Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cабади истеъмолии иборат аз нону чой


Бар пояи кумитаи омори вилояти Суғд, дар соли гузаштаи 2008 сокинони вилоят барои ғизо ҳармоҳа ҳудуди 85 сомонӣ масраф кардаанд.

Абдумаҷид Саъдуллоев, сардори кумитаи мазкур, гуфт, ки дар асл маблағи сабади истеъмолии якмоҳаи ғизо барои як нафар 175 сомонӣ, ҳудуди 50 доллари амрикоӣ, муқаррар шудааст. Мутахассисини кумитаи омор ин рақамро дар асоси назарсанҷии сарфи буҷаи оилавӣ дар миёни 300 хонаводаи гуногуни суғдӣ муайян кардаанд. Дар ҳоле ки дар Тоҷикистон ҳанӯз қонун дар бораи сабади истеъмолӣ қабул нашудааст, масъулини кумитаи омор 175 сомониро маблағи сабади истеъмолии сокинон ном мебаранд.

Ба гуфтаи онҳо, сабади истеъмолӣ ҳама анвои ғизои аслии барои зиндагии якмоҳаи як нафарро дар бар мегирад. Вале дар асл, меафзояд А. Саъдуллоев, барои қисми бисёри сокинони Суғд нону чой хӯроки асосӣ ба ҳисоб меравад. Бар илова сокинони оддии шаҳрҳо дастархонҳои худро бо шакар ва конфетҳо, сокинони деҳот – бо меваҳои хушку тар ва як маротиба бо хӯроки гарм, одатан дар шомгоҳон зеб медиҳанд.

85 сомонӣ - маблағе, ки аз рӯи маълумоти кумитаи омор дар соли гузаштаи 2008 сокинони Суғд ҳармоҳа барои ғизои як нафар сарф кардаанд, баробари арзиши як халта орди 50 килоӣ дар Тоҷикистон аст.

Вале сокинони оддии Суғд, ки дар кӯчаву хиёбонҳо ва бозорҳои Хуҷанд бо онҳо ҳамсуҳбат шудем, маблағи сабади истеъмолӣ - 175 сомониро ғайривоқеӣ меҳисобанд. Ба гуфтаи онҳо, ғизои миёнаи якмоҳаи як кас бо нархҳои имрӯза камаш бо 300–400 сомонӣ фароҳам мешавад. Коршинос Набиуллоҳи Суннатӣ мегӯяд, эҳтимол кумитаи омор бо паст нишон додани маблағи сабади истеъмолӣ мехоҳад фосилаи байни маоши ҳадди ақал, моҳонаи миёна ва маблағи сабади истеъмолиро камтар ва мавқеи давлату ҳукуматро дар ҳимояти ғизоии сокинон беҳтар ҷилва диҳад.

Дар Тоҷикистон маоши ҳадди ақал 60 сомонӣ, беш аз 15 доллари амрикоӣ мебошад ва маоши миёнаи сокинони Суғд дар соли 2008, биноба маълумоти кумитаи омор, ҳудуди 165 сомониро ташкил додааст. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, тақрибан 65 дарсади сокинони Суғд дар зери мизони фақр ба сар мебаранд.

Вале дар ҳамин гуна шароит аз нигоҳи масъулини кумитаи омор, сокинон чи тавр тавонистаанд бо сарфи 85 сомонӣ барои як кас зиндагӣ кунанд, мавзуи дигар аст. Зеро баҳс боз ҳам сари масъалаи то кадом андоза воқеӣ будани маълумоти кумитаи омор бармегардад ва аз сӯи дигар - масъулин аз шаҳри бештар дар ин бора худдорӣ меварзанд.

Вале он чӣ маълумоти расмӣ мегӯяд, қисмати қобили мулоҳизаи сокинони вилоят аз бемориҳои камхунӣ, ҷоғар, норасоии витаминҳо ва ғайра ранҷ мебаранд, ки аз камбуди ғизову витаминҳо сар мезананд. Ба ҳар ҳол сокинони Суғд бо баҳои ҷон дар чунин шароити 85 сомонӣ будани сабади исътемолӣ зистанро ҳам таҷриба мекунанд. Уктам-амаки 63-сола, сокини шаҳри Хуҷанд, соҳиби 7 нафар аҳли байт аз давлат 60 сомонӣ нафақа дарёфт мекунад. Ӯ мегӯяд, ин маблағ барои таҳияи ғизои якмоҳаи як кас ҳам кофӣ нест. Аз ин рӯ, Уктам-амак дар бозори Панҷшанбе аробакашӣ мекунад ва мегӯяд, худрову аҳли оилаашро ба кам хӯрдан ва қаноат кардан одат мекунонад.
XS
SM
MD
LG