Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи 15-уми июн мусалмонони Тоҷикистон Иди саиди Фитрро таҷлил мекунанд. Яке аз суннатҳои ҷоуфтодаи ид -- оростани дастурхони идона мебошад. Бо ин, ки қонунҳои Тоҷикистон сарфу харҷи дастурхони идонаро танзим мекунанд ва машварат мешавад, ки сокинон дар ин кор ба зиёдаравӣ роҳ надиҳанд, аксари мардумро бештар нарху навои бозор ташвиш додааст.

Дар давоми моҳи Рамазон ва ҳам дар рӯзҳои поёниаш шикоят аз баланд будани арзиши маҳсулоти ғизо кам нашуд. Мақомот бо тадбирҳои мисли назорат аз нархҳову даъватҳои танзими нархҳои маҳсулоти ҷудогона, ба мисли гӯшт, талош карданд ба низоми нархгузорӣ дахолат кунанд, вале боз ҳам бозор аксаран аз рӯи қонунҳои худ амал кард.

Масъулини бозори "Ҳоҷӣ Шариф" -- яке аз бузургтарин бозорҳои ҷануби Тоҷикистон мегӯяд, ки дар даҳаи ахири моҳи Рамазон барои дастурхони идонаи мардум ярмарка-фурӯши масҳсулотҳои ниёзи аввалияро ба роҳ монд. Дар миёни муштариҳои ин бозор сокинони шаҳрҳои Душанбе ва Роғун ҳам ҳастанд, ки як рӯз пеш аз ид барои харид омаданд.

Нархунавои бозор дар остонаи Иди Фитр дар гузориши видеоии Радиои Озодӣ:

Нархунавои бозори Тоҷикистон дар остонаи Иди Фитр
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:25 0:00

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG