Пайвандҳои дастрасӣ

“Муллои намунавӣ писари сарбоз ва духтари донишҷӯ дошта бошад”


Имомхатибони тоҷик дар мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо мақомоту фаъолони шаҳри Душанбе. Рӯзи 15 феврали 2017

Дар Тоҷикистон аз имому имомхатибон даъват шудааст, ки писарони худро ба артиш ва духтаронашонро ба донишгоҳ фиристанд. Ҳоло дар Тоҷикистон маъракаи ҷалби ҷавонон ба артиш ҷараён дорад ва хатмкунандагони макотиби миёна барои донишҷӯ шудан ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат месупоранд.

Пӯшидани либоси ягона, гузоштани риши ботартиб ва мувофиқа кардани мавъизаҳояшон бо Кумита оид ба корҳои дин талабҳои давлат аз рӯҳониён буд...

Масъулони Кумитаи дин гуфтанд, ки ҳанӯз ба назар мерасад, баъзе аз рӯҳониён монеи таҳсили духтаронашон мешаванд. Тибқи пажӯҳиши Созмони Милали Муттаҳид низ 30 дар сади духтарони тоҷик баъд аз хатми синфи 9-ум таҳсилро давом намедиҳанд, ки он марбут ба камбизоатӣ ва мазҳабӣ будани ҷомеа будааст.

Афшини Муқим
Афшини Муқим

Афшини Муқим, сухангӯи Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, рӯзи 28 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, як гурӯҳи корӣ дар тамоми Тоҷикистон дар ин мавзӯъ бо имомхатибон сӯҳбат кардаанд. Ӯ гуфт, “вақте фарзанди имомхатиб дар артиш хидмат мекунад, сухани ӯ барои ҷалби ҷавонон пуртаъсир мешавад. Ба имомхатибон пешниҳод шуд, то дар ин самт намуна бошанд.”

Саидҳомид Ниёзов – имомхатиби намунавӣ

Саидҳомид Ниёзов, имомхатиби масҷиди “Имом Бухорӣ”-и ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, аз камтарин имомхатибест, ки писарашро ба артиш фиристодааст ва миёни ҷавонони намозгузор низ хидмати сарбозиро ташвиқ мекунад.

Ҷамоати Оббурдон, ноҳияи Мастчоҳ
Ҷамоати Оббурдон, ноҳияи Мастчоҳ

Вай рӯзи 28 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қабл аз онки писаронро барои рафтан ба артиш ва духтаронро барои рафтан ба таҳсил ҷалб кунад, писарашро ба артиш фиристод ва духтаронаш низ дар курсҳои кӯтоҳмуддат касб омӯхтанд. Имомхатиби ҷамоати Оббурдон гуфт, “мо бояд ватанро на дар сухан, балки дар амал дӯст дорем. Ҳаракат мекунам, ки дар амал ватандӯстиамро нишон диҳам.”

Се сарбоз аз як масҷид

Назар Муқим, масъули Кумитаи кор бо дин дар ноҳияи Мастчоҳ, рӯзи 28 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳисоби намозгузорони масҷиди “Имом Бухорӣ”-и ноҳия то панҷ нафар ҷавон ба артиш рафтааст. “Имомхатибони мо хеле фаъоланд. Бубинед, ки вақте худи Домулло Саидҳомид намуна аст, ҳарфи ӯро гӯш карда чандин ҷавони намозгузор аз ин масҷид ба артиш рафтанд. Аз ҳисоби дигар масҷидҳо то ду-се нафарӣ ба сафи артиш ҷалб шудааст”, - афзуд ӯ.

Ҷалби ҷавонон ба артиш ва духтарони деҳот ба таҳсил як мушкили аслии ҷомеаи Тоҷикистон дониста мешавад. Ҳамасола хабарҳо мерасанд, ки мақомот тариқи зӯр ва ё “облава” ҷавононро ба артиш мефиристанд. Даъват аз рӯҳониён ва истифода аз минбарҳои масҷидро коршиносон як роҳ барои бештар ҷалб кардани писарон ба артиш ва таҳсили духтарон дар донишгоҳҳо унвон мекунанд.

Вақте духтари мулло Донишгоҳ меравад...

Саъдӣ Намозов, коршиноси тоҷик, мегӯяд, рӯҳониён солҳо боз дар ҷалби ҷавонон ба артиш фаъолона ширкат мекунанд, вале тақозои намуна будан аз онҳо ҳарфи нав ва то ҷое мантиқӣ ҳаст. Зеро, ба гуфтаи Намозов, аксаран дар ҷомеаи Тоҷикистон писарон аз хонаводаҳои рӯҳониён ба артиш намераванд ва духтарони рӯҳониён низ пас аз хатми мактаби миёна таҳсили худро давом намедоданд.

Дар як соли ахир чанд тан аз имомон бо гумони узвият дар созмони мамнӯи “Ихвон-ул-муслимин” дар шимоли кишвар боздошт ва ба зиндон маҳкум шуданд.

“Писарони рӯҳониён аксаран бо пайравӣ аз падар рӯҳонӣ мешаванд. Духтарони онҳо воқеан, зиндагии пӯшида доранд. То чанд соли пеш ҳатто ба мактаби миёна намерафтанд. Зоҳиран, ҳукумат мехоҳад қолабшиканӣ кунад ва ба дигарон нишон диҳад, ки вақте писари домулло артиш меравад, пас ин аз нигоҳи дин дуруст аст ва ё духтараш таҳсил мекунад, ин низ кори хуб аст. Мутаассифона, ҳоло имомхатибони мо на он нуфузеро доранд, ки бо анҷоми чунин кор пайрави зиёд пайдо кунанд”, - гуфт Саъдӣ Намозов.

Аммо як имомхатиби тоҷик бидуни зикри номаш гуфт, барои рафтани писараш ба Артиш розист, вале чандон хуш надорад, ки дар чунин шароит духтараш дар Донишгоҳ таҳсил кунад. Чун, ба гуфтаи ӯ, ҳоло духтарони донишҷӯ дар Тоҷикистон тавре либос мепӯшанд, ки барои ӯ қобили қабул нест.

Саидмукаррам Абдулқодирзода
Саидмукаррам Абдулқодирзода

Ду соли пеш Ҳабибулло Анақулов, як масъули Кумитаи дин гуфта буд, ягон духтари имомхатиб барои гирифтани квотаи президентӣ барои таҳсил розӣ намешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба қавли ӯ қишри рӯҳоният розӣ намешаванд, то дар беморхонаҳо ҳамсарону духтарони онҳоро пизишки мард муоина кунад.

Муфтӣ: Хидмат дар артиш ҳақ аст

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, рӯзи 28 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, аз тасмими ҷалби фарзандони имомхатибон ба артиш ва донишгоҳҳо истиқбол мекунад. Ӯ гуфт, имомхатибон низ узви ин ҷомеа ҳастанд ва рафтору кирдору гуфторашон бояд намунаи ибрат бошад.

Ӯ гуфт, “мисле ки падару модар болои фарзанд ҳақ доранд, ватан низ болои ту ҳақ дорад. Яке аз ҳақҳо ин хидмати ҳарбӣ ҳаст. Хоҳ он фарзанди имомхатиб аст ва ё фарзанди як инсони дорои касбу кори дигар. Шариати исломӣ иффату покдоманӣ ва соҳиби илм кардани духтарро дар мадди аввал мегузорад. Вақте духтар, модари оянда соҳиби илм мешавад, як оиларо соҳиби илм мекунад. Дини ислом низ тавсия мекунад, то духтаронро соҳиби илм кунем.”

Сулаймон Болтуев, имомхатиби масҷиди шаҳри Гулистон (Қайроққум) ба узвият дар "Ихвон-ул-муслимин" айбдор шуд
Сулаймон Болтуев, имомхатиби масҷиди шаҳри Гулистон (Қайроққум) ба узвият дар "Ихвон-ул-муслимин" айбдор шуд

Дар Тоҷикистон тақрибан 4 ҳазор имому имомхатиб фаъолият мекунанд. Имомхатибон дар Тоҷикистон аз ҷониби давлат маош мегиранд ва чанд соли ахир ҳукумат талош дорад, то онҳо тарғибгарони сиёсати давлат бошанд. Пӯшидани либоси ягона, гузоштани риши ботартиб ва мувофиқа кардани мавъизаҳои худ бо Кумита оид ба корҳои дин талабҳои давлат аз рӯҳониён буд, ки ҳоло иҷро мешаванд.

Дар як соли ахир чанд тан аз имомон бо гумони узвият дар созмони мамнӯи “Ихвон-ул-муслимин” дар шимоли кишвар боздошт ва ба зиндон маҳкум шуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG