Пайвандҳои дастрасӣ

Аз "облава" шикоят карду ба саркашӣ аз хидмат муттаҳам шуд


Додситонии ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе тафтиши хабари “облава” шудани як сокини 19-солаи Ҳисорро ба поён расонд.

Модари Шаҳром гумон менамояд, ки писарашро ба беморхона неву ба комиссариати ҳарбӣ мебаранд. Аз кумаки онҳо даст кашида, писарашро якҷо бо ҳамсояҳояш ба беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор бурдааст

Хонаводаи Шаҳром Абдуллоев моҳи апрели имсол дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддао карда буданд, ки фарзанди бемори онҳо “облава” шудааст ва агар дар роҳ ба сӯи комиссариати ҳарбӣ аз ҳуш намерафт, ба артиш бурда мешуд. Ба қавли онҳо, Шаҳром мубталои бемории "саръ" ё эпилепсия (бемории асаб, ки дар он рагу мушакҳо мекашад) буда, ҳар замон дардаш хуруҷ мекунад.​

Табибони шифохонаи шаҳри Ҳисор низ бемории Абдуллоевро тасдиқ карда буданд.

Тафсилотро дар инҷо бихонед:

Ба ҷои артиш – ба бемористон. Ҷавони бемор мегӯяд, "облава" шудааст

Аммо муфаттишони Додситонии ҳарбии гарнизони Душанбе дар хулосаи худ, ки 19-уми июн дастраси Радиои Озодӣ шуд, гуфтаанд, иддаои бемории Шаҳром Абдуллоев беасос аст ва, “бараъкс, ӯ аз хидмат дар артиш саркашӣ кардааст”. Додситонӣ ҳамчунин мегӯяд, "афроди масъул дар ин ҳодиса ба ягон қонуншиканӣ роҳ надодаанд".

Дар шарҳи Додситонии ҳарбии гарнизони Душанбе омадааст, Шаҳром Абдуллоев бояд рӯзи 27-уми март дар комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, аз назари пизишкон мегузашт. "Аммо дар вақти пешниҳод намудани даъватнома, Шаҳром Абдуллоев ва модараш аз гирифтани он саркашӣ намуда, дар муҳлати муқарраршуда ба комиссияи даъватӣ ҳозир нашуданд", - омадааст дар хулосаи додситонӣ.

Шаҳриннисо Зуҳурова, модари Шаҳром
Шаҳриннисо Зуҳурова, модари Шаҳром

Додситонии ҳарбии гарнизони Душанбе мегӯяд, бори дувум масъулони маҳаллии комиссарияти ҳарбӣ ба манзили Шаҳром Абдуллоев рафта, ба ӯ даъватнома пешниҳод кардаанд. Аммо, ба гуфтаи мақомоти додситонӣ, волидони ин ҷавони сокини Ҳисор нисбат ба онҳо суханони таҳқиромез гуфтаанд.

Ин аст, ки ба гуфтаи додситонӣ, сардори мизи ҳарбии ҷамоати шаҳраки Ҳисор барои нагирифтани даъватнома, санад (парванда) тартиб медиҳад. Аз ин ҳолати пешомада Шаҳром Абдуллоев худро бемор вонамуд карда, ба замин меандозад. Гузориши Додситонии ҳарбии гарнизони Душанбе мегӯяд, ки барои ёрии аввалия расонидан ба Шаҳром, бо хоҳиши модараш ӯро барои ба беморхона бурдан, ба мошин дохил менамоянд.

“Модари Шаҳром гумон менамояд, ки писарашро ба беморхона неву ба комиссариати ҳарбӣ мебаранд. Аз кумаки онҳо даст кашида, писарашро якҷо бо ҳамсояҳояш ба беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор бурдааст",-омадааст дар посухи Додситонии ҳарбии гарнизои Душанбе.

Ба гуфтаи манбаъ, баъди хабардор шудан аз хулосаи табибон, наздикони Шаҳром ӯро рӯзи 23-юми март барои он, ки ба хизмати аскарӣ наравад, бидуни розигии табибон аз бемористон ба самти номаълум гурезонидаанд.

Ҷавони бемори ҳисорӣ мегӯяд, қурбонии "облава" шудааст
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:33 0:00

Дар Тоҷикистон дар як сол ду дафъа даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ сурат мегирад. Бо вуҷуди талоши мақомот, ҳанӯз ҳам дар бораи вуҷуди “облава” дар ин маъракаҳо шикоят мешавад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи сарбозон мегӯянд, ки хабарҳо аз хушунату марги аскарон дар артиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани афсарон барои бадрафторӣ мояи худдории бархе ҷавонҳо аз хидмат шудааст. Эътилофи зидди шиканҷа дар як гузориши худ аз охири соли 2016 навишта буд, ки дар муддати солҳои 2014 то 2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG