Пайвандҳои дастрасӣ

Марги мармузи Эҳсон Элчибеков дар қисми ҳарбӣ. АКСУ САДО


Эҳсон Элчибеков

Мақомоти вилояти Бадахшон марги як сокини ин минтақа дар қисми ҳарбии 06870-и Вазорати дифоъ дар Душанберо тасдиқ карданд. Дар Комиссариати ҳарбии вилоят рӯзи 21 феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷасади Эҳсон Элчибеков шаби гузашта ба дасти пайвандонаш супурда шудааст. Элчибекови нуздаҳсола, сокини рустои Бағуи ноҳияи Рӯшон, рӯзи 16 феврал дар шароити мармуз даргузаштааст. Додситонии гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе таҳқиқи ҳодисаро шурӯъ карда ва аз рӯи ин ҳодиса як нафар боздошт шудааст.

Баъд аз ҳашт моҳи хидмат...

Аз соли 2014 то имрӯз, дар гузоришҳои созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ 10 ҳодисаи марги сарбозон дар артиш сабт шудааст.

Баробари дастрас кардани ҷасади фарзанд наздикон ба ҳодисаи марги табиии писари сарбозашон шубҳа карда, аз мақомот хостанд, ки омилони марги писарашро ба ҷавобгарӣ кашанд. Ин сарбоз моҳи майи соли 2016 ба хидмат даъват шуда, дар қайди як қисми низомии сохтори Вазорати дифоъ дар Душанбе буд.

Шоназар Шамиров, комиссари ҳарбии Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ дар сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҷасади сарбоз шаби 20 ба 21 феврал, яъне баъд аз панҷ рӯз ба хонааш расид”. Шамиров гуфт, барои супурдани ҷасади писар ба волидон намояндагони ниҳодҳои ҳарбӣ аз Душанбе ба Рӯшон рафта буданд.

"Ба марг расонда шуд"?

Сарбозони тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Сарбозони тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Дар ҳоле ки масъули комиссариати ҳарбӣ ва ҳам мақомоти дигари дахлдор аз шарҳи расмии ҳодиса худдорӣ мекунанд, як манбаи Радиои Озодӣ дар Вазорати дифои Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, Эҳсон дар натиҷаи як моҷаро бо ҳамхидмати худ “ба марг расонда шуд”. Ҳарчанд ӯ аз талаффузи вожаи “кушта шуд” худдорӣ кард, аммо дар шарҳи ин моҷаро чунин гуфт, “миёни Элчибеков ва як сарбози дигар моҷаро хест ва онҳо дар соати 12-и шаб пушти ҳоҷатхонаи қисми ҳарбӣ гузашта, занозанӣ карданд. Ниҳоят ҳамхидматаш ӯро хафа кардааст.”

Хешовандони Эҳсон Элчибеков мегӯянд, баробари аз назар гузарондани ҷасад ва ҳам дидани осори захмҳои эҳтимолӣ, ба ин фарзия бештар бовар мекунанд, ки писари онҳо «ба марг расонда шудааст». Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, вуҷуди ду захми монанд ба теғи корд дар қисмати пушти гардани Эҳсон ишора ба куштори ӯ дорад. Худоназар Элчибеков, амаки Эҳсон, рӯзи 21 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз деҳаи Бағу гуфт, “навори захмҳои гарданашро гирифтем. Намояндаҳои комиссариати ҳарбии ноҳияи Рӯшон ваъда карданд, ки хулосаи тафтишотро ба дасти мо мерасонанд. Баъди он ба тамоми созмонҳои байналмилалӣ ва президенти Тоҷикистон муроҷиат мекунем.”

Додситонии ҳарбӣ таҳқиқ мекунад

Акси Эҳсон Элчибеков
Акси Эҳсон Элчибеков

Амаки Эҳсон гуфт, бародарзодааш як ҷавони болобанду ҳузарб ва “қадаш ду метр буд”. Моҳи майи соли гузашта ба хидмат даъват шуд ва дар муддати тақрибан як соли хидмат то мартабаи фармондеҳи гурӯҳ (командир отделения) расида буд. Хешовандонаш мегӯянд, дар давоми мӯҳлати хидмат Эҳсон ҳеҷ гоҳ аз шароити артиш ва ё вуҷуди хушунат шикоят накардааст.

Аз рӯи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, дар чаҳорчӯби таҳқиқи ҳодиса, ки аз ҷониби додситонии гарнизони низомии шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст, як ҳамхидмати Эҳсон, ҷавони зодаи ноҳияи Файзобод ба унвони гумонбари содир кардани ин ҷиноят боздошт шудааст. Мақомот мегӯянд, ки танҳо бар пояи хулосаҳои тафтиши пешакӣ маълум мешавад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шавад, ё на. Аз рӯи баъзе иттилоъ, дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ чанд тан аз фармондеҳони қисми ҳарбии 06870 ҳам ба саволи муфаттишон посух медиҳанд.

Сабти даҳ ҳодисаи марги сарбозон дар артиш

Масъалаи марги мармуз ва куштори низомиён дар артиш яке аз ҳассостарин масоили хидмати сарбозӣ дар солҳои истиқлоли Тоҷикистон шудааст. Вуҷуди ҳодисаҳои меҳтарсолорӣ ё дедовшинаро, ки чанд сол пеш созмони “Ампаро” ҳамчун “як система” ё падидаи роиҷ дар артиш номида буд, аз сабабҳои аслии вуҷуди хушунат дар миёни низомиён медонанд. Аз соли 2014 то имрӯз, дар гузоришҳои созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ 10 ҳодисаи марги сарбозон дар артиш сабт шудааст. Дар бисёре аз ин ҳолатҳо талоши волидону наздикон барои ба ҷавобгарӣ кашидани омилони ин ҳодисаҳо зиёд натиҷа надодааст. Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, вуҷуди хушунат ва «дедовшина»-ро дар артиш шадидан маҳкум мекунанд ва талош доранд, аз роҳи дарсҳои тарбиявӣ ахлоқи ҳамидаи низомиро дар миёни сарбозон талқин кунанд.

Аммо бо ин вуҷуд, то ҳанӯз маҳз ба хотири хушунат ва таъминони заифи сарбозон ҷавононро ба хидмат дар артиш чандон дилгарм намекунад ва ин аст, ки бисёре аз ҷавонҳои 18 то 28-сола аз рӯи имконият талош мекунанд бо дохил шудан ба мактаби олӣ ва ё муҳоҷират ба Русия аз хидмат сарпечӣ кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG