Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Амри маъруф”-и руҳониён барои ҷалби ҷавонон ба артиш. ВИДЕО, САДО


Акс аз бойгонӣ.

Даҳҳо рӯҳонӣ дар ноҳияи Ҳисор барои ҷалби ҷавонон ба артиш сафарбар шудаанд. Шарофиддин Фозилов, сархатиби Масҷиди марказии ноҳияи Ҳисор, яке аз онҳост. Ӯ рӯзи 12-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар маҳаллаҳо ё дар канори мақомоти низомӣ ба дари хонаи сокинон рафта, аз аҳамияти хидмат дар артиш сухан мегӯяд.

Дар Тоҷикистон даъват ба хидмат дар артиш соле ду бор – баҳору тирамоҳ – сурат мегирад

"Мегӯем, хидмат ба ватан хидмат ба волидон аст​"

"Ин мулоқот берун аз масҷидҳо сурат мегирад. Мегӯем, ки хидмат ба ватан мисли хидмат ба волидон муҳим аст. Ҳимояти сарзамин ва хоҳару бародарон аст. Даъватҳои мо натиҷаи мусбат ҳам ба бор овард", - гуфт Фозилов.

Назари сокинон дар инҷост:

"Гапи имомхатибонро кӣ гӯш мекунад?"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:40 0:00

Сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Ҳисор гуфт, шахсан шоҳиди он шудааст, ки пас аз насиҳатҳои ӯ ва ҳамкоронаш чанд ҷавон довталабона ба сарбозӣ рафтаанд. Ӯ гуфт, ки ҳадаф доранд, аз тариқи гуфтугӯ ва насиҳат даъвати иҷборӣ ё “облава” ва ҳамин тавр фирори ҷавонон аз артишро аз байн бибаранд.

"Як нафар дар қисми ҳарбӣ адои хидмат мекунад"

​"Аз ҷамоати Абдувоҳид Каримов, аз маҳаллаи Берунӣ, аз маҳаллаи Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Ҳисор се ҷавон ихтиёрӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ рафтаанд. Аммо ду нафари онҳо бинобар беморӣ пас гардонда шуданд. Як нафари онҳо дар қисми ҳарбӣ адои хидмат мекунад. Ҳамин тавр, ҳамаи имомхатибҳо дар ин роҳ саҳм мегиранд", - афзуд ӯ.

Даъвати баҳории ҷавонони аз 18 то 27-солаи тоҷик барои хидмат дар артиш охири моҳи март шуруъ шуд ва то майи имсол идома хоҳад кард. Сокинон ҳар сол дар ин гуна маъракаҳо аз даъвати иҷбории ҷавонон ва марги баъзе сарбозон дар қисмҳои низомӣ шикоят мекунанд.

"Руҳониён ташвиқ мекунанд"

Фаридун Маҳмадализода
Фаридун Маҳмадализода

Мақомоти Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтанд, ки имсол ҷараёни даъвати ҷавонон ба артишро ҷиддӣ гирифтаанд. Фаридун Маҳмадалилзода – сухангӯи Вазорати дифоъ – рӯзи панҷшанбе ба Радиои Озодӣ сафарбар шудани имомхатибҳо дар маъракаи баҳории даъватро “амали мусбат ва саривақтӣ” донист. Ӯ гуфт, “дар гузашта имомхатибҳоро даъват мекардем. Онҳо омада, амри маъруф кардаву мерафтанд. Вале имсол дар канори намояндагони ҷамоатҳо ва мақомоти дигар қарор гирифтанд. Ташвиқот мебаранд.”

"Ду донишҷӯ аз "облава" шикоят карданд"

Аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқи сарбозон мегӯянд, ҳузури имомхатибҳо низ натавонистааст даъвати иҷборӣ ё “облава”-ро аз байн барад. Дилафрӯз Самадова, масъули созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ гуфт, дар чанд рӯзи охир ду донишҷӯ шикоят кардаанд, ки бо вуҷуди беморӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ бурда шуданд.

лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:49 0:00
Линки мустақим

Дилафрӯз Самадова
Дилафрӯз Самадова

Самадова гуфт, дар ҷараёни мулоқоти имомхатибон набуд ва намедонад асли барномаҳои онҳо аз чӣ қарор аст. “Агар дар ҷараёни ин мулоқот аз зургӯӣ ва тарс додан истифода накунанд, хуб аст”, - гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон даъват ба хидмат дар артиш соле ду бор – баҳору тирамоҳ – сурат мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд. Хидмати дусола дар артиш солҳо боз мавзӯи баҳс аст.

Муносибатҳои ғайриоинномавӣ, бадрафторӣ бо сарбозони навомада, зӯргӯӣ аз мушкилотест, ки ҷавонони тоҷикро аз хидмат дар артиш метарсонад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG