Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомии сарбозонро “облава” карданд


Дилшод Ҷӯраев, вакили дифои созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ

Масъулони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон дар Тоҷикистон гуфтанд, ки дар даъвати тирамоҳии имсола “облава” ё шеваи бо зӯр бурдани ҷавонон ба артишро аксаран маъмурони милиса анҷом медиҳанд. Дилшод Ҷӯраев, вакили дифои ин созмон, ҳафтаи гузашта ин ҳолатро шахсан таҷриба кардааст.

Аввал фикр кардем, бо кадом гуноҳе ӯро бурдаанд. Имрӯз дар комиссариат тасдиқ карданд, ки ӯ ба хидмат бурда шудааст. Гуфтанд, ки вақте ҷо ба ҷо шуд, баъд мегӯем, ки дар кадом қисми низомӣ ҳаст. Ҳоло чизе намегӯянд


Ӯ рӯзи 20-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи гузашта дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кормандони милиса ӯро боздошт карда, ба комиссариати ҳарбӣ бурданд.

Дилшод Ҷӯраев мегӯяд, ӯро як капитани милиса, ки ҳамроҳ бо се нафар машғули кор буданд, дар роҳ дошта, синнашро пурсидаанд. Ӯ гуфт, “капитан салом кард ва дар ҳоле ки дастамро раҳо карданӣ набуд, чандсола будан ва шахсиятамро пурсид.”

Ба созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар даъвати тирамоҳӣ 12 нафар муроҷиат кардааст, ки пайвандонашон “облава” шудаанд. Ба қавли масъулони созмон, дар аксар ҳолат пайвандони ҷабрдидаҳо кормандони пулисро омили “облава” медонанд.

Кормандони милиса ба даъват ҷалб шудаанд

Хуршеда Раҳимова, масъули дигари ин созмон, 20-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, барои ҷалби ҷавонон ба артиш бархе аз масъулони ҳукуматҳои маҳаллӣ аз нирӯи маъмурони пулис истифода мекунанд, ки хилофи қонун аст. Ӯ, барои мисол, қарори ҳукумати ноҳияи Спитамени вилояти Суғдро мисол овард, ки ба Шӯъбаи корҳои дохилӣ гуфтааст, ба комиссариати ҳарбӣ дар ҷалби ҷавонон ба артиш ёрӣ кунанд.

Хуршеда Раҳимова
Хуршеда Раҳимова

Раҳимова гуфт, “ин талабот хилофи моддаи 3 ва 25-и Қонун “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” аст, ки ба ягон мақомот ваколати ҳозир намудани даъватшавандаҳои саркашро надодааст. Танҳо дар сурати бо даъватнома ҳозир нашудани даъватшаванда, комиссариат муроҷиат мекунад ва ҷавони ба даъват ҳозирнашуда барои чораҷӯи ба Шӯъбаи корҳои дохилӣ бурда мешавад, на инки ба комиссариати ҳарбӣ барои бурдан ба артиш. Имсол аз рӯи мушоҳидаҳои мо “облава” зиёдтар шудааст.”

Зимнан, ин созмон мегӯяд, дар пайи “облава” дахлнопазирии манзили сокинон низ нақз шудааст, чун кормандони милиса бидуни пурсиш вориди хонаи даъватшавандаҳо шуда, ҷавононро ба артиш бурдаанд.

“Бахтоварро милисаҳо бурданд”

Бахтиёр Юсуфов
Бахтиёр Юсуфов

Дар даҳ рӯзи охир низ ду нафар аз “облава” шудани писаронашон тариқи кормандони милиса ба Радиои Озодӣ шикоят карданд. Гулбаҳор Маҳмадқулова, сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 11-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, писари 19-солааш Бахтиёр Юсуфовро аз ҷои хобаш ба комиссариати ҳарбӣ бурданд. Маҳбубахон Сатторова, сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, рӯзи 20-уми октябр гуфт, Бахтиёр Абдуллозода, писари 19-солаашро се рӯз қабл аз кӯча кормандони милиса ба самти номаълум бурданд. Пас аз ҷустуҷӯ маълум шудааст, ки ӯро ба хидмат бурдаанд, вале ҳанӯз маълум нест, дар куҷо қарор дорад.

“Аввал фикр кардем, бо кадом гуноҳе ӯро бурдаанд. Имрӯз дар комиссариат тасдиқ карданд, ки ӯ ба хидмат бурда шудааст. Гуфтанд, ки вақте ҷо ба ҷо шуд, баъд мегӯем, ки дар кадом қисми низомӣ ҳаст. Ҳоло чизе намегӯянд”, - афзуд ӯ.

Ин зан мегӯяд, писараш маъюб аст ва ҳоло ба додситонии ҳарбии шаҳри Душанбе шикоят бурдааст.

ВКД: Касе шикоят накардааст

Бино ба иттилои манобеи расмииТоҷикистон, теъдоди афроди синни даъват дар кишвар беш аз 600 ҳазор нафар ҳисоб шудааст, ки 150 ҳазор нафари ин шумор аз хидмати артиш озод ҳастанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар мавриди аз ҷониби кормандони милиса “облава” шудан ҳеҷ шикояте дарёфт накардааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 20-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар маъракаҳое мисли даъват ба хидмати ҳарбӣ кормандони Вазорат ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ машғуланд. “Кормандони мо дар доираи салоҳиятҳои худ амал мекунанд. Ҳеҷ ҳолате, ки касеро кашида ба ҷое бурда бошанд, сабт накардаем. Нозирони минтақавии мо дар миёни аҳолии синни даъват корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳанд, ки марзу буми давлатро бояд ҳимоя кунанд. Ватандӯстиро тарғиб мекунанд.”

Дар Тоҷикистон даъват ба хидмат дар артиш соле ду бор - баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд. Бино ба иттилои манобеи расмииТоҷикистон, теъдоди афроди синни даъват дар кишвар беш аз 600 ҳазор нафар ҳисоб шудааст, ки 150 ҳазор нафари ин шумор аз хидмати артиш озод ҳастанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG