Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати Амрико бастани DHL-ро "дахолати ғайричашмдошт" номид


Қароргоҳи ширкати DHL дар Олмон

Сафорати Амрико дар Душанбе аз баста шудани намояндагиҳои почтаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла DHL дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, онро "дахолати ғайричашмдошт" ба бозори муросилот унвон кард.

Изҳори назари сафорати Амрико дақиқан дар солгарди баста шудани намояндагиҳои почтаҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон садо медиҳад. Истифодабарандагони почта ҳам мегӯянд, маҷбуранд аз хадамоти “Почтаи Тоҷик” истифода кунанд, ки суръати интиқолаш дар муқоиса бо почтаҳои байналмилалӣ ба маротиб кунд аст.

"Баста шудани DHL дахолати ғайричашмдошт аст"

Кевин Коверт, кордори сафорати Амрико қатъи фаъолияти намояндагиҳои почтаҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистонро "дахолати ғайричашмдошт" ба бозори муросилот унвон кард.

Ӯ рӯзи 2-уми июл дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боварӣ дорад, ки агар ба бозор дахолат накунанд, бозори озод ба натиҷаҳои беҳтар барои соҳибкорӣ ва истеъмолкунандагон мусоидат мекунад.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бекор кардани иҷозатномаи ин ширкатҳои байналмилалӣ дахолати ғайричашмдошт ба бозор аст, ки рақобат ва дастрасии истеъмолкунандагонро ба хизматрасониҳои босифат маҳдуд мекунад."

Ба гуфтаи кордори сафорати Амрико, DHL ва ширкатҳои ҳамсони он моро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваст ва кӯмак мекунанд, ки кори худро иҷро кунем.

Кевин Коверт мегӯяд, нигаронии худро аз баста шудани почтаҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистонро дар сатҳи олӣ матраҳ кард ва "ба норозигии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба баста шудани фаъолияти ширкатҳои байналмилалии интиқолдиҳанда пайвастем."

Аммо ӯ мегӯяд, дар ниҳоят, танҳо ҳукумати Тоҷикистон аст, ки метавонад, қарор кунад, ки оё барои иқтисоди рушдёфтаи бозаргонӣ шароит фароҳам орад ё не.

“Аз 4-5 рӯз ба як моҳ”

Сафорати Амрико дар ҳоле аз қатъи фаъолияти DHL, UPS, TNT ва Pony Express изҳори нигаронӣ мекунад, ки моҳи июли соли гузашта ин ширкатҳо аз ҳаққи идомаи кор дар кишвар маҳрум шуданд. Муштариён ва онҳое, ки мехостанд, ба хориҷ мактуб ё санад фиристанд, мегӯянд, аз хадамоти феълии муросилот норозианд.

Олия Қурбонова, масъули як ташкилоти хориҷии муқими Душанбе мегӯяд, аз набуди почтаи фаврӣ чандин маротиба корашон ба қафо монд. Ба қавли хонум Қурбонова, то замони фаъол будани почтаҳои байналмилалӣ агар мактуби онҳо то 4-5 рӯз ба ҷойи зарурӣ мерасид, аммо ҳоло муҳлат то як моҳ дароз шуд.

Номаҳое, ки ба гуфтаи муштариён бо таъхир мерасанд.
Номаҳое, ки ба гуфтаи муштариён бо таъхир мерасанд.

“Ҳатто барои гирифтани ҳуҷҷат маҷбур шудам чанд маротиба ба идораи “Почтаи тоҷик” равам. Ҳар боре меравам мегӯянд, ҳоло мактубатон наомадааст” - гуфт Олия Қурбонова.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, маҷбуранд барои зудтар расидани мактубҳояшон онро ба воситаи кормандонашон ё шахсони дигар ирсол кунанд. Олия Қурбонова мегӯяд, онҳо ба хадамоти почта қариб ҳар ҳафта ниёз доранд, аммо нафаронеро, ки ба хориҷ сафар мекунанд, ҳар рӯз ёфтан кори осон нест.

“Умед дорем, ки иҷоза медиҳанд”

Дар давоми як соли ахир "Почтаи тоҷик" ширкати яккатози хаткашон дар кишвар буд ва ба гуфтаи масъулин, даромадаш аз ҳисоби набуди рақибон ба таври қобили мулоҳиза боло рафтааст. Намояндагиҳои почтаҳои байналмилалӣ мегӯянд, талоши онҳо барои гирифтани иҷозатнома аз Хадамоти алоқа то ҳол натиҷа надодааст.

Як масъули ширкати “Дунё” намояндаи расмии DHL дар Тоҷикистон бидуни зикри номаш гуфт, аз замони қатъи фаъолияташон се маротиба ба Хадамоти алоқа барои гирифтани иҷозатнома муроҷиат карданд. Аммо дар ниҳояти амр ба ҳар се дархост посухи рад гирифтанд.

Ширкати “Дунё”, ки аз соли 1994 дар бозори муросилот фаъолият мекунад, ҳоло танҳо ҳаққи иҷрои хадамоти боркашониро ҳифз кардааст.

Ҳамсуҳбати мо дар намояндагии ширкати DHL дар Тоҷикистон гуфт, ҳарчанд сабабҳои аслии дарёфт накардани иҷозатнома барояшон норӯшан аст, аммо бо ин вуҷуд умедашонро аз даст надодаанд. Масъулини ширкат мегӯянд, далели дар давоми як сол аз суҳбат бо расонаҳо канорагириашон ҳам ин аст, ки мехоҳанд мушкили мавҷудро бо Хадамоти алоқа ҳал кунанд.

Рӯзи 2 июн дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, масъалаи иҷозаи дубора ба намояндагиҳои ширкатҳои байналмилалӣ феълан дар баррасӣ нест.

Дари мӯҳрзадаи DHL дар Тоҷикистон.
Дари мӯҳрзадаи DHL дар Тоҷикистон.

Масъулини раёсати танзими Хадамоти алоқа ба Озодӣ гуфтанд, давоми як моҳи ахир намояндагии ягон почтаи байналмилалӣ барои сабти ном шудан ба онҳо муроҷиат накард ва бо ин сабаб ягон дархост барои сабти ном дар баррасӣ нест.

Масъулини Хадамоти алоқа моҳи июли соли гузашта вақте ба дари DHL, UPS, TNTва Pony Express муҳр мезаданд, гуфта буданд, фақат дар сурати ислоҳи “камбудӣ” ба идомаи фаъолияти ин ширкатҳо иҷоза медиҳанд. Камбудие, ки бо гузашти як сол Хадамоти алоқа аз он мушаххас ном набурдааст.

“Қабули шарти “Почтаи тоҷик: Шарти аслӣ барои кор дар бозор?”

Ҳарчанд Хадамоти алоқа вуҷуди мушкил дар асноди намояндагони почтаҳои байналмилалиро омили аслӣ барои дубора фаъол нашудани онҳо медонад, аммо доираҳои наздик ба бозори муросилот мегӯяд, мушкил ин буд, ки почтаҳои байналмилалӣ шарти “Почтаи тоҷик”- ро напазируфтанд.

Қаблан масъулини "Почтаи тоҷик" ба се ширкати бузурги хаткашонӣ пешниҳод карданд, ки хадамоти ирсоли номаҳои худро ба "Почтаи тоҷик" бисупоранд ва баръакс масъулияти интиқоли номаҳои “Почтаи тоҷик”- ро дар хориҷ бар душ бигиранд.

Почтаҳои байналмилалӣ ин шартро напазируфтанд. Аммо ақидаи дигар низ вуҷуд дорад, ки аз бозор берун кардани почтаҳои байналмилалӣ ба хотири дар монополияи Тоҷикистон қарор додани ин бозор анҷом шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG