Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дусад кӯдаки тоҷик дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ


Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон дар як гузориш ба Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид аз ҳузури беш аз дусад навраси тоҷик, аз ҷумла 91 духтар ва 115 писар, дар Сурияву Ироқ хабар доданд. Раҷабмоҳ Бадриддинова – омбудсмени кӯдак – рӯзи 25 январ ба Радиои Озодӣ, гуфт, ки дар воқеъ ин кӯдакон дар қаламравҳои ҷангзада ҳастанд, вале “ин тавр нест, ки ҳамаашон дар ҷанг иштирок кунанд.”

Онҳо аз хуни мо ҳастанд, пайванди мо ҳастанд. Дили одам гум мезанад, ки инҷо бошанд. Кӯдаки якумаш бояд имсол ба мактаб мерафт, вале намедонам, ҳоло чӣ рӯз дошта бошад.
Ашӯрмоҳ

“Ҳамаашон фарзандони мо ҳастанд”

“Ҳамаи онҳо шаҳрвандони мо ҳастанд ва албатта, бар сари наҷоти онҳо андеша мекунем. Ин кӯдакон бо падару модарашон ба Ховари Миёна рафтаанд ва онҷо дармондаанд”, - афзуд Бадриддинова. Дар гузориши мақомоти Тоҷикистон ба Созмони Милал гуфта нашудааст, ки теъдоди ноболиғонро дар ҷангҳои Ховари Миёна аз чӣ тариқ ҳисоб кардаанд. Вале як манбаъ дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон гуфт, ин рақам аз рӯи нақли хонаводаҳое ба даст омадааст, ки фарзандону набераҳояшон дар Ироқу Сурия қарор доранд.

Раҷабмоҳ Бадриддинова
Раҷабмоҳ Бадриддинова

“Ин рақам метавонад кам бошад, ё аз ин ҳам афзоиш ёбад”, - гуфт мусоҳиби мо. Кумисюни назди ҳукумати Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ, ки беш аз сӣ ниҳоди давлатӣ ба он шомил ҳастанд, мегӯяд, ки омори мазкур то моҳи октябри соли гузаштаро дар бар мегирад.

Дар қаламравҳои зери назорати ДИ

Аксар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурияву Ироқ дар ватани худ ба пайравӣ аз гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” муттаҳам мешаванд. Мақомот мегӯянд, дарёфти иттилоъ дар бораи кӯдакони тоҷик дар Ироқу Сурия ва бахусус дар манотиқи зери дасти гурӯҳи “Давлати исломӣ” амри маҳол аст ва маълум нест, ки кӯдакон онҷо чӣ мекунанд.

Рамазон Раҳимзода – вазири корҳои дохилии Тоҷикистон – ҳафтаи гузашта иқрор кард, ки бозгардондани кӯдакону занон аз Сурияву Ироқ кори содда нест.

“Кӯдаки аввалаш бояд имсол ба мактаб мерафт”

Акси Гулрӯ Олимова
Акси Гулрӯ Олимова

Дар солҳои гузашта даҳҳо хонаводаи тоҷик ҳамроҳи фарзандон ба Сурияву Ироқ рафта, баъзе ҳам гумном шудаву робитаро бо хонаводаҳои худ қатъ кардаанд. Гулрӯ Олимова, ҳамсари яке аз ҷангҷӯёни тоҷик, баъди марги шавҳараш бо чаҳор фарзанд дар Ховари Миёна дармонд. Ӯ қаблан дар як тамоси телефонӣ ба модараш Майрамбӣ Олимова гуфтааст, ки “духтару писарони хурдсолаш моли гурӯҳи “Давлати исломӣ”-анд ва аз ин рӯ онҳоро гузошта рафта наметавонад”.

Ашӯрмоҳ Сайдалиева – сокини ноҳияи Бохтар – рӯзи 25-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз марги бародараш Маҳмадшариф дар ҷангҳои Сурия, чаҳор кӯдаки ӯ дар ин кишвари Ховари Миёна мондаанд. “Онҳо аз хуни мо ҳастанд, пайванди мо ҳастанд. Дили одам гум мезанад, ки инҷо бошанд. Кӯдаки якумаш бояд имсол ба мактаб мерафт, вале намедонам, ҳоло чӣ рӯз дошта бошад. Се кӯдаки дигараш аз ду то шашсолаанд. Келини мо баъди марги бародарам шавҳар карда, дигар бо мо тамос нагирифт ва барои ҳамин аз ҳоли чор ҷиянам бехабар мондаем”, - гуфт ӯ.

“Ҷойи иқоматашонро намегӯянд”

Акси Маҳмадшариф бо ҳамсараш Сарвиноз
Акси Маҳмадшариф бо ҳамсараш Сарвиноз

Ашӯрмоҳ мегӯяд, чанде аз одамони, ба қавли ӯ, огоҳ ва мақомот гуфтаанд, ки ҷойи будубоши келинашонро дақиқ кунад, то ба онҳо ёрӣ расонанд. “Вале, медонед, онҳо дар бораи маҳалли зисташон ақаллан як калима гап ҳам намезананд”, - гуфт ӯ.

Ноа Таккер, шореҳи масоили Осиёи Марказӣ дар Радиои Озодӣ, ҳам гуфт, иттилои ҳузури ноболиғон аз Тоҷикистону Узбакистон ва Қазоқистону Қирғизистон дар Сурияву Ироқ ҳаст, вале дар бораи вазъи онҳо иттилои кофӣ дар даст нест. Ба гуфтаи ӯ, бино ба гузоришҳои расида дар даргириҳои ахири Мавсили Ироқ ҷангҷӯён аз нерӯи “сарбозони кӯдак” истифода кардаанд.

“То ҷое медонам, истифодаи “сарбозони кӯдак” танҳо ба гурӯҳи тундрави “Давлати Исломӣ” марбут аст. Дар бораи инки оё гурӯҳҳои дигар аз кӯдакон дар майдони ҷанг истифода кардаанд, ё не, маълумот нест,” – афзуд ӯ.

“Кӯдак - сарбоз”

Рӯзномаи бритониёии “Daily Mail” моҳи ноябри 2014 силсилаи аксҳои ҷангҷӯёни қазоқ дар Сурия ва ҳам видеои таблиғотиеро нашр карда буд, ки як гурӯҳи духтарони хурдсоли низ зоҳиран қазоқро ҳангоми тамрини низомӣ нишон медиҳад
Рӯзномаи бритониёии “Daily Mail” моҳи ноябри 2014 силсилаи аксҳои ҷангҷӯёни қазоқ дар Сурия ва ҳам видеои таблиғотиеро нашр карда буд, ки як гурӯҳи духтарони хурдсоли низ зоҳиран қазоқро ҳангоми тамрини низомӣ нишон медиҳад

Ноа Таккер мегӯяд, аз нерӯи бархе кӯдакон дар қаламравҳои таҳти назорати гурӯҳи “Давлати Исломӣ” барои таблиғот ҳам истифода мешавад. Ӯ гуфт, “ҷангҷӯён дар баъзе баёнияҳои видеоии худ ба дасти кӯдакон автомат дода ва хурдсолон нидои “Аллоҳу акбар” сар медиҳанд. Ин намоише беш нест. Вале азбаски аксар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурияву Ироқ таҳти қаламравҳои ДИИШ ҳастанд, эҳтимоли истифода аз нерӯи ноболиғони тоҷик дар даргириҳо воқеӣ ба назар мерасад.”

Моҳи майи соли гузашта дар Женева Музаффар Ашӯриён, ҳоло муовини аввали раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, низ гуфта буд, ки “созмонҳои террористӣ бо баҳонаи омӯзиши динӣ дар пойгоҳҳои баъзе кишварҳои хориҷӣ чанде аз ноболиғони Тоҷикистонро ба ҳайси террористи оянда омода кардаанд.”

Салиби Сурх гуфт, ки...

Масъулони созмони Салиби Сурх, ки дар баъзе аз минтақаҳои ҷанг дар Ироқ ба аҳолии дармонда ёрӣ мерасонанд, мегӯянд, ки ба ошкор кардани ҳуввияти мардум ҳақ надоранд. Вале Иоланда Жакме, сухангӯи Салиби Сурх дар умури Ховари Миёна, рӯзи 25 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи аҳолие, ки аз минтақаҳои таҳти назорати ҷангҷӯён озод шудаанд ва дар байни онҳо кӯдакон низ ҳастанд, хеле риққатбор аст. Иоланда Жакме гуфт, дар ҷангҳои Мавсили Ироқ ва минтақаҳои атрофи он кӯдакон қишри аз ҳама осебпазир ҳастанд.

Тақдири Асадбеки понздаҳсола чӣ шуд?

Дар маҷмӯъ, ба иттилои мақомот беш аз 1100 шаҳрванди Тоҷикистон ба Ироқу Сурия рафта, аксарияташон ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастаанд ва дар ҷангҳои Ховари Миёна иштирок мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон ва хонаводаи "ҷиҳодиҳо" то ҳол марги 300 нафари онҳоро тасдиқ кардаанд. Мақомот мегӯянд, дар маҷмӯъ беш аз 200 хонавода, аз ҷумла тақрибан 30 оила аз Суғду Хатлон ба Ироқу Сурия рафтаанд.

Раъно Содиқова, сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, ҳам мегӯяд, ки ду писараш бо ҳамсару фарзандони хурдсоли худ ба ин ҷанг рафтанд ва ӯро сарнавишти набераҳояш, бахусус Асадбеки понздаҳсола нигарон мекунад. Дар як аксе, ки тавассути интернет ба хонавода расидааст, Асадбек бо либоси низомӣ тасвир ёфтааст. Асадбеке, ки мумкин аст, ё барои тарғиб истифода шудааст ва ё дар воқеъ ба ҳайси “сарбози” гурӯҳе, ки бо ақоиди ифротӣ ва зулму ҷиноятҳои гӯшношунидаш дар ҷаҳон шинохта шудааст.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG