Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги мармузи Бахтиёр баъди 5 рӯзи хидмат дар артиш


Бахтиёр Қурмонмадов
Бахтиёр Қурмонмадов

Ҷасади як сарбози Вазорати дифоъ ҳамагӣ баъд аз панҷ рӯзи хидмат ба наздиконаш супурда шудааст. Онҳо мегӯянд, ӯ бар асари латту кӯб фавтидааст, аммо масъулони қисми низомӣ мегӯянд, аз сактаи қалб.

Ҷасади Бахтиёр Қурмонмадов, сокини 22-солаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 19 апрел ва ҳамагӣ баъд аз панҷ рӯзи ба хидмати сарбозӣ рафтанаш ба хонаашон оварда шуд. Ин донишҷӯи факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавсими имсолаи баҳории даъват ба артиш довталабона ба хидмат рафт ва даврони сарбозиро дар қисми низомии 02011-и Вазорати дифоъ дар Рашт оғоз кард.

Наздикони Бахтиёр мегӯянд, ки дар ҷасади ӯ изи латту кӯбро мушоҳида кардаанд, аммо масъулони қисми низомии 02011-и Қушӯнҳои зудамали Вазорати дифоъ мегӯянд, ки ӯ аз сактаи қалбӣ даргузаштааст.

Борон Темуров, бобои Бахтиёр ва сокини кӯчаи Нонвойи Поёни шаҳри Кӯлоб, рӯзи 19 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки наберааш аз вазъи саломати худ шикоят надошт ва то замони рафтан ба хидмати ҳарбӣ низ бемор набуд. "Вақте ҷасадашро оварданд, тугмаҳояш канда ва либосаш дарида буд ва дар баданаш пайи латту кӯб дида мешуд," - гуфт ӯ.

Аммо масъулони қисми низомии 02011-и Қушӯнҳои зудамали Вазорати дифоъ дар минтақаи Рашт гуфтанд, ки Бахтиёр аз бемории қалб фавтидааст. Иддаое, ки пайвандони Бахтиёр бовар надоранд ва мегӯянд, ки нисбат ба ин ҳодиса ба мақомоти дахлдор шикоят карда, таҳқиқи қазияро ҷиддӣ талаб хоҳанд кард.

Марги сарбоз баъд аз панҷ рӯзи хизмат
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Бахтиёр Қурбонмадов дар соли сеюми факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар шӯъбаи ғоибона мехонд. Ӯ дар хонавода писари калонӣ буда, ду додар дорад.

Марги мармузи Бахтиёр Қурбонмадов дар ҳолест, ки моҳе пеш волидони Меҳровар Мақсудов, як сарбози дигари қисми низомии 02011-и Қушӯнҳои зудамали Вазорати дифоъ дар Рашт аз мавриди латту кӯб ва ба бемористон афтодани вай хабар доданд.

Пайвандони ин сарбоз иддао доранд, ки Меҳровар аз сӯи ҳамхизматонаш латту кӯб шудааст, вале масъулони қисми низомӣ ва Вазорати дифоъ ин иддаоро рад карданд. Бар хилофи хонаводааш, ки гуфтанд, Меҳровар дар пайи латту кӯби ҳамхидматонаш сахт осеб дидааст, Вазорати дифои Тоҷикистон дар аввал бо нашри изҳороти расмӣ гуфта буд, ин сарбози тоҷик "сурхакон" шудааст ва бояд дар бемористони касалиҳои рӯҳӣ табобат бигирад.

Танҳо баъд аз дахолати Озода Раҳмон, раҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, ба ин қазия мақомоти Вазорати дифоъ гуфтанд, ки Меҳровар Мақсудов рӯзи 7 апрел аз бемористони касалиҳои рӯҳӣ ба шифохонаи ҳарбии воқеъ дар маҳаллаи 46-уми пойтахат оварда шуда ва ҳоло аз идомаи хидмати сарбозӣ озод шудааст.

Дар ду соли охир чандин мавриди бадрафтории кӯҳнасарбозон дар баробари аксарони навдаъватшуда дар артиши Тоҷикистон сабт шуда, волидонеро, ки фарзандонашон ба синни аскарӣ расидаанд, нигарон мекунад. Агарчӣ мақомоти низомӣ бахше аз ин парвандаҳоро то додгоҳ бурда, муҷримонро ба солҳои тӯлонӣ ҳабс карданд ва сӯҳбатҳои тарбиявиро бо аскарон ба роҳ мондаанд, аммо фаъолони ҳуқуқи башар, решакан шудани падидаи меҳтарсолорӣ ё "дедовшина"-ро кори сахт медонанд.

XS
SM
MD
LG