Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашт ба СССР? Нархи 16 маҳсулот дар Тоҷикистон давлатӣ шуд. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон минбаъд нархи 16 маҳсулотро мақомот таъйину танзим хоҳанд кард. Танзими давлатии нархҳо бо як қарори ҳукумати Тоҷикистон ҳатмӣ шудааст. Масъулони Хадамоти зиддимонополӣ гуфтанд, ки қарор "ба хотири ҳимояти иҷтимоии аҳолӣ аз баландравии нарх" содир гардид.

  • Ин қарор таҳти рақами 287 рӯзи 31-уми майи имсол имзо шуда, "Дар бораи номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд" унвон дорад. Нусхаи қарор рӯзи 4-уми июл дастраси Радиои Озодӣ шуд.
Дар сурати якбора 20 дарсад боло рафтани нархи 16 номгӯи маҳсулоти муҳим кормандони мо дастбакор шуда, пеши роҳи баландравии онро мегиранд. Яке аз усулҳо ин аст, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳадди ниҳоии нархро муайян мекунад ва давоми 3 моҳи оянда намегузорад, нарх аз ин гаронтар шавад

Президент Эмомалӣ Раҳмон зери ин қарор имзо гузошта ва Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон масъули иҷрояш шудааст. Тибқи қарор, нархи 16 навъи "маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ" таҳти танзими давлатӣ қарор мегирад:

1. Орд (навъҳои 1 ва 2)

2. Нон (аз орди навъҳои 1 ва 2)

3. Маҳсулоти макаронӣ

4. Гандум

5. Биринҷ

6. Картошка

7. Сабзавот: сабзӣ, пиёз, карам

8. Қанди сафед, шакар

9. Равғани растанӣ: равғани пахта, офтобпараст ва маска

10. Маҳсулоти ширӣ: шир, кефир, қаймоқ, сметана, творог

11. Наск, нахуд, марҷумак, кашк, ярмаи ҷав

12. Гӯшт: гӯшти гов, гӯшти гусфанд, гӯшти мурғ

13. Тухми мурғ

14. Намак

15. Чой: навъи сабз ва сиёҳ

16. Ғизои кӯдаконa

Ҳукумати Тоҷикистон борҳо ҳангоми ҷаҳиши нархи баъзе аз маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла гӯшт, талош кардааст, ки нархи онро ба эътидол биорад. Аммо ин талошҳои давлат чандон муваффақ набуда, баъзан боис ба камчинии гӯшти хушсифат ва ба пинҳонкорӣ гузаштани қассобҳо шудааст.

Тоҷикистон ҳамакнун пас аз 25 соли озод эълон кардани нархи молу маҳсулот, дубора ба таҷрибаи танзими нархи маводи озуқа баргашт. Девони вазирони Тоҷикистон 8-уми январи соли 1993 бо қабули қарор "Дар бораи озодии нархҳо" давлатро аз масъулияти таъйин намудани нархҳо дар бозор озод намуда буд.

Озодии нархҳо ва иқтисоди бозорӣ ба фарқ аз иқтисоди нақшавии давлати Шӯравӣ камбуди молу маҳсулотро дар бозор аз байн бурд ва растаҳои дӯконҳоро ғанӣ кард. Мушкили дарёфти молҳои хушсифати истеҳсоли хориҷӣ низ, ки қаблан фурӯшандаҳо онро пинҳонӣ ваё ба истилоҳ "под прилавка" мефурӯхтанд, аз байн рафт.

Масъулони Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон гуфтанд, ки ин қарор "ба хотири ҳимояти иҷтимоии аҳолӣ аз баландравии нарх" содир шудааст. Чун дар Тоҷикистон, хусусан, бо наздикшавии моҳи Рамазон ва дигар ҷашну идҳо болоравии якбораи нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба назар мерасид. Аммо масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар чунин шароит ҳеҷ тадбире андешида наметавонистанд, чун ягон меъёри қонуние набуд, ки нархҳоро танзим кунанд.

Навори видеоӣ дар инҷост:

Бозгашт ба СССР? Нархи 16 маҳсулот дар Тоҷикистон давлатӣ шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:35 0:00

Як мақоми Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон рӯзи 4-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қарори мазкур бо ташаббуси онҳо таҳия ва барои тасдиқ ба унвонии ҳукумат фиристода шуда буд. “Танзими давлатии нарх ба хотири ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ аз якбора баланд рафтани арзиши хӯрокворӣ аст”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Хадамоти зиддимонополӣ ҳангоме ба танзими нархҳо шуруъ мекунад, ки дар бозор то ба 20 дарсад гарон шудани яке аз ин намуди маҳсулот ба мушоҳида расад. Ҳамсуҳбати мо дар Хадамоти зиддимонополӣ гуфт, механизм ва усули танзими нархҳо бо қарори алоҳидаи ҳукумат тасдиқ шудааст, ки асосан аз инҳо иборат аст:

"Дар низомнома се усули танзими нарх муайян шудааст:

1. Муқаррар намудани сатҳи иловапулии савдо;

2. Муқаррар намудани сатҳи ниҳоии фурӯш;

3. Муқаррар намудани сатҳи ниҳоии даромаднокӣ."

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар сурати вайрон шудани яке аз ин меъёрҳо аз ҷониби соҳибкор ва ё ширкат ӯро ҷарима баста, фоидаеро, ки аз ҳисоби гарон фурӯхтани маҳсулот ба даст омадааст, ба нафъи давлат мусодира мекунад. Бар замми ин, Хадамоти зиддимонополӣ ҳақ дорад, дар давоми 3 моҳ боло бурдани нархи молу маводи дар ин рӯйхати зикршударо манъ кунад.

Носирҷон Зуҳуриддинов, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, ҳадафи пешгирифтаи ҳукумат, яъне ҷилавгирӣ аз болоравии якбораи нархҳо ба нафъи мардум аст, аммо шеваи иҷрои он метавонад боис ба камчинӣ ё дефитсити бархе аз маҳсулот шавад.

“Ҳоло аз касе ҳам напурсед, ҷонибдори танзим ва таъини нархи ягона аз сӯи давлат аст. Аммо мо як бор аз ин таҷриба дар даврони Шӯравӣ гузаштем ва медонем ки он ба чӣ меорад. Ин боз ҳам камчинии молу маҳсулот, фурӯши пинҳонии он (под прилавка)-ро, ки насли аз 40-сола боло дар ёд доранд, ба вуҷуд хоҳад овард”, - гуфт ӯ.

Зуҳуриддинов гуфт, чун Тоҷикистон роҳи иқтисоди бозориро пеш гирифтааст, давлат дар танзими нархҳо бояд хеле боназокат амал кунад, то қонунҳои иқтисоди бозор поймол нашаванд. «Дар ғайри ин, истеҳсолкунандагон ва тоҷирон аз тавлид ва ворид кардани он ба бозор дилсард мешаванд», - хулоса кард ӯ.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG