Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷилави нарх дар дасти кӣ бошад: мақомот ё тоҷирон? ВИДЕО


Баъзе аз тоҷирони бозорҳои Душанбе танзими нархи 16 номгӯи маҳсулотро аз тарафи нозирони Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон имконпазир донистанд. Аммо гуфтанд, нархҳо бояд ончунон танзим шаванд, ки на ба ҷайби мардум осеб бирасад ва на ба кисаи соҳибкорон.

Ҳозир савдои мо харҷамонро намепӯшонад. Чунки савдо нест. Агар аз боло арзон шавад, мо ҳам арзон мефурӯшем

Тарафдорону мухолифон чӣ мегӯянд?

Ин тасмим дар ҷомеаи кишвар боис ба вокунишҳои мухталиф шудааст. Бисёре аз корбарон дар торнамои Радиои Озодӣ низ аз эҳтимоли "давлатӣ" шудани нархи баъзе маҳсулот тарафдорӣ кардаанд. Як назарсанҷии ғайрирасмӣ дар сомона ҳам нишон дод, ки аз тақрибан 800 назардиҳанда 76 дарсади онҳо аз давлатӣ шудани нархи маҳсулот дар Тоҷикистон ҷонибдорӣ намудаанд. Ба умеди инки мақомот нархро арзон ва барои ҳамаи бозору мағозаҳо яксон таъйин мекунанд.

Айни ҳол бархе аз корбарон навиштаанд, "танзими нарх танҳо дар фурӯшгоҳҳои давлатӣ ва ба амволи давлатӣ мантиқ дорад. Деҳқону қассоб вобаста ба харҷу заҳмат ва таваррум бояд нархгузорӣ кунад."

Даъватҳо ба танзими нархи сӯзишворӣ

Ин гуруҳи назарнависон аз эҳтимоли "дефитсит" ё камёфт шудани молу маҳсулот дар бозорҳо низ нигаронӣ карда, бештар хостори танзими нархи сӯзишворӣ дар кишвар шудаанд. Онҳо бовар доранд, ки дар як сатҳ ва муътадил нигоҳ доштани нархи сӯзишворӣ нархи маҳсулотро дар бозорҳои кишвар ба танзим хоҳад даровард.

Бештари маҳсулот ба Тоҷикистон аз хориҷ ворид шуда, аз як гӯша ба гӯшаи дигари кишвар тариқи мошинҳои боркашон бурда мешавад ва пасту болоравии нархи сӯзишворӣ ҳатман ба нархи маҳсулот бетаъсир нахоҳад монд.

Назари дигаронро дар инҷо бихонед:

Бозгашт ба СССР? Нархи 16 маҳсулот дар Тоҷикистон давлатӣ шуд. ВИДЕО

Фурӯшандаҳо: Аз боло арзон шавад, арзон мефурӯшем

Суҳроби Рустамзод, як фурӯшандаи орд дар Душанбе, ҳам гуфт, "як халта ордро дар мошинҳои боркашон аз Суғд ба ивази 3 сомонӣ меоварданд. Ҳоло 7-8 сомонӣ мегиранд. Қиматӣ аз ҳисоби роҳкиро аст. Як халта ордро ба 145 сомонӣ гирифта, ба 148 сомонӣ мефурӯшам. Ҳамин се сомонӣ намонад, аз куҷо пули иҷораро медиҳам? Бояд аз боло нархҳо танзим шавад”.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Танзими нарх дар бозорҳои Тоҷикистон аз нигоҳи тоҷирону харидорон
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:03 0:00

Бархе тоҷирон умедашон ба танзими давлатии нарх дар он аст, ки мақомот харҷи интиқоли молу маҳсулотро ба назар мегиранд. Вагарна, ба гуфтаи онҳо, бо афзоиши нархи сӯзишвориву боло шудани ҳамлу нақли бор ҷуз зарари тоҷирон ва зиёд шудани маҳсулоти пастсифат дар бозорҳо натиҷаи дигаре нахоҳад дошт.

Соҳибкорони дигари бозорҳои Душанбе гуфтанд, танзими нархи маҳсулот на дар бозор, балки аз истеҳсолкунанда шурӯъ шавад. Гулшан Акобирова, фурӯшандаи бозори "Меҳргон" гуфт, "ҳозир савдои мо харҷамонро намепӯшонад. Чунки савдо нест. Агар аз боло арзон шавад, мо ҳам арзон мефурӯшем".

Харидорон чӣ назар доранд?

Баъзе харидорон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз танзими давлатии нархи маҳсулоти озуқа хушҳоланд. Аксари харидорон таҷрибаи замони Шӯравиро мисол меоранд.

"Албатта, хуб мешавад. Ба мо ҳама нархҳо дастрас мешавад. Танзим шавад, арзонӣ мешавад. Ҳама баробар мешавад", - мегӯяд Матлуба Саидова, сокини шаҳри Душанбе.

Дар арафаи иду ҷашнҳо, ки маъмулан дар бозорҳои кишвар арзиши маҳсулоти ғизоӣ боло меравад, мақомот борҳо талош карданд, нархро танзим кунанд, вале муфаввақ нашудаанд. Таҷрибаи чанд соли охир ҳамчунин нишон додааст, ки ба таври иҷборӣ нигоҳ доштани нархҳо боиси ба миён омадани маҳсулоти пастсифат мешавад.

Мақомот, соҳибкорон ваё тарозуи бозор?

Аз ин ба баъд дар сурати якбора то бист дарсад боло рафтани нархи орду нон, маҳсулоти макаронӣ, гандум, биринҷ, картошка, сабзавот, қанди сафед, шакар, равған, маҳсулоти ширӣ, донагиҳо, гӯшт, тухми мурғ, намак, чой ва ғизои кӯдаконa мақомот вориди қазия хоҳанд шуд. Онҳо нархи ниҳоиро барои фурӯши ин навъи маҳсулот таъйин карда, ҷараёни иҷрои онро назорат хоҳанд бурд.

Аммо маълум нест, ҷилави нархи маҳсулот дар Тоҷикистон дар дасти мақомот мемонад, соҳибкорон ваё тарозуи бозор, ки ҳарсе "бардорад зам кун ва набардорад кам кун"-ро меписанданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG