Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯҳлати хидмат дар артиши Тоҷикистон кай 1,5-сола мешавад? АКСУ САДО


Вакилони Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, то кунун тарҳи қонунро дар бораи аз 2 то 1,5 сол поин бурдани мӯҳлати хидмат дар артиш дастрас накардаанд. Ин дар ҳолест, ки гуфтугузорҳо дар мавриди таҳияи пешнависи лоиҳа ва ирсоли он ба порлумон чанд сол ба ин сӯ идома дорад.​ Ҷӯрахон Маҷидзода, раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, дифоъ ва амният дар порлумон, рӯзи 22 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, "то кунун ҳеҷ мавод барои баррасӣ дар заминаи ворид кардани тағийру иловаҳо ба қонуни хидмати ҳарбӣ пешниҳод нагардидааст."

Мӯҳлати хидмат дар артиши Тоҷикистон кай 1,5-сола мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Тоҷикистон аз Шӯравӣ чӣ мерос гирифт?

Мӯҳлати ҳатмии дусолаи хидмат ба нерӯҳои мусаллаҳои Тоҷикистон аз муқарраротест, ки аз замон шӯравӣ омадааст.

Ислоҳот дар бахши низомӣ, ки аз сӯи вазорати адлия ва дифои Тоҷикистон таҳия шуда буд, то ним сол коҳиш додани мӯҳлати хидмат дар артишро дар назар дорад. Ба бовари ташаббускорони тарҳ, тағйирот ҳавасмандии ҷавононро барои хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ бештар мекунад. Мӯҳлати ҳатмии дусолаи хидмат ба нерӯҳои мусаллаҳои Тоҷикистон аз муқарраротест, ки аз замони Шӯравӣ омадааст. Тоҷикистон аз артиши бузурги Шӯравӣ ба ҷуз аз ҳамин мӯҳлат ва санаи 23 феврал, ки чун рӯзи таъсиси артиши Шӯравӣ таҷлил мешуд, чизеро ба мерос нагирифт.

"Ин кор шитобкорӣ намехоҳад"

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон.
Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон.

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, мегӯяд, коҳиш додани мӯҳлати хидмат омӯзиши амиқро мехоҳад ва чунин тасмим, ки барои дарозмуддат гирифта мешавад, шитобкорӣ намехоҳад. "Ҳар хиште, ки гузошта мешавад, бояд дурнамо дошта бошад, то ин дар оянда хато накунем. Пешниҳодҳо дар мавриди кам кардани мӯҳлати хидмат ва ё гузаштан ба хидмати алтернативӣ мавриди омӯзиш қарор доранд. Набояд қарорро якбора қабул кард, то ки фардо мониа шавад", - афзуд Маҳмадализода.

Ҳамасола ҳазорҳо ҷавон ба артиш ҷалб мешаванд ва ба гуфтаи Фаридун Маҳмадализода, дар чанд соли охир таваҷҷӯҳи ҷавонон барои хидмат беҳтар шудааст. Ӯ мегӯяд, ҳоло 95 дарсади наваскарон онҳоеанд, ки ихтиёрӣ ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайвастанд. Тибқи омори ғайрирасмӣ, ҳар сол ба сафи нирӯҳои низомӣ ва ниманизомии Тоҷикистон тақрибан 15-16 ҳазор ҷавон даъват мешаванд. Ҷамъи афроди синну соли хидматӣ, яъне аз 18 то 27-сола дар Тоҷикистон то 600 ҳазор нафар гуфта мешавад. Вале боз ҳам дар ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ мушкил эҳсос мешавад ва комиссариатҳои ҳарбӣ гоҳо хона ба хона гашта, ҷавонҳоро ҷалб мекунанд.

Додситони кулл вуҷуди "облава"-ро тасдиқ кард

Гузоришҳои мустақил ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар бораи пойбарҷо будани таҷрибаи ғайриқонунии "облава" ва ё ҷалби маҷбурӣ ба хидмат ҳамоно вуҷуд дорад. Ҳафтаи пеш додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар Маҷлиси Миллӣ вуҷуди "облава"-ро зимни даъват ба артиш тасдиқ кард.

Рустам Гулов.
Рустам Гулов.

Рустам Гулов, таҳлилгари ҷавони тоҷик, мегӯяд, чунин усули ғайриқонунӣ барои сари вақт пур кардани нақша истифода мешавад. "Яке аз сабабҳои то ҳанӯз ба якуним сол кам накардани мӯҳлати хидмат дар артиш эҳтимол ба он бастагӣ дорад, ки Вазорати дифоъ маҷбур мешавад, шумораи даъвати ҷавононро тақрибан ду баробар бештар кунад. Дар ҳоле ки бо кам будани нақша онро базӯр пур мекунанд, агар зиёд гардад, истифода аз усулҳои ғайриқонунӣ низ метавонад афзоиш ёбад", - гуфт Рустам Гулов.

Русия - паноҳгоҳи ҷавонони то сисолаи тоҷик

Бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар сафи артиши Тоҷикистон дониста мешавад. Таҳлилгарон низ мегӯянд, бештари ҷавононе, ки ҳоло дар Русия машғули корҳои мавсимӣ ҳастанд, талош мекунанд то 30-солагӣ ба Тоҷикистон наоянд, то онҳоро бо зӯр ба хидматӣ ҳарбӣ водор накунанд.

Вале боз ҳам кам нестанд ҷавононе, ки хидмат дар артишро қарзи шаҳрандӣ ва инсонии ҳар ҷавон арзёбӣ карда мегӯянд, "ин масъулият бояд ба хотири ҳифзи марзу буми ватан аз душман адо шавад". Бархе аз ҳамсӯҳбатони мо гуфтанд, бо инки дар артиш камбудҳое ба мисли ҳодисаҳои "дедовшина", ғизои нокофӣ ва рафтори берун аз оинномавиро шоҳид шудаанд, дар баробари ин иродаву нирӯи худро ба ҳайси як мард ва сарбоз ҳам обутоб додаанд.

Агар ман фирор кунам, агар ту фирор кунӣ...

Комрони Аслон, рӯзноманигори ҷавони тоҷик, ки се соли пеш ихтиёрӣ ба хидмат рафтааст, гуфт, артиш барои ӯ қабл аз ҳама мардонагиро омӯхтааст. "Аммо вуҷуди маҳалгароӣ миёни сарбозон, "дедовшина" ва дағаливу дуруштзабонии афсарону низомиёни баландрутба маро нороҳат мекард".

Ҳоло, мегӯяд Комрон, баъди адои қарзи шаҳрвандиаш, ӯ ором мехобад ва омода аст, дар сурати зарурӣ, барои ҳифзи марзу буми ватан баланд шавад. Ҷавони дигар бо ишора ба ҳодисаҳои нохуши солҳои 2010 дар дараи Камароби минтақаи Рашт ва ҳам шабехунҳои гурӯҳҳои шӯришии норозӣ аз давлат дар чанд соли гузашта гуфт, "агар ман аз артиш фирор кунам, агар дӯсти ман аз артиш фирор кунад, фардо кӣ ман ва оилаи маро ҳифз мекунад?"

"Вазъ дар муқоиса ба солҳои пеш беҳтар шудааст"

Дар ҳамин ҳол, як таҳқиқоти фаъолони ҳуқуқи башар дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон нишон додааст, ки назар ба соле пеш сифати ғизову таъминоти маишии сарбозон беҳбуд ёфта, имкони шикоят ва ё танқиди сарбозон аз шароити хидмат ҳам беҳтар шудааст. Дилафрӯз Самадова, ҳуқуқдони тоҷик, гуфт, дар як соли охир шикояти волидони сарбозон ҳам дар мавриди барафторӣ дар артиш мутаносибан коҳиш ёфтааст.

Таҳлилгари ҷавон Рустам Гулов, беҳтар шудани вазъ дар қисмҳои низомиро ба он ба рабт медиҳад, ки тӯли чанд соли ахир таваҷҷӯҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин масъала зиёд шуд ва Вазорати дифоъ низ назоратро дар ин замина ҷиддӣ кард. Ин таҳлилгар дар шароити кунунӣ барои Тоҷикистон гузаштан ба хидмати шартномавиро беҳтар медонад. Зеро ӯ мегӯяд, дар шакли даъватӣ ҷалб шудани ҷавонон ба артиш ҳам хароҷот ва ҳам мушкилот зиёд аст.

Шарҳҳоро бинед (20)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG