣ, баробар ба 55 доллар ҳисоб шудааст. Нархи як килограм гушт ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон то 30 сомонӣ ва нархи як халта орди то 50 килограма то 160 сомонӣ мерасад. Орд, равған ва шакарро аз маҳсулоти аслии мавриди истифодаи сокинон медонанд. Дар соли 2016, ба гуфтаи мутахасисони Оҷонсии омор, болоравии башиддати нархҳо мушоҳида нашудааст.

“Гушт не, колбаса зиёд шудааст”

Маҳтоб Абдуллоева, сокини 53-солаи шаҳри Душанбе, ки соҳиби панҷ фарзанд аст, зиндагиашро аз пуле мечархонад, ки шавҳараш аз Русия мефиристад ва худаш аз ҳисоби тиҷорати майдааш ба даст меорад. Ӯ гуфт, ҳоло дар ғизои кӯдакони ӯ истеъмоли ҳасиб афзудааст. Вай як кило ҳасибро аз бозори маҳаллӣ бо арзиши 10 то 30 сомонӣ мехарад ва маъмулан ин маҳсулот яке аз анвои субҳонаи кӯдаконаш мебошанд.

"Ҳоло дар ҳақиқат колбаса зиёд шудааст. Барои саҳар хӯрдани кӯдакон ҳамроҳ бо тухм мехарем. Дар ҳақиқат аз вақте колбасаву тухм зиёд шудааст, нонро бачаҳо камтар мехӯранд. Гушти асосиро ҳоло ҳам камтар мехарем",-гуфт ин сокини Душанбе.

Ҳоло, ба фарқ аз панҷ соли пеш дар мағозаҳои Тоҷикистон даҳҳо навъи ҳасиб бо қимати аз гӯшт поинтар фурӯхта мешавад. Барои сокинони Тоҷикистон, ки аксарият мусалмон ҳастанд, солҳои охир ҳасиби навъи “ҳалол”, ки дар корхонаҳои маҳаллӣ таҳия мешаванд, хушхарид шудааст.

Табибони тоҷик мегӯянд, бо ин вуҷуд ҳамоно дар миёни сокинони Тоҷикистон фарҳанги дар Аврупову Ғарб ҷоуфтодаи муроқибат аз ғизо, тарҷеҳ додан ба маҳсулот ва хӯроки сиҳӣ, парҳез аз чарбу хорестерин расм нашудааст.

Ғизошиноси тоҷик Ҷаҳон Азонзод мегӯяд, агар ин меъёр аз ҷониби аксарият риоя мешуд, буҷаи хонаводаҳо танзим ва сиҳҳатии мардум ҳам хеле беҳтар мегардид.

"Бубинед, ки меъёри рӯзонаи истеъмоли нон дар як рӯз 350 грамм аст, вале дар мо тақрибан сад грам бештар истеъмол мекунанд. Ҳар навъи маҳсулоте, ки аз меъёр зиёд истеъмол мешавад, ба саломатӣ зиён мерасонад", - гуфт ӯ.

Ин ғизошиноси тоҷик мегӯяд, риоя накардани қоидаи истеъмоли ғизо аксари сокинонро ба бемории захми меъда гирифтор мекунад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, бояд ба сокинон реҷа ва меъёри истеъмоли ғизоро биомӯзонем.

Табибони тоҷик мегӯянд, аксар анвои ғизоҳои миллӣ серчарб ва сангин буда, барои беморон истеъмоли оши палаву кабоб, шашлику самбӯса, ғизоҳои хамирии мисли бараку манту машварат дода намешавад. Вале барои пазириши ин воқеият ҳанӯз ҳам зеҳни бисёриҳо омода нест ва танҳо баъди муроҷиат ба духтур бо захми меъда ё маризии дигар бисёриҳо аз ночоӣ ба парҳез тан медиҳанд ва аз ҳамин ҷараёни худдорӣ аз ғизоҳои одатшуда азият мешаванд.

Оҷонсии омор дар ҳоле аз тағйир дар сабади истеъмолии сокинони Тоҷикистон сӯҳбат мекунад, ки бар асоси охирин ҳисобҳо сатҳи камбизоатӣ низ дар ин кишвар поин рафтааст.

Солҳои 2000-ум беш аз 70 дар сади сокинони Тоҷикистон камбизоат дониста мешуд. Дар муддати ин солҳо бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ мизони камбизоатӣ ду баробар коҳиш дода шуд. Ҳоло Оҷонсии омор мегӯяд, танҳо 30 дар сади сокинони Тоҷикистон рӯзе бо 2 доллар зиндагӣ мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG