Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзиши сабади истеъмолии Тоҷикистон боло меравад


Ҳарчанд нархи ғалладона дар минтақа дар семоҳаи аввали 2015 собит буд, аммо дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввал қимати орд 17 дарсад афзуд ва аз 145 сомонии қаблӣ ба 180 сомонӣ расид.

Созмони ҷаҳонии озуқаворӣ мегӯяд, ки тағйири қимати маводи ғизоӣ дар се моҳи ахир дар Тоҷикистон арзиши сабади истеъмолиро дар кишвар фавқулода тағйир додааст ва аз ин нигоҳ Тоҷикистону Сурияи ҷангзада дар як радиф ҳастанд.

Бахусус, боло рафтани нархи ғалладона ва орд дар Тоҷикистон ба ҷайби мардуми камбизоат ва эҳтиёҷманд зарба зада ва харҷи онҳоро барои маводи ғизоӣ боло бурдааст. Агарчӣ қимати ғалладона дар минтақа дар семоҳаи ахири соли 2014 ва семоҳаи аввали соли 2015 собит буд ва ё арзонтар мешуд, аммо дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввал қимати орд 17 дарсад афзуд ва аз 145 сомонии қаблӣ ба 180 сомонӣ расид.

Таҳқиқи бозорҳои Тоҷикистон нишон додааст, ки нархи миёнаи орд дар бозорҳои бузурги кишвар назар ба моҳи марти соли 2014-ум 27 дарсад боло рафтааст. Як силсила омилҳо сабаби боло рафтани қурби орд дар Тоҷикистон шудааст, аз ҷумла пойин омадани қурби пули миллӣ, боло рафтани арзиши доллар, боло рафтани қимати интиқоли молу коло ва камтар шудани тавлиди ғалладона дар дохили кишвар. Ҳарчанд қимати орд дар Қазоқистон дар моҳи марту апрел се дарсад поин омадааст, вале беқурбшавии пули миллӣ сабаб шудааст, ки арзонӣ ба нестӣ биравад ва орд барои мардум бо нархи гаронтар фурӯхта шавад. Арзиши сомонӣ танҳо дар моҳи март дар баробари доллар 24 дарсад ва моҳи апрел дар баробари тангаи қазоқӣ 22 дарсад поин омад.

Дар баробари Тоҷикистон ҳамчунин қимати сабади ғизоӣ дар Қирғизистон ҳамсоя ва Ямани ҷангзада боло рафтааст. Дар ин кишварҳо аксарияти аҳолии фақиру эҳтиёҷманд бештар аз нисфи маблағи сабади истеъмолиро барои харидани маводи ғизоӣ сарф мекунанд ва хӯроки асосиашон нону ғалладона аст.

Дар Тоҷикистон мардуми камбизоат 54 дарсади калорияи лозим барои худро аз нону маҳсулоти нонӣ мегиранд. Аз ин рӯ ҳаргуна тағйир дар қимати маводи ғизоӣ дастурхони ин мардумро тағйир медиҳад ва масалан аҳолии камбизоати рустоҳои Тоҷикистон маҷбур мешаванд, ки хӯрдани шӯрбову дигар ғизоҳои маъмулиро кам кунанд ва ба нону қандчой гузаранд.

Маҳсулоти асосии сабади истеъмолӣ ба гуфтаи Созмони ҷаҳонии озуқаворӣ, орд ё биринҷ, наску нахӯд, рӯғани рустанӣ, қанд ва намак аст. Аввали имсол мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки сабади истеъмолӣ барои ҳар нафар дар кишвар 435 сомонӣ, баробар ба 65 долларро ташкил медиҳад ва чунин ба назар мерасад, ки бо боло рафтани қиматҳо баландтар мешавад. Мутахассисон мегӯянд, хонаводаҳое, ки пули муҳоҷирон манбаи асосии рӯзгузарониашон аст, бо назардошти кам шудани имконоти кор дар Русия ва поин омадани қурби сомонӣ азоб хоҳанд кашид.

Интизор меравад, ки муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия бинобар бӯҳрон дар он кишвар камтар мешавад ва Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши ахири худ гуфтааст, дар пайи бӯҳрони Русия ва арзонии нафт, интиқоли пулҳои муҳоҷирон ба Осиёи Марказӣ коҳиш меёбад ва мумкин аст, ин тамоюл дар ду соли наздик фақру камбизоатирo бештар кунад.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гароншавии нархи ордро дар кишвар пешбинӣ кардааст. Дар гузориши апрелии "Мониторинг ва огоҳсозии қаблӣ"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо омадааст, маҳдудияти эҷодкардаи Русия барои содироти гандумаш метавонад, талабгорони гандуми Қазоқистонро бештар кунад, ки дар натиҷа ба болоравии нархи орд сабаб хоҳад шуд.

"Ин аст, ки нархи орд дар Тоҷикистон ва Афғонистони ҳамсоя гарон мешавад,"-омадааст дар гузориши вазорат. Дар идомаи ин гузориш омадааст, Тоҷикистон ба камбуди картошка, яке аз дигар маҳсулоти ғизоии асосии сокинони кишвар низ рӯбарӯст. Аммо ба қавли гузоришгарон, содироти картошка аз Покистон ба кишвар идома дорад ва ин пеши роҳи гарон шудани нархи ин нави маҳсулотро хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG