Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хидмати сарбозӣ 1,5 сол мешавад?


Тарҳи нави қонуни хидмати низомӣ ба парлумони Тоҷикистон ироа шудааст. Ин тарҳ аз ҷумла то 1,5 сол кам кардани мӯҳлати хидматро пешбинӣ мекунад.

То ба ним сол кам кардани мӯҳлати хидмати сарбозӣ аз муҳимтарин нукоти тарҳи нави қонуни “Ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати низомӣ” аст, ки аз сӯи намояндагони ниҳодҳои давлативу ҷамъиятии Тоҷикистон омода ва ба баррасии парлумон фиристода шудааст.

Агар ин лоиҳа аз сӯи Маҷлиси Намояндагон - палатаи поёнии парлумон дастгирӣ ёбад, сарбозони тоҷик дар артиши миллӣ на 2, балки 1,5 сол хидмат хоҳанд кард. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар лоиҳаи қонуни нави “Ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати низомӣ” роҳандозии хидмати алтернативӣ сарфи назар шудааст. Ҳарчанд, ба гуфтаи онҳо, ин беҳтарин фурсат барои баррасӣ ва роҳандозии хидмати алтернативӣ ба қонуни нав буд.

Хидмати алтернативӣ ин аст, ки ба ҷои 2 соли хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ, ҷавонони синни даъват ба кор дар сохторҳои иҷтимоии кишвар, мисли хонаи пиронсолон, кӯдакистон ё бемористонҳо ҷалб мешаванд ва ҳиссаи муайяни дастмузди худро барои таъмини молии аскарон ба вазорати дифоъ месупоранд.

Дилрабо Самадова, як масъули созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” рӯзи 14 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ

Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

гуфт, то ним сол кам кардани мӯҳлати хидмат метавонад барои ҷалби бештари ҷавонон ба артиш мусоидат кунад. Ҳарчанд, ба гуфтаи хонум Самадова, пешниҳоди онҳо ба гурӯҳи корӣ то ба як сол поин бурдани мӯҳлати хидмат буд:

“Ба ҳар сурат, то ним сол кам кардани мӯҳлат низ хеле хуб аст ва барои сарбозон сабукиҳо меорад. Вале бартарии хидмати яксола дар он буд, ки сафи сарбозони маълумоти олидор дар артиш меафзуд. Зеро онҳое, ки донишгоҳро хатм кардаанд, ҳамагӣ ним сол дар артиш хидмат мекарданд. Дар дигар кишварҳо тадриҷан низоми хизмати яксоларо дар артиш қабул карданд. Масалан, дар Русия ҳам аввал то 1,5 ним сол кам карданд ва пасон то ба 1 сол расонданд”, гуфт Самадова.

Таҳияи тарҳи ҷадиди хидмати сарбозӣ дар ҳолест, ки чанд соли охир гузоришҳо дар бораи мавориди зиёди хушунати сарбозон дар артиши Тоҷикистон ва аз тариқи “облава” ё ҷалби иҷборӣ ба хизмат ҷалб кардани ҷавонон зиёд нашр мешавад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин мушкил, аксари ҷавонони синни хидмати сарбозӣ аз рафтан ба артиш худдорӣ мекунанд ва баробари хатми мактаб, роҳ сӯи муҳоҷират пеш мегиранд. Зоҳиран, пешниҳоди то якуним сол кам кардани мӯҳлати хизмат дар артиш мавриди истиқболи баъзе ҷавонон шудааст. Инро дар як пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ баъзе ҷавонҳо баён карданд.

Маъруф Хоҷаев, ҷавони 21-солаи сокини Душанбе мегӯяд, ”ҳар қадар мӯҳлати хизмат камтар бошад, ҳавасмандӣ барои хизмат зиёд мешавад. Зеро ҳоло аксарияти ҷавонон асосан бо сабаби вуҷуди “дедовшина” (меҳтарсолорӣ) дар артиш, аз хидмат мегурезанд. Агар ним сол кам шуд, эҳтимол дорад, ки зӯргӯиву хушунат ҳам аз байн равад,” - гуфт ӯ.

Хушбинии ин мусоҳиби мо дар ҳолест, ки танҳо дар соли 2014 дар натиҷаи муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва ё дедовшина дар воҳидҳои низомии кишвар ҳадди аққал 3 сарбоз ба ҳалокат расид. Теъдоди онҳое, ки ҳангоми хидмат дар сафи артиш маъюбу дардманд шудаанд, низ кам нест.

Қазияи лату кӯби Шаҳбол Мирзоев, сарбози Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки дар ниҳоят ба баҳси додгоҳӣ миёни хонаводаи ин сарбоз ва сарраёсат анҷомид, ҳанӯз ҳам ба нуқтаи ниҳоии худ нарасидааст. Сарраёсати нирӯҳои марзбонӣ аз пардохти маблағи 117 ҳазор сомонӣ товон ба Шаҳбол Мирзоев, ки додгоҳ ба дӯши ин сохтор вогузор карда буд, худдорӣ мекунад.

Зимнан, лоиҳаи қонуни нави “Ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати низомӣ” ба мавзӯи хизмати ҳатмии сарбозӣ ҷалб шудани духтарон нуқта гузоштааст. Дар ин тарҳ як чунин чизе пешбинӣ нашудааст. Ҳарчанд дар ин авохир ҳамчунин пешниҳодҳо, яъне дар баробари писарон ба артиш даъват шудани намояндагони ҷинси латиф ҳам садо дода буд. Аз ҷумла, як сол қабл гурӯҳи духтарон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон хостори хидмат дар артиши миллӣ шуданд ва ҳатто расман ба ҳукумати ноҳия дар ин маврид муроҷиат намуданд.

Малика, як сокини 19-солаи шаҳри Душанбе бовар дорад, ки шумори духтарони хостори хизмат дар артиш дар Тоҷикистон кам нест. Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки феълан наздик ба 2 ҳазор зан дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар кор мекунанд ва лоиҳаи қонуни нав ҳам ҷалби ихтиёрии духтарон ва занонро ба хидмати ҳарбӣ танҳо ҳамчун мутахассис, яъне духтур, ҳуқуқшинос ва дигар намудҳои фаъолияти низомӣ, пешбинӣ менамояд.

Аз ҷумла дар банди 38-уми лоиҳаи мазкур омадааст, ки “занони аз 20 то 40-сола метавонанд ба таври ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ дохил шаванд ва хизмати ҳарбиро то расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будани онҳо адо намоянд. Синни ниҳоӣ дар хидмати ҳарбӣ барои занон то рутбаи полковник - 45 сол ва аз рутбаи ҳарбии полковник боло то 50-сола муайн шудааст”.

Дар ҳамин ҳол, баъди ду ҳафтаи дигар даъвати тирамоҳӣ барои хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар шурӯъ мешавад. Дар Тоҷикистон даъват ба хизмат дар артиш соле ду бор - баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд.

Дар сурати аз ҷониби парлумон ва президент тасвиб шудани тарҳи нави қонун оид ба хидмати сарбозӣ, шояд он аз даъвати баҳори соли оянда ба иҷро гузошта шавад.

Якуним сола кардани хидмат кори дуруст аст, ё не?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00

XS
SM
MD
LG