Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Тоҷикистонро гуруснагӣ таҳдид мекунад?


Муассисаи кишоварзии CММ гуфтааст, ки ҳосили ғалла дар Тоҷикистон имсол назар ба соли гузашта камтар шудааст.

Ва ба ин далел Тоҷикистон ба воридоти миқдори қобили мулоҳизаи ғалладона, аз ҷумла гандум ниёз дорад. Ин дар ҳолест, ки қимати орд дар бозорҳои Тоҷикистон низ назар ба як соли пеш 30 дарсад боло рафтааст. Муассисаҳои вобаста ба СММ мегӯянд, Тоҷикистон ба воридоти 960 ҳазор тонна ғаладонагӣ ниёз дорад, то аз пеш омадани гуруснагӣ ва буҳрони ғизоӣ ҷилавгирӣ кунад.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузоришҳои муталифи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ва инчунин ташкилотҳои миллӣ, ҳар нафар ба ҳисоби миёна ҳудуди 70 дарсади даромади худро дар Тоҷикистон барои харидории ғизо масраф мекунад. Бо ин вуҷуд сабади истеъмолӣ, яъне низёмандии биологии ҳар шахс ба ғизо дар Тоҷикистон баробари 120 сомонӣ муайян шудааст.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00
Линки мустақим

Аммо иқтисоддонҳо мегӯянд, ки роҷеъ ба ниёзмандии биологӣ ба ғизо дар Тоҷикистон ва таносуби он ба қимати бозор, яъне барои дақиқан мушаххас кардани арзиши сабади истеъмолӣ дар Тоҷикистон, таҳқиқоте анҷом нашудааст. Аммо ин дақиқ аст, ки бо 120 сомонӣ намешавад ба ниёзи табии инсон ба ғизо посух гуфт.

САБАДИ ИСТЕЪМОЛИИ ТОҶИКОН- "БИХӮРУ НАМУР"

Давлатмурод Ҷумъаев, иқтисоддони тоҷик ва раиси Анҷумани пуштибон аз рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мегӯяд: «Сабади истеъмолии мо фақат барои «бихуру намир» аст. Тасаввур кунед, як ноне, ки дусад грамм вазн дорад, 1 сомонӣ аст. Агар ҳисоб кунем, ки як одам дар як рӯз ду нони яксомонӣ бихӯрад, фақат 60 сомонӣ дар як моҳ барои фақат нон даркор мешавад. Одам фақат нон намехурад ку. Бояд камтар чойю қанд, картошака, пиёз ва меваву дигар чиз ҳам бихӯрад. Барои ҳамин ба назари ман ками камаш бояд даҳ сомонӣ ҳар рӯз лозим аст, ки як нафар гурусна намонад.»

Қимати сабади истеъмолии барои як нафар дар Тоҷикистон моҳи август, 120 сомонӣ ё 25 долларро ташкил медод, агарчӣ сабади истеъмолии мувофиқ барои як тоҷик бояд на камтар аз 248 сомонӣ ва ё баробари 52 доллар бошад. Гуфтанист, ахиран раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ хостори бознигарии меъёри сабади истеъмолӣ дар Тоҷикистон шудааст.

ҚОБИЛИЯТИ ХАРИДОРИИ БЕШТАР АЗ ОИДОТИ РАСМӢ

Бино ба омори расмӣ, нисфе аз аҳолии 7 миллиюн нафарии Тоҷикистон дар зери хати фақр ба сар мебаранд. Ин ҳисобест, ки бар асоси оидоти сокинони онҷо бароварда шудааст. Аммо феълан манбаи аслии даромади хонаводаҳои тоҷикро пули интиқолии муҳоҷирони корӣ аз Русия ташкил медиҳад, ки солона ба ҳудуди 3 милиард доллар мерасад. Ва манбаву ҷои масрафу шахси аслии дастраскунандаи ин пулҳо на ҳамеша ба сурати расмӣ сабт мешавад.

Аз ин ҷост, ки Тоҷикистон аз нодиртарин кишварҳоест, ки қобилияти харидории сокинонаш ба маротиб аз оидоти расмии онҳо бештар аст. Яъне давлат натавонистааст то кунун иқтисод, оидот, масрафот ва гардиши пулро танзим кунад, то ҳисоби дурусте аз мизони фақру фақрзудоӣ ҳосил шавад. Ба ҳар суоле, ки вобаста ба гузориши СММ халқ мешавад, ин аст, ки агар ҳосили ғалла кам шудааст, оё имкони пеш омадани буҳрони ғизоӣ ё сар задани гуруснагӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад?

"ТОҶИКИСТОНРО ГУРУСНАГӢ ТАҲДИД НАМЕКУНАД"

Таҳлилгарон ин имконро рад мекунанд ва мегӯянд, ки Тоҷикистонро гуруснагӣ таҳдид намекунад. Аммо он чӣ таҳдид мекунад, вобаста ба кам шудани ҳосил, ниёз ба воридот ва афзоиши нархи маводи сӯхт боз ҳам боло рафтани қимати орд хоҳад буд.

Аммо муассисаҳои СММ ҳамчунин дар гузориши худ гуфтаанд, ки имсол қимати биринҷ дар бозорҳо тағйири зиёде нахоҳад кард ва Тоҷикистон зарурат ба ворид кардани танҳо 29 ҳазор тонна биринҷ нахоҳад дошт. Вале бино ба ин гузориш, ҳосили картошка имсол дар Тоҷикистон ба 862 ҳазор тонна расидааст, ки назар ба соли гузашта 27 дар сад бештар аст.

Масъала ин аст, ки арзёбии муассисаҳои СММ умдатан бар асоси гузоришҳои ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон омода шудааст, ки ҳамеша коршиносон ин гузоришҳои ниҳодҳои давлатиро камтар ё бештар аз воқеъият донистаанд.
XS
SM
MD
LG