Вазорати дифои Тоҷикистон бо такя ба фармони рӯзи 12--уми марти президент оид ба ҷалби ҷавонон ба сафи артиш дар моҳҳои апрелу май гуфт, ки назорат аз иҷро шудани қонун дар ин замина шадидтар мешавад.
Мақомоти вазорати дифоъ мегӯянд, назорат аз ҷараёни иҷрои ин қонун, аз ҷумла пешгирӣ аз ҳодисаҳои ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш таъмин хоҳад шуд. Аммо созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар мегӯянд, ки бо вуҷуди ваъдаҳои мақомот, ҳодисаҳои бо роҳи “облава” ба қисмҳои ҳарбӣ овардани ҷавонон ҳамоно ҷой дорад.
Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифоъ рӯзи 12-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар соли равон ҳамаи мақомот – аз раисони ҳукуматҳои ноҳиявӣ сар карда то шӯъбаҳои Вазорати тандурустӣ муваззаф ҳастанд, ки барои аскарӣ овардани ҷавони солим кӯшиш кунанд ва ба иштибоҳ роҳ надиҳанд
Фаридун Маҳмадализода мегӯяд: “Вақте як сарбоз “облава” мешавад ва ё як ҷавони бемор ба артиш оварда мешавад, ҳама санги маломатро ба сари вазорати мудофеа мезанананд, ҳол он, ки дар Комиссияи қабул намояндагони вазорати тандурустӣ нишастанд ва намояндагони ҳукумати навоҳӣ ва ҷамоатҳо ҳастанд ва ё агар як ҷавони ҷинояткор роҳ ёбад, дар онҷо намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ ва адлия ҳузур доранд. Агар фарзанди ягонаи оила бошад, ин масъулият бар дӯши ҷамоатҳо мебошад ва онҳо бояд кори худро ҷиддӣ бигиранд ва ҷавонони танҳо солимро ҷалб кунанд."
Аммо коршиносони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар аз ҷумла созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, ки ба масъалаи ҷалби ҷавонон ба артиш ва хизмат дар қисмҳои ҳарбиро назорат мебарад, мегӯяд бо вуҷуди тадбирҳое, ки аз тарафи мақомоти ниҳодҳои қудратӣ барои аз байн бурдани “облава” ва “меҳтарсолорӣ” рӯи даст гирифта мешавад, вале ин ҳолатҳо рух медиҳанд.
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон гуфтанд, тайи ду соли ахир ҳеҷ шикояте дар робита ба “облава” аз сокинон дарёфт накардаанд. Аммо Дилрабо Самадова, роҳбари ташкилоти “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳафтаи гузашта бо чунин мазмун танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе 8 шикоят дарёфт кардаанд.
Коршиносон вуҷуди "дедовшина" ё “меҳтарсолорӣ” дар артиш, камбуди ғизо барои сарбозон ва падидаи номатлуби “облава”-ро мушкили аслӣ барои пурқувват шудани нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд. Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ ба роҳандозии низоми алтернативӣ ваё ихтиёрии хизмат дар артиш даъватҳо кардаанд, вале ҳамоно ин масъала ҳалношуда боқӣ мемонад.
Абдумалик Қодиров, таҳлилгари масоили сиёсии Тоҷикистон мегӯяд, ҷалби иҷборӣ ба хизмат дар артиш дар ниҳоят ба сифати хидмати сарбозӣ таъсиргузор мешавад. Вай дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 12-уми март гуфт, вақте як ҷавонро аз гӯшаш кашида меоранд ва ё як ҷавони беморро ба хотири пур кардани нақшаи солона ба артиш меоранд, ин зумра ҷавонон наметавонанд сарбози ҷангӣ бошанд.
Дар Тоҷикистон даъват ба хизмат дар артиш соле ду бор - баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд. Бино ба иттилои расмӣ, теъдоди афроди синни даъватӣ дар кишвар беш аз 600 ҳазор нафар ҳисоб шудааст, ки 150 ҳазор нафари ин шумор аз хидмати артиш озод ҳастанд.
Бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар сафи артиши Тоҷикистон дониста мешавад. Ҳар сол ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани афсарон барои бадрафторӣ сабт мегардад. Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ аз соли 2014 ба ин сӯ ҳадди ақалл 8 ҳодисаи марг дар артишро сабт кардааст.
Хукумат агар дар дасти як кас е як оила бошад кор хамин хел мешавад. Сархадбонро гирифта раиси бадахшон гузоштанд, холо хам дар сархад ноороми хам дар Бадахшон. Анна сиесати кадерии хукумат
Амрико бояд шахсоне, ки озодии матбуотро махдуд мекунанд ва хабарнигоронро хадафи хамла карор медиханд бояд тарним кунад. Тахти тарним бояд президент ва оилааш, тими ятимов ва рахимовро карор гирад. The US government need to take sanctions against those who limits the freedom of independent media a and puts the life of the journalists under threat . The list is including the present Rahmon and his family and also the team of Yatimov and Rahimov
силсилаи ҳаводис дар Бадахшон гувоҳи сатҳи пасти донишу касбияти кадрҳои Ҳукумати маркази мебошад, дигар сабабаш таъмин набудани адолату қонуният ва зиёдаравии сохторҳои қудрастӣ аст.
Дар Точикистон имруз хукумат тахти як хоноводаи бесавод амал карда истодааст. Ин хукумат дурбин нест чун стратегияи хукумрониро умуман намефахмад. Хатто сарфам намеравад ки газаб зарра бо зарра дар калби одамон чамъ шуда рузе меояд ин газаб аз чор тараф баромада чомеъа метаркад хама чизро зери пои худ пора пора мекунад. Окибат ба назар сахт ташвишовар мерасад.
Нав фахмиди, ки авлод бо бизнесхояш аз давлату миллат болотаранд?