Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи ду корманди комиссариат барои "облава"-и муаллим


Шамсулло Султонов, омӯзгори ҷавон аз ноҳияи Вахш дар артиш

Додситонии низомии вилояти Хатлон гуфт, ки ҷалби маҷбурии Шамсулло Султонов, омӯзгори ҷавони яке аз мактабҳои ноҳияи Вахш дуруст нест, аммо ӯ бояд хидмат кунад. Ҳоло Шамсулло Султонов дар яке аз қисмҳои Вазорати дифоъ дар шаҳри Душанбе машғули хидмат аст.

Додситонии низомии вилояти Хатлон алайҳи ду корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Вахш барои зӯран ҳозир кардани омӯзгори ҷавон Шамсулло Султонов ба хидмат парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Мақомоти додситонӣ рӯзи 23-юми июн гуфтанд, ки кормандони комиссариат "тартиби ба комиссияи даъват ҳозир кардани Султоновро дағалона вайрон кардаанд".

Ба онҳо гуфтем, ки Шамсулло омӯзгор аст ва дар мактаб муаллим намерасад. Комиссари ҳарбӣ иҷозат дод, ки то пайдо шудани омӯзгори нав кор кунад. Аммо баъди 10 рӯз бародарамро бурданд

Алайҳи кормандони комиссариат бо моддаи 391-и Кодекси ҷиноӣ ё суиистифода аз мақоми хидматӣ парванда боз шудааст. Ин модда то 12 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима ваё то панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Феълан ҳарду корманди комиссариат дар озодӣ ҳастанд.

Таҳқиқи додситонӣ муайян кардааст, ки Шамсулло Султонов дуруст ба хидмати ҳарбӣ сафарбар шудааст. Аммо додситонӣ мегӯяд, танҳо дар вақти ҷалби омӯзгор ба хидмат тартиби ба комиссияи даъват ҳозир кардани ӯ "дағалона вайрон шудааст".

Шамсулло Султонов дар яке аз мактабҳои ноҳияи Вахш аз фанни таърих дарс мегуфт
Шамсулло Султонов дар яке аз мактабҳои ноҳияи Вахш аз фанни таърих дарс мегуфт

Наздикони Шамсулло Султонов баъди ҷалби маҷбурии ӯ аз амалкарди комиссариати ҳарбӣ ба Додситонии низомӣ шикоят карда буданд. Гулнора Хоҷаева, мудири мактаб, рӯзи 25-уми май ба Радиои Озодӣ гуфта буд, афсарони ин ниҳод Шамсулло Султонов, омӯзгори 19-соларо ҳангоми дарс ва бо шеваи баде дастгир карда, ба артиш бурдаанд.

Шамсулло Султонов пас аз хатми мактаб ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуда, дар мактаби нӯҳсолаи деҳа ба ҳайси омӯзгори технологияи иттилотӣ кор мекард.

“Шамсулло даъватнома гирифта буд ё не?”

Шикоятҳо аз ҷалби маҷбурӣ ё “облава” дар ҳар даъвати ҳарбӣ садо медиҳанд. Аммо ин аз камтарин ҳолатҳое аст, ки мақомоти додситонӣ барои чунин рафтор кормандони комиссариати ҳарбиро ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

Умед Султонов, бародари Шамсулло Султонов, рӯзи 23-юми июн гуфт, чанд дафъа ӯ ва ҳамкорони бародараш барои пурсиш ба додситонӣ даъват шудаанд. Ба қавли ӯ, чизе, ки феълан барояшон маълум аст, Шамсулло Султонов танҳо пас аз анҷоми хидмати ҳарбӣ ба хона бармегардад.

Умед Султонов иддао дорад, ки бародари омӯзгораш бо ғарази роҳбарияти ҷамоат ба хидмат бурда шудааст. "Бори аввал ба бародарам даъватнома омад. Мо ба комиссариати ҳарбӣ ва ба назди муовини раиси ноҳия рафтем. Ҳуҷҷатҳои заруриро нишон додем. Гуфтем, ки Шамсулло омӯзгор аст ва дар мактаб муаллим намерасад. Комиссари ҳарбӣ иҷозат дод, ки то пайдо шудани омӯзгори нав кор кунад. Аммо баъди 10 рӯз бародари маро дошта бурданд", - гуфт Умед Султонов.

“Мо бо фармони ҷамоат кор кардем”

Тафтиши қазияи ду корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Вахш феълан аз сӯи Додситонии низоми Хатлон идома дорад ва онҳо дар озодӣ ҳастанд. Ба қавли як манбаи наздик ба тафтишот, ин ду корманди комиссариат ҳам дар бозпурсиҳои ибтидоӣ гуфтаанд танҳо фармони роҳбарияти ҷамоатро иҷро кардаанд.

Манзур аз ҷамоат ин ҷамоати деҳоти “Машъал”-и ноҳияи Вахш будааст. Талошҳои мо барои пайдо кардани Дилшод Қодиров, раиси ин ҷамоат бенатиҷа буд. Маълум нест, ки онҳо дар бораи ин ҳодиса чӣ назар доранд.

Дар Тоҷикистон хидмат дар сафи артиш ҳатмист ва ҷалби маҷбурии ҷавонон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҳар сол дар замони даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ мушоҳида мешавад. Ҳарчанд Вазорати дифоъ мегӯяд, ки сарбозонро набояд аз ин роҳ ба артиш баранд, хабари боздошти ҷавонон дар роҳу бозор ва нақлиёт ва бурдани онҳо ба артиш ҳар сол ба матбуот роҳ меёбад.

Яке аз сабабҳои аслии парҳези ҷавонони тоҷик аз хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳро бадрафтории сарбозони собиқадору афсарон бо сарбозони навомада медонанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG